Ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди кишвар тандурустиву иқболи нек ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуби мо боз як соли бобарору таърихӣ ва соли дастоварду пешравиҳои назаррас гардид.
Бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ мо дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастоварду нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза ноил гардидем.
2025-2030
Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.