КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2024 - 13:34

1-уми ноябри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 30–солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат» баргузор гардид.
Дар кори конференсия даъватшудагон аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзои мушовараи ва кормандони Кумита иштирок намуданд. Конференсияи илмию амалӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Баъдан, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод ҳозиринро ба муносибати 30–солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои бузурги рӯйдоди таърихи халқи тоҷик мебошад табрик намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин Конститутсияи ҷаҳон буда, дар шумори даҳ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 маҷмуан панҷ бор Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалиндараҷа буда, барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Дар конференсия иштирокдорон бо маърузаҳои илмӣ-таҳлилӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, дар конференсия маърузаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангов Тоҷиддин дар мавзуи “Заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон“, маърузаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода Азимзода Назир дар мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърузаи сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурова Гулноза дар мавзуи “Конститутсия сарчашмаи қонунгузории миллӣ”, маърузаи дотсенти ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мансурӣ Шодмон дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ” ироа гардид.
Баъд аз музокираҳо ба ҳуқуқшиносон саволҳои зиёде дода шуда, ҷавобҳои мушаххас шунида шуд.
Конфиренсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)