Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро ба роҳ монда, дар соли 2024 корҳои зеринро амалӣ намудааст:
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита маҳсуб мешавад. Дар соли 2024 фаъолияти 50 адад мақомот ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ мавриди назорату санҷиш қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (соли 2023 17 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ) 33 адад ё 66% зиёдтар мебошад.
Ҳамзамон, Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 548 адад маводи ташкилоту муассисаи рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2024 баррасии маводи мазкур дар муқоисаи ба ҳамин давраи соли 2023 (соли 2023 456 адад мавод буд) 92 адад мавод ё 16,78% зиёдтар мебошад.
Кумита дар соли 2024 вобаста ба баррасӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ, фарҳангномаҳо ва дастуру барномаҳои таълимӣ 86543 истилоҳ ва матни 12 адад филмномаро мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор додааст, ки ин нишондод ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41432 истилоҳ ё 47,8% зиёдтар мебошад (соли 2023 теъдоди 45111 вожаву истилоҳ баррасӣ ва коркаду такмидл шуда буд).
Кумита дар соли 2024 теъдоди 101 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода, хулоса пешниҳод намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2024 Кумита дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (дар соли 2023 84 адад буд) 17 адад ё 16,8% зиёдтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазорату идораҳои дахлдор хулоса пешниҳод намудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2024 ба 911 адад муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумита хулоса пешниҳод гардидааст.
Аз шумораи мазкур ба 581 адад муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла, 64 адад ақаллиятҳои миллӣ ҷиҳати номгузории фарзандон хулосаи тавсиявию дастгирӣ дода, ба 330 адад муроҷиаткунанда, ҷиҳати мутобиқат накардани номгузории фарзандон ба талаботи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», меъёри суннатии номгузории миллии тоҷикӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ дар номгузории миллии тоҷикӣ хулосаи рад дода шудааст.
Кумита дар соли 2024 ба 3 маводди экспертизаи забоншиносии судӣ ва 2 маводди экспертизаи забоншиносӣ хулоса пешниҳод намуд.
Кумита дар соли 2024 ба 20 адад номгузории муассисаю ташкилот ва ҷамъиятҳо хулоса пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31 адад ё 60,7% камтар (соли 2023 теъдоди 51 адад муассисаю ташкилот ва ҶДММ буд) муроҷиат аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Кумита дар соли 2024 ба 35 номи маҳалли аҳолинишин хулоса пешниҳод кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад ё 37,5% (соли 2023 теъдоди 56 маҳалли аҳолинишин) камтар мебошад.
Илова бар ин, мутахассисони Кумита ба 895 номи ивазшавандаи маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди вилояти Хатлон тавзеҳнома навишта, барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №484 тасдиқ карда шуд.
Дар соли 2024 дар Кумита 41 маротиба чорабиниҳои гуногуни дохилиидоравӣ, аз ҷумла, 6 конференсия, 9 мизи мудаввар, 4 ҷаласаи ҳайати мушовара, 1 ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш», 2 маротиба нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО, 2 маротиба вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва 15 машғулияти омӯзишии дохилиидоравӣ оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 2 семинари омӯзишӣ доир гардидааст.
Кормандони Кумита дар соли 2024 дар 12 ҷаласаи муҳокимаи сенарияҳои филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 23 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 24 мизи мудаввар, 3 маротиба дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 маротиба дар чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и байни Тоҷикистону кишварҳои дӯсту ҳамсоя, 2 ҳамоиши фарҳангӣ, 1 семинар, 1 чорабинии фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ва 30 маротиба дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, маҷлисҳои ҷамъбастӣ, ҷаласаҳои тантанавӣ, маҳфилҳои илмӣ, ҷашнвораҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва ғайра, ки дар умум, 100 ададро ташкил медиҳанд, иштирок намуда, дар бештари чорабиниҳои болозикр суханронӣ намудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 38 машғулияти семинарӣ-омӯзишии вазорату идораҳо оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва 9 маротиба дар озмуни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати гирифтани диктанти санҷишӣ иштирок намудаанд.
Дар соли 2024 китоби узви Шурои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита – Рустам Ваҳҳобзода бо унвони «Дуруст бинависем» бо бознигарӣ ва риояи талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аз ҷониби Кумита нашр карда шуда, дастурҳои «Роҳнамои коргузорӣ» (мураттибон Ҳикматов Ф., Сайфиддини Б., Муҳаммадҷонзода О. (дар ҳаҷми 530 саҳ.) ва «Луғати коргузории русӣ-тоҷикӣ» (дар ҳаҷми 280 саҳ.) таҳия ва ба чоп супорида шуданд.
Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки нусхаи ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар ҳудуд 65000 калима аз таҳрири ниҳоии гурӯҳи кории Кумита гузашта, ба чоп супорида шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ маҷмуаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ» дар ҳаҷми 384 саҳифа бо теъдоди 100 нусха нашр гардид.
Дар соли 2024 ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маҷмуаи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ» дар ҳаҷми 155 саҳифа ва ба ифтихори 15-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷмуаи мақолаҳои конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» таҳия ва нашр гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2024 аз ҷониби роҳбарият, кормандон ва аъзои мушовараи Кумита доир ба сиёсати давлатии забон ва масъалаҳои марбут ба он беш аз 27 мақолаи илмӣ-амалӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва ба нашр расонида шуд.
Ҳамзамон, дар соли 2024 роҳбарият ва кормандони Кумита дар 36 барномаи телевизионӣ ва 20 барномаи радиоӣ иштирок намуданд, ки фарогири мавзуъҳои пешбурди сиёсати давлатии забон, номгузории фарзанд, номгузории ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони блогерҳо ва дигар масоили истилоҳнигорӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар Кумита сайти info@kumitaizabon.tj фаъолият менамояд ва дар соли 2024 аз он 26 миллиону 11 ҳазор, 209 нафар (дар умум, 99 миллиону 781 ҳазору 335 нафар) муштарӣ истифода намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон», ки санаи 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст,
Кумита дар соли 2024 88 адад санад, ҳисобот ва гузоришҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳоро таҳия ва пешниҳод намудааст.
Дар соли 2024 теъдоди 1829 адад мактуб, аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад, амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 адад, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 адад, фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад, супоришҳои Сарвазир ва муовинони ӯ 73 адад, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 190 адад, барқияҳо 36 адад, 496 адад мавод аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муроҷиатҳои электронӣ 591 адад, муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ 337 адад ба Кумита ворид шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз Кумита 1565 содироти мактуб ва гузоришу хулосаҳо, аз ҷумла, 190 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1375 мактуб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида ирсол гардидааст.
Дар соли ҳисоботӣ 156 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расидаанд.
Дар соли 2024 дар асоси мактубҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар (Солеҳов Н. Ш., Сафарзода Э. Г., Раҳматуллозода С. Р. ва Аслонзода С. Қ.) ба курси такмили ихтисоси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар (Муродова И. Д.) дар асоси мактуби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Ҳамзамон, дар соли 2024 сурмутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кдрҳо ва корҳои махсуси Кумита Ҷалолов С. магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи дараҷаи магистрии мутахассис оид ба муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯй ихтисоси сиёсати берунӣ ва дипломатия хатм намуд.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.