Панҷшанбе, Феврал 6, 2025

БУЗУРГДОШТИ КУРУШИ КАБИР ВА «ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР»-И Ӯ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Феврал, 2025 - 11:52

(Паёми Президенти ҶТ аз 28.12.2024)

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба ММ МО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дастуру ҳидоят намуданд, то имсол 2550-солагии яке аз кишварсозони ниёгони мо Куруши Кабир ва «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и ӯ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда шавад. Куруши Кабир воқеан, дар таъриху рӯзгору дунёи мо шахси ҳуввиятии мо ориёиҳо – тоҷикон-порсизабонон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз кирдору корнамоиҳо ва таъсири мардуми мо баҳри рушду тамаддуну афкори инсонӣ гузаштаи миллатамонро чунин шарҳ медиҳанд: «Халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанфсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдодии ӯ пархошҷӯйиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Ба сари касе аз рӯйи ҷагҷӯйиву зӯроварӣ теғ накашидааст ва ҳавову ҳаваси забт кардани кишварҳои бегонаро низ аз азал надоштааст. Ва агар ба ҷангу набардҳои хунин хеста бошад ҳам, ғолибан барои ҳимояи сарзамини поймолшуда, барои ҳифзи нангу номус шамшеру сипар ба даст гирифтааст. Мисли мурғи самандар дар оташи лашкаркашиҳои аҷнабиён борҳо сӯхта, боз аз нав эҳё гаштааст».
Сарнавишти мо ориёиҳо аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину шигифтангези таърихи башар буда, аз асотиру ривоятҳои офариниш, “Авасто”-ву Зардушт, Эрону Тӯрон, Суғду Бохтар, асолати давлатдории Пешдодиёну Каёниён, Ҳахоманишиёну Кӯшониён, Сосониёну Сомониён сарчашма мегирад.
Яке аз ситораҳои рахшони тамаддуни ориёӣ, ки ҳанӯз 2500 сол қабл аз ин ба қавли файласуфи бузурги немис Гегел ба оламиён усули мутамаддини давлатдориро эҳдо кардааст, Куруши Кабир мебошад, ки дар таърихи башарият номи ӯ бо давлатдориву афкори неки инсонхоҳӣ ҷовидон боқӣ мондааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад