Сешанбе, Октябр 22, 2024

Озмун барои ишғоли мансаби холӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Октябр, 2024 - 15:57

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии зерини маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 1. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- хислатнома аз ҷойи кори қаблӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (объективка);
- парванда (лифофа – 1 адад).
Озмун аз се марҳила иборат аст:
- марҳилаи якум – омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон;
- марҳилаи дуюм – гирифтани кори хаттӣ;
- марҳилаи сеюм – саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб.
Шахсоне, ки аз марҳилаҳои якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 (бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ошёнаи сеюм),
Индекс: 734013, телефон/факс: 227-59-28, 227-59-38, 227-78-29 почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj,
Сомона: www.kumitaizabon.tj

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)