Суханронӣ дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳамаи мо дар арафаи фарорасии ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони олам, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, зиёиёни мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, меҳмони азизи кишварамон – Президенти Ҷумҳурии Тотористон ҷаноби Минниханов Рустам Нургалиевичро ба Тоҷикистон ва тантанаҳои наврӯзии имрӯза хайрамақдам гуфта, мардуми дӯсти тоторро, ки Наврӯз дар диёри онҳо низ васеъ таҷлил мегардад, ба ифтихори ин ҷашни байналмилалӣ табрик менамоям.
Дар чорабинии имрӯза ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Директори бонк доир ба масъалаҳои стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман ва намояндагони шарикони рушд, инчунин, роҳбарони ширкатҳои мушовир ва пудратӣ иштирок доранд, ки ҳамаи онҳоро низ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик мегӯям.
Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.