ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло дар баромади худ иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Яке аз анъанаҳои фараҳбахши ҳаёти замони Истиқлоли давлатӣ ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола баргузор мешавад.
Дар паёмҳо доир ба масоили муҳимми ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангии соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои соли оянда вазифагузориҳо сурат мегирад.
Ба таъкиди Раиси Кумита яке аз муҳиммии Паём аз он иборат аст, ки музаффариятҳои соҳаҳо бо истифода аз усули муқоиса бо далелҳо собит мегардад, ки баёни воқеияти ҳол аст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф гуфта мешавад, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки ба инобат гирифтану сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироагардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]