Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита рӯзи 15-уми ноябр мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он Раиси Кумита, муовини раис ва кормандони Кумита Умарова Ш. ва Ятимзода М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба корнамоиҳову фаъолияти пурсамари Президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон ва мақоми он дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар таҳкиму инкишофи забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забони миллӣ баромад карданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ва муборак озмуни Кумита, ки бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.
Комиссияи тадорукоти озмун ҷойҳои ишғолнамудаи довталабонро барои ҳозирин эълон дошта, ғолибонро бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ намуд.
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ»:
- диплом ба узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ҳасани Султон барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаи «Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ»;
- диплом ба Нуралиев Абдубосит Фазлиддинович барои ишғоли ҷойи дуюм бо мақолаи «Шоҳасаре, ки забонаш ба ҳама порсизабонон ошно аст»;
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ-оммавӣ»:
- диплом ба Садриддин Ҳасанзода барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаҳои «Хат – таърих…», «Озмоишгоҳи таърих», «Баҳс», «Чаро лотинӣ?», «Ҳомии забон кист?»;
Аз рӯи шарти «Иншои беҳтарин»:
- диплом ба Байзоев Азим барои ишғоли ҷойи аввал ба иншо таҳти унвони «Як лаҳза дар фикри мо бошед! (Номаи Манижаи 7-сола ба падару модарон ва бобою бибиҳо)»;
Аз рӯи шарти «Шеъри беҳтарин»:
- диплом ба Рустами Ваҳҳоб барои ишғоли ҷойи аввал;
- диплом ба Нуриддин Амриддин барои ишғоли ҷойи дуюм;
Ҳамчунин, Сипосномаҳо ба шахсони зерин тақдим шуданд:
- Муҳаммадалӣ Саидмуродов - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Варзоб (барои мақолаи «Забон – пояи давлат»);
- Ҳакималӣ Назаралиев - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор (барои мақолаи «Забони модарии ман»);
- Суяров Қурбон - омӯзгори фанни химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои мақола «Химия ё қимиё»).
Даромад
Харита
Тамос







Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


