Январ 2025
БЕРУНӢ ВА ЁДКАРДИ ҶАШНИ САДА
Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи АМИТ
Устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи давру замонҳост. Бо камоли итминону ифтихор метавон гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги мо тарҳи масъалаи ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии эронию ориёӣ ба номи ӯ бастагӣ дорад.
Аз осори гаронмояи Берунӣ, аз ҷумла “Китоб-ут-тафҳим”, ки ба забони модарии мо таълиф кардааст, ҳисси ифтихори фаровонаш аз асолати эронию ориёӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамин аст, ки донишманд ва арабшиноси маъруфи рус, академик И.Ю.Крачковский (1883-1951) бо таваҷҷуҳ ба матолиби китоби “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”-и Берунӣ андешаи айни савобе пеш ронда буд, ки ҳанӯз аз ҳамин асар, ба сифати яке аз аввалин асарҳои Берунӣ ва пас аз он дар дигар осори баъдии ӯ, як ҷанбаи барои Берунӣ хос – эҳсоси амиқи “худшиносии эронӣ” ба дид меояд.
Абурайҳони Берунӣ дар осори мондагораш, ба хусус дар робита ба одобу русум ва ҷашну рӯзҳои маъруфи гузаштагони мо: ҷашнҳои Наврӯз, Наврӯзи нахустин, Наврӯзи бузург, Тиргон, Тиргони хурд, Тиргони бузург, Меҳргон, Меҳргони бузург, Парвардагон, Баҳмангон, Мардгирон, Гаҳанбор, Хуррамрӯз ё Навадрӯз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва ғ., аз ҷумла дар бораи ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он тавзеҳи ҷолиб ва қобили мулоҳиза манзур кардааст.
Аслан Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мост, ки ҳамрадифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармост, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғатнома”-и Алиакбари Деҳхудо ва “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муин ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳи моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳаи Эрони бостон баргузор мешуд… ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ мекарданд.
Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.
Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир кардааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархурд ва аз бархурди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо кардани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати “фурӯғи эзадӣ” қиблаву маҳалли парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хурду шодмонӣ кард ва ба ин тариқ ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Сада - Ҷашни миллии ориëӣ
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони “Сада - Ҷашни миллии ориëӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни он Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло иброз намуд, ки арҷгузорӣ ба расму оин ва ҷашнҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик буда, ҳамасола дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳи хосса таҷлил мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ- Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ, «Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт». Боиси ифтихору хушнудӣ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро идҳои миллии ҳувиятсози мо эълом доштаанд. Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти хосса доранд, фарзонагону донишмандони мо дар ҳар давру замон хизмати фаровон намудаанд. Моро зарур аст, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кор қарор дода, дар амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон саҳм гузорем.
НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 2 январи соли 2025 дар таҳрири нав тасдиқ шуд ва тибқи муқаррароти ин қонун акнун ному насаби падари шаҳрвандон, ки солҳои пеш бо ғалати имлоӣ сабт гардида буданд, тибқи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ислоҳ гардида, аз нав сабт хоҳанд шуд. Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сахидод Раҳматуллозода ҳамсуҳбат гардид.
Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон иброз намуд, номи хуб ними ҳусн аст. Номгузорӣ ба тифли навзод яке аз анъанаҳои қадимтарини тамоми башарият буда, дар номҳо тамаддун, андешаю маниш ва пешаю ҳунари миллат инъикос ёфта, ҳамчун маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъият то ба имрӯз омада расидааст. Чун назари ҳар қавму миллат нисбат ба оламе, ки онҳоро иҳота намудааст, мухталиф мебошад, ин гуногунандешагӣ, бешубҳа, дар номгузорӣ низ акси худро ёфтааст.
Номгузорӣ ба одамон аз қадимулайём байни мардуми ориёӣ дорои ҷанбаҳои гуногуни маънавӣ, мазҳабӣ, эътиқодӣ, табиӣ, таърихӣ ва миллӣ буд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи номгузории маҳалҳои аҳолинишин ва дигар объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин номгузорӣ ба фарзанд ва гузаштан ба насаби миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварии пешбурди сиёсати давлатӣ дар бораи забон маҳсуб мешавад.
ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло дар баромади худ иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Яке аз анъанаҳои фараҳбахши ҳаёти замони Истиқлоли давлатӣ ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола баргузор мешавад.
Дар паёмҳо доир ба масоили муҳимми ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангии соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои соли оянда вазифагузориҳо сурат мегирад.