Номҳои тоҷикона таблиғ мешаванд
     Аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳамагӣ 2 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддати кӯтоҳ теъдоди номҳои зебою дилчаспи тоҷикона дар байни аҳолии кишвар хеле рӯ ба афзоиш ниҳод. Аксарияти падару модарон номи кӯдакони хешро бо риояи талаботи Феҳрист интихоб карда, ба ҳусни ҷигарбандонашон зебоии дигар зам намуданд. Фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ оид ба номгузории миллӣ низ тибқи қарори мазкур ба роҳ монда шуд. 
     Бо вуҷуди дастовардҳои забонӣ, ки симои миллии моро ифода менамоянд, мушоҳидаҳо маълум месозанд, ки китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳанӯз ба дастури рӯйимизии ҳамаи кормандони соҳаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ табдил наёфта, дастраси аксар хонаводаҳо нагаштааст. Зикр бояд кард, ки номҳои ба Феҳрист воридгардида, ҳадди охирин набуда, дар асоси он тағйиру иловаҳо пешкаши аҳолии кишвар мешавад.
     Ин ва дигар масъалҳои марбут ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” дар семинар-машварати кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ҷумҳурӣ, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 Даромад
 Даромад Харита
 Харита Тамос
 Тамос 
       
 
	
		 
 
	
           Тоҷикӣ
 Тоҷикӣ Русский
 Русский English
 English

 Чоп кардан
Чоп кардан Паёми электронӣ
Паёми электронӣ PDF
PDF

 Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд. Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


