Феврал 2025

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Феврал, 2025 - 08:39

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро ба роҳ монда, дар соли 2024 корҳои зеринро амалӣ  намудааст:
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита маҳсуб мешавад. Дар соли 2024 фаъолияти 50 адад мақомот ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ мавриди назорату санҷиш қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (соли 2023 17 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ) 33 адад ё 66% зиёдтар мебошад.     
     Ҳамзамон, Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 548 адад маводи ташкилоту муассисаи рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2024 баррасии маводи мазкур дар муқоисаи ба ҳамин давраи соли 2023 (соли 2023  456 адад мавод буд) 92 адад мавод ё 16,78% зиёдтар  мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)