Панҷшанбе, Март 20, 2025

Табрикоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2025 - 11:55

     Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона кулли ҳамватанони азиз ва тоҷикони тамоми дунёро бо фарорасии ҷашни ҳуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
     Ниёгони некноми мо Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватан, тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузург на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда, имрӯз дар саросари олам таҷлил мешавад.
Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷашни Наврӯзро бо забони ноби тоҷикӣ “Наврӯз” ном мебаранд, зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Тоҷикистон кишвари мардумони сарбаланд ва кӯҳҳои осмонбӯс аст. Дар зимистон кӯҳҳо бо қабати ғафси барф печонида шуда, дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барф муддати тӯлонӣ сафедии худро гум намекунад, танҳо нурҳои аввалини офтоби баҳорӣ онро об карда, муъҷизаи хурдеро фош мекунанд, ки ин сарҳои хурди бунафш аз қатраҳои барфӣ дар пояҳои борик мебошад. Ин далели раднашавандаи фаро расидани бахори деринтизор аз кадимулайём барои тоҷикон ҷашни бошукуҳ буд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2025 - 16:55

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.

Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.

Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.

Аҷдоди фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд.

Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.

Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш ба тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст.

Яке аз омилҳои ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз маҳз аз ҳамин иборат аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)