Гузориш аз гузаронидани чорабинии оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ
таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» бо иштироки кормандони
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ»
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавони ҷумҳурӣ санаи 23-юми майи соли 2013 баён кардаанд, инчунин, тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, №4947(26.5) дар чорабинии оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми феврали соли равон дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.
Масъули ВАО-и Кумита