Ахбори рӯз

САҲИФАИ РАСМИИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Ноябр, 2025 - 15:55

САҲИФАИ РАСМИИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
https://egov.tj/site/kumitaizabon

2025-2030
Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. 

Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Ноябр, 2025 - 15:19

Иштироки бонувони Кумитаи забон ва истилоҳот дар Форуми «Занон, сулҳ ва амният»
Бонувони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми «Занон, сулҳ ва амният», ки дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, минбари минтақавӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни занони минтақа мебошад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эҷоди фазои муколамаи стратегии минтақавӣ ва таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати таҳкими нақши занон дар бунёди сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Ноябр, 2025 - 17:50

 “Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад”.
 Парчам яке аз муҳимтарин муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавқеъ ва нақшаи хоссаи худро дар давлатдорӣ, гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шуруъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия, инчунин, кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон сар шуд. Азбаски рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои тайёр намудани Парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чанд қонуни муфиди заруриро ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул кард. Зеро, рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди вайроннашавандаи мардум, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд.
Парчами давлатӣ дар Қасри Арбоб 24-уми ноябри соли 1992 қабул шуда аз матои росткунҷаи серахи рангдор сурх, сафед, сабз иборат аст. Ранги аввал, ранги сурх – шуои офтоб, рамзи равшанӣ ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Рахи дуюм ранги сафед – рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Ранги сафед маънои онро низ дорад, ки пахтаи сафеди мо чун шири сафеди модар ҷонбахш аст. Ранги сафед рамзи осоиштагиву сулҳи имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Ба дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад, барои беэҳтиромӣ, мутобиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар карда шудааст. 
Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд. 

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007 муқаррар мекунад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» биноҳое, ки дар онҳо намояндагони шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун афрохта мешавад.
Президенти кишвар дар рӯзи таҷлили 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таклиф пешниҳод кард, ки дар оянда рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад. Зимни ин пешниҳоди Сарвари давлат, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда буд, вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро муҳокима намуданд. Мақсад аз ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ҷумлаи муқаддасот ва рамзҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр ба матни банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ба мазмуни зайл ворид карда шуд: 
     “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр”.
Мутобиқи ин илова рӯзи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз вожаи бароямон зебои “Парчам” ба ҳар яки фарди тоҷик чун муаррифии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон азиз аст. Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги 165 метраи Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони Парчам” номгузорӣ шуд.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи истиқлол,  иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Таҷлили аввалин рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламравии ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомат сурат гирифта, бахшида ба ин ҷашн марафон таҳти унвони “Парчами миллӣ – аз Турсунзода то Роғун” идома ёфт. Мақсади ин чорабинӣ таҷлили бошукуҳи ҷашни Парчами миллӣ буд ва иштирокчиёни марафон Парчамро то шаҳраки сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии Роғун бурданд ва иброз намуданд, ки ҳарчӣ зудтар сохтмони ин неругоҳ ба анҷом расад. Зеро имрӯз умеди ҳамаи мардуми тоҷик ҳамин НБО Роғун аст, ки аз мушкилии барқ раҳо ёбанд ва зиндагии осуда дошта бошанд. 
Ҷашни Рӯзи парчам – эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тули таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷонисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба руҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Ҳамин тариқ, аз гузаштаи таърихи бойу ғанӣ ба мо маълум аст, ки дар ҳама давру замон нисбат ба муқаддасоти миллӣ, хусусан, Парчам гузаштагони мо эҳтиром доштанд ва ин нишонаи бузургии давлатдории тоҷикон мебошад, ки то имрӯз корномаҳои онҳо фаромуш нашудааст.
Корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоирзода Абдубасири Раҳим

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2025 - 17:33

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.

Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.

Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.

Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.

Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.

Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем:

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.

Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.

Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.

Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.

Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.

Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.

Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.

Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.

Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.

Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.

Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2025 - 17:31

Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз бо Парчами худ кишварҳои дунё аз қадим то ба имрӯз ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, маънавиёт, муваффақияту комёбиҳо ва пешравиҳои худро муаррифӣ менамуданду менамоянд.
Таърихи пайдоиши парчамаз давраҳоиқадим маншаъ гирифта,мардумони сайёра дар тули таърих аз рамзу нишонаҳои гуногун истифода мекарданд ва бо ҳамин ба кадом авлод ва ё қабила мансубият доштанашонро ба дигарон муаррифӣ менамуданд. Ҳамин тавр, парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси расмиҳайвоноту парандаҳоазқабилишер,уқоб ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Масалан, давлати Миср, ки 26 сулолаи Фиръавнҳо идора карда буданд, парчами худро доштанд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд. Онҳо шоҳинро рамзи Худои Ра ҳимоятгари Фиръавнҳо ва давлати Миср медонистанд. Лашкари Миср вақте ба ҷанг мерафт, парчамбардорон пеш-пеши он парчами Миср-Шоҳинро мебурданд.
Империя Румниз соҳиби парчами худ буда, рамзи асосӣдар парчами онҳо, тасвирёфта уқоб буд. Соли 104-и пеш аз милод бо пешниҳоди консул Марий, парчами Рум ва рамзи тамоми легионҳои ҳарбии рум уқоби болҳояш кушода қабул карда шуд. Минбаъд ба ин парчам ҳалқаи тиллоӣ, найза, сипар ва навиштаҷоти SPQR (Сенат (Парлумон) ва шаҳрвандони Рум) илова карда шуд. Ин парчамро румиҳо муқаддас шуморида, то барҳамхурии Империяи худ онро истифода мекарданд.
Дар ҷангҳопарчам нақши муҳимро бозида, ҳар як давлат ба ҷанг бо парчами худ меомад. Аз даст додани парчам дар ҷанг маънии бохтанро дошта, боиси шикаста шудани руҳияи сарбозони он давлат мешуд. Аз ин хотир ҳар лашкар парчами худро муҳофизат мекард, то ба дасти душман наафтад.
Аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих-Куруши Кабир, соли 550 пеш аз милод империяи Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.
Давлати Сосониён низ соҳиби парчами худ буда, он Дирафши Ковиён ном дошт. Парчами Сосониён аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам зам мекард. Дар болои парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣсангҳои қиматбаҳое, ки дар парчами Сосониён буданд, арзиши андози як вилоятро доштанд. Лашкари Сосониён соли 636 дар ҷанги Қадисия парчами худ - Дирафши Ковиёнро аз даст дода, аз ҷониби арабҳо шикаст хурданд.
Анъанаи бо парчами тунуку ҳарири парафшон, ки дар чўбе мустаҳкам карда шудааст, дар Хилофати Араб дар замони Муҳаммад пайғамбар (с) ба вуҷуд омада буд. Парчами нахустини Муҳаммад пайғамбар ранги сиёҳ дошт ва баъдан он ба парчами ранги сабз иваз карда мешавад.
Соли 1753 манғитиҳо дар Бухоро ба сариқудрат омаданд. Соли 1785 хони манғит - Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба Аморат табдил дода, худро амир эълон кард. Парчами Аморати Бухоро сабз буда, дар байнаш тасвири моҳ ва як ситора дошт. Ҳамзамон, дар парчам панҷаи даст ва бо хатти арабӣкалимаи тавҳид навишта шуда буд.
Соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ гузаронида шуд. Хушбахтона, моҳи октябри ҳамон сол Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо ташкили Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон зарурати қабули парчами он ба миён омад. Бояд қайд кард, ки аз соли 1924 то соли 1991 мо нуҳ парчамро қабул кардем, ки дар зер нишон дода шудаанд.
Парчами Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1924-1928.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1931.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1931-1935.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1935-1936.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1936-1938.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1938-1940.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1940-1953.
Парчами Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1953-1991.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991-1992.
Ҷумҳуриии Тоҷикистон соли 1991 истиқлоли комилро ба даст оварда, зарурати қабул кардани парчами нав ба миён омад. Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон таърихи худро дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олии ҶумҳурииТоҷикистон, рӯзи24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шуд. Санаи 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои олии ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда,қасам ёд намуд.
24-уми ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт, парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Инчунин, дар шаҳрҳо, вилоятҳо, ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат санаи 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе парчами Тоҷикистон бунёд шуд, ки баландии он 165 метр буда, баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон маҳсуб ёфта, он ба китоби рекордхои Гиннес ворид гардид.
9-уми сентябри соли 2011, рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.
Таърих нишон дод, ки дар сояи ин парчам миллати тоҷик сарҷамъ шуда, марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуд, ба ҷанги шаҳрвандӣхотима бахшид ва сулҳу амниятро ба даст овард.
Бигузор парчами Тоҷикистони соҳибистиклол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд. Ҳамин тавр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.
Дар таҳияи
Мирзозода Мирзошариф Одина
сармутахассиси шуъабаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси
Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумита дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2025 - 15:33

Иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумита дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар шаҳри Исфара

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2025 - 17:51

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ин тадбири омӯзишӣ, бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзиддин Камолиддин доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ сухан гуфт.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин муовини Раиси Кумита таъкид дошт, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2025 - 15:55

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвонии «Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ» бахшида ба амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзииши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоиҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён дар бораи ташаббусҳои беназиру мондагори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода дар мавуи «Забони тоҷикӣ сарвати бебаҳои миллати тоҷик» баромад намуда, изҳор дошт, ки забондонӣ-ҷаҳондонӣ буда, дар баробари забони давлатӣ донистани забони миллатҳои гуногуни дунё миллатро муаррифии шоиста менамояд ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Дар баробари ин «ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлоли давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, забони модариро ба фарзандони худ омӯзонем, зеро забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад», -афзуд Раиси Кумита.
Иброз гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир, ки равобити иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дуру наздик босуръат густариш меёбад, хеле муҳим мебошад. Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши ҳарчӣ бештари забонҳои хориҷӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ба истифода аз ин шароит барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ, сарфи назар аз ихтисосашон омӯхтани ҳадди ақалл ду забон- яъне русию англисӣ шарт ва зарур аст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисон ва сатҳу сифати касбии онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро, ки вазифаи асосии муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, таъкид менамоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ПАРЧАМ–РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2025 - 12:55

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Чунин изҳор намуд Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода имрӯз зимни мизи мудаввар, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.
Мизи мудаввар таҳти унвони «Парчам–рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардида, дар он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Дӯстзода изҳор дошт, ки мардуми Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзую омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.
Дар идома муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тарҷума” Шаҳноза Буриева баромад намуда, афзуд, ки парчам рамзи ифтихор, ваҳдат, сулҳ ва истиқлол буда, ҳамчун нишонаи расмии давлати тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалӣ вазифаи муҳим ба анҷом мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 16:59

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Анҷумани сеюми забоншиносон аз 15 то 18 ноябри соли 2026 бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.

Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд. Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат мебошад. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.

Ҳукумати мамлакат дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ ба хотири инкишофи забон ва фарҳанги ақаллияти миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул карда шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳояшон масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқият тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар шаҳри Конибодом

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 15:57

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ин тадбири омӯзишӣ, бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар оғоз Баротзода Файзиддин Камолиддин – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ кард.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин муовини Раиси Кумита таъкид дошт, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи забони тоҷикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 15:55

Бо иштироки гурӯҳи кории Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои забони тоҷикӣ ва "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" баргузор карда шуд.
Дар семинари омӯзишӣ аз ҷониби директори муассиса профессор Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа доир ба масъалаҳои омӯзиши санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, риояи имлои забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқадасоти миллӣ, номгӯзории дуруст ба тифлакон аз ҷониби волидайн, одобу ахлоқи ҳамидаи инсон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба риояи дурусти забони давлатӣ сӯҳбат намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ПРЕЗИДЕНТ, ИҶЛОСИЯИ 16-И ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2025 - 11:15

     Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президент ҳамчун Сарвари давлат дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоламон аҳамияти хосса дорад. Аз ҷумла, саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ бузург мебошад. Зеро Роҳбари давлат аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти кориашон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷи баланд гузоштанд. Ин аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса пайдо кардааст.
     Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо — соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2025 - 10:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.

Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад.

Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.

Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд.

Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд.

Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид.

Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд.

Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.

Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид.

Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем.

Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад.

Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем.

Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад.

Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд.

Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Табрикоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба ифтихори 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2025 - 08:00

     Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии халқи тоҷик мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. 
     Бартарӣ ва хусусияти хоси Конститутсия аз он иборат аст, ки ин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардида, шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро муқаррар намуд. Ин шакл имконият дод низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардида, ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат карда шавад.
     Бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 
Дар заминаи Конститутсия забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим менамояд. Инчунин мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
     Ба муносибати ин санаи фархунда, яъне 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳамватанон, ҳамкорон ва дӯстдорони Ватанро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода осоишу саломатӣ, ризқи фаровон, бахту иқбол, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Қабули Конститутсия барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Ноябр, 2025 - 15:00

     Бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ин матлабро мувоини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода зимни ҳамоиши «Конститутсия-ҳуҷҷати сарнавиштсоз», ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.
Иброз шуд, ки дар заминаи Конститутсия забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим менамояд.      Инчунин мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар ҳамоиш, ки ба ифтихори таҷлили 31-солагии Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳууқуқи ба номи А. Баҳовуддини АМИТ Зоир Ҷумъахон Маҷидзода, кормандони Кумита иштирок дошта, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
     Иштирокдорон доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
     Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Октябр, 2025 - 17:12

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.

Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.

Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.

Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд.

Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.

Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳрёр,
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад.

Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст.

Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад.

Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд.

Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.

Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.

Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем.

Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи забони тоҷикӣ дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Октябр, 2025 - 17:12
Тибқи нақшаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои забони тоҷикӣ ва "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" баргузор карда шуд.
Дар семинари омӯзишӣ аз ҷониби раиси Кумита вобаста ба масъалаҳои омӯзишӣ санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, риояи имлои забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқадасоти миллӣ, номгӯзории дуруст ба тифлакон аз ҷониби волидайн, одобу ахлоқи ҳамидаи инсон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба риояи дурусти забони давлатӣ сӯҳбат намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумита ба иштирокчиёни семинар барои пешбурди дурусти коргузорӣ китобу дастурҳои методӣ дастрас карда шуд. Дар идомаи семинар як чанд нафар бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи забони тоҷикӣ дар ноҳияи Дарвоз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Октябр, 2025 - 17:12
Рӯзи 14 октябр тибқи нақшаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини раиси ноҳияи Дарвоз Сафарзода Хушбахтшо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони шуъбаи маориф, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораву муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои забони тоҷикӣ ва "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" баргузор карда шуд.
Дар семинари омӯзишӣ аз ҷониби раиси Кумита вобаста ба масъалаҳои омӯзишӣ санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, риояи имлои забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқадасоти миллӣ, номгӯзории дуруст ба тифлакон аз ҷониби волидайн, одобу ахлоқи ҳамидаи инсон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба риояи дурусти забони давлатӣ сӯҳбат намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумита ба иштирокчиёни семинар барои пешбурди дурусти коргузорӣ китобу дастурҳои методӣ дастрас карда шуд. Дар идомаи семинар як чанд нафар бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Октябр, 2025 - 17:12
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда ҷамъбаст гардида, нақшаи кории Кумита барои минбаъда тасдиқ гардид. Аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2025 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон бо мақсади татбиқ ва риоя намудани бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030», ки маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян кардааст, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Октябр, 2025 - 17:12
Душанбе, 11.10.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 11-уми октябр дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2025 - 17:12

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои миллати тоҷик забон нишонаи давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт буда, бозгӯйи таърихи тайкардаи миллат, таърихи алифбою анвои хат, китобдорӣ, ҳаёти кишоварзӣ, мусиқӣ, бозгӯкунандаи таърихи фалсафаю ҳикмат, тиб, риёзиёт, ситорашиносӣ, нишони маданияти бузурги луғатнигорӣ, ифодагари беҳамтои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили варзиш, кулолӣ, дуредгарӣ, дӯзандагию либосдӯзӣ ва чакан, рассомӣ, мусиқӣ, оҳангарӣ, коркарди пилла, истеҳсоли абрешим ва ғайра мебошад.

Забони тоҷикӣ барои миллати бузурги тоҷик забони шеъру суруд, забони насри оламгири ориёӣ аст, ки тавассути он шоҳкорҳои беназир офарида шудаанд. Ҳоло ҳар кадоме аз ин ҳунарҳо чун қабатҳои алоҳидаи соҳаҳои номбаршуда ҳазорон калимаро фаро мегиранд, ки дорои вожагони худию бегона мебошанд.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърих барои қавму миллатҳои гуногуни дунё, ки бо тоҷикон будубош доштаанд, забони дину давлатдорӣ, мактабу маориф, урфу одат, ҷашну маросим ва даҳҳо рукнҳои дигари зиндагӣ маҳсуб мешуд. Тавре аз осори гузаштагон маълум аст, онро новобаста аз қавму миллат ва нажод миллионҳо нафар чун забони пешрафтаи дунё медонистанд ва ҳамчун забони илм истифода мекарданд. Дар ин давраи дуру дарози таърих забони тоҷикӣ дар бархурди бузург бо қавму миллатҳои гуногуни дунё хазинаи вожагонии худро аз ҳисоби забони он қавму миллатҳо такмил дода, ба унвони забони муқтадири дунё арзи ҳастӣ кардааст. Дар ин росто ибрози ин нуктаро муҳим мешуморем, ки вомгирию вомдиҳии вожаҳо дар тамоми давру замон ҷараёни доимамалкунанда буда, вобаста ба рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа вусъат меёбад ва ё камнур мегардад. Ин вижагӣ хоси забонҳои алоҳида набуда, дар ҷомеаи мутамаддин раванди ҳамешагӣ касб кардааст. Ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ ва ё тараққии ин ё он соҳа боиси ба вуҷуд омадани мафҳумҳое мегардад, ки барои ифодаи онҳо калимаю истилоҳоти нав зарур мешаванд.

Бо гузашти қарнҳо забони тоҷикӣ як идда хусусиётеро доро шудааст, ки метавон муҳимтарини онҳоро иброз намуд.

Ин забон саргузашти миллати тоҷикро чун оина дар худ мунъакис карда, бозгӯкунандаи таърихи пуршебу фарози зиндагонии мардумамон мебошад. Пешвои миллат, барҳақ, нигоштаанд, ки «забон, дар маҷмуъ, як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар, як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад».

Забон дар ҳама давру замон барои муттаҳидии миллати тоҷик мусоидат кардааст. Дар душвортарин замони зиндагӣ миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳо бахшида, ваҳдату ягонагии миллиро таъмин намудааст. Барои миллати куҳанбунёди мо дар қатори мафҳумҳои зиёди муқаддас вожаи «ваҳдат» аз арзиши маънавӣ ва ҳаётан муҳим бархурдор аст. Ҳамин мафҳум мардумро дар фазои иттиҳоду иттифоқ сарҷамъ меоварад ва сокинони як давлати воҳидро перомуни ормонҳои воло ба хотири рушду тараққии ҷомеа муттаҳид месозад. Ваҳдати миллӣ аслитарин унсури ташаккулу такомули ҷомеаи ҳар кишвари дар роҳи демократӣ қадамгузор мебошад. Дар душвортарин марҳилаҳои таърихӣ халқи тоҷик бо истифода аз забон ва захираҳои неруи маънавии хеш тавонистааст буҳронҳои хатарноки мудҳишро пушти сар гузорад.

Ҳамин нукта ҷолибу диққат аст, ки тақрибан тамоми аҳли адаби тоҷик, хосса шоирон, аз хурд то бузург тавассути забони ноби тоҷикӣ ба тасвиру тавсифи ваҳдат даст задаанд, ки худ рамзу нишони ҳусни тафоҳуми умумимиллӣ буда метавонад. Ва боз муҳим ин аст, ки ваҳдат дар калимаю ибора, қолаб ва таркиб, шаклу тасаввурҳои рангине ғунҷонида мешавад, ки дар батни худ дарки чанд ҷабҳаи онро фаро гирифтаанд: «ваҳдат», «ойини ваҳдат», «ганҷи миллат», «ватани ваҳдат», «рӯзи мурод», «ғазали сулҳ ва ваҳдат», «таронаи муҳаббат», «таронаи ягонагӣ», «суруди ваҳдат», «якдилӣ», «нидои ваҳдат» ва ғайра.

Забон осори оламшумули таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, динӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, ситорашиносӣ, забоншиносию адабиётшиносии миллати тоҷикро дар шакли назму наср дар худ инъикос кардааст, ки барои муаррифии миллати тоҷик дар олам василаи беназир ба шумор меравад, ки овардани номгӯйи ин осор дар ин маврид ғайриимкон аст.

Забони тоҷикӣ дар тарбия ва таълими башарият тавассути осори тарбиявию ахлоқии ба қалами намояндагони миллати тоҷик офаридашуда саҳми беназир гузоштааст. Осори безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ганҷинаҳои тобнокеро мемонанд, ки дар инъикоси ҳаёти миллати тоҷик беназир мебошанд. Ҳамчунин мероси адабию илмии устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон намунаи барҷастаи хизмати фидокоронаи миллати тоҷик ба башарият аст.

Забон ба унвони ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳамешагии миллат баромад карда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ хизматҳои мондагор кардааст. Дар давраи нави тараққиёти илму фановарӣ ба масъалаи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷумҳуриамон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки он ба боло рафтани иттилооти таърихӣ ва аз бар намудани дастовардҳои бешумори илмию адабиамон мусоидат мекунад. Тараққии забон бе омӯзиши осори пурғановати миллиамон ғайри қобили тасаввур аст. Ин аст, ки зимни чорабиниҳои давлатӣ нашри на танҳо осори марбут ба адабиёт, балки осори марбут ба сиёсат, дину мазҳаб, иқтисоду тиб ва ғайра низ дар назар аст ва то имрӯз ҳамасола ҷашни олимону шоирону адибон ва фозилону донишмандон таҷлил шуда, дар ин замина осори онҳо мунташир мегардад. Ин дар давраи нави таърихӣ ба афзудани ғановати забон мусоидат менамояд. Дар ин замина суханони пурҳикмати Пешвои миллат доруи дармони моянд, ки мефармоянд: «Зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамонию ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносию худогоҳӣ ва кору хизмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд».

Забони тоҷикӣ чун забони ҷашну маросим ва анъанаҳои миллати тоҷик зи дурии замонаҳо то имрӯз хизмат кардааст. Ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки мероси арзишманди гузаштагони мост, ба вусъати худшиносию худогоҳӣ ва болоравии ҳисси миллии сокинони мамлакат мусоидат кардааст. Аз нав зинда кардани ин ҷашнҳои бостонии миллатамон зинда кардани садҳо калимаи ноби мансуб ба онҳо мебошад.

Дар давраи нави тараққиёти давлатдории миллати тоҷик барои нишон додани дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ мусоидат кардааст. Истиқлоли давлатӣ низ дар навбати худ барои шукуфоӣ ва боландагии забон нақши бениҳоят калон дорад. Дар ин давра бо роҳбарии Сарвари муаззами миллати тоҷик, Пешвои миллати фарҳангсолорамон нисбат ба забон иқдоми беҳамтое пеш гирифта шуданд, ки онро таърихи забони мо ёд надорад. Ин иқдом ба таври мухтасар иборат аз ташкили Комиссияи татбиқи Қонуни забон (2005), қабули барномаҳои рушди забони давлатӣ (солҳои 2007-2012; 2012-2016; 2020-2030), эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли забони тоҷикӣ, қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ (2009), таҳия ва қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ« (1998, 2011), «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (2021), баргузории ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра мебошанд.

Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравии рӯзафзуни забони давлатӣ мусоидати ҳамешагӣ намуда, иқдоми сарнавиштсоз мебошанд.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои миллиест, ки ҳар миллате барои доштани он ифтихор карда, барои ҳифзи он тадбиру чора ва иқдоми зиёде карда, давоми мавҷудияташ корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Дар ҳама қавму миллатҳои дунё тавассути ин ганҷи бебаҳо ибдоли ҳуруф ба амал омада, алифбоҳои гуногун дар давраҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ихтироот ва таърихи рӯзгори башарро иншо кардаанд. Иншои афкор дар сафолпораҳо, деворнигораҳо, сангпораҳо, кӯҳҳои сангин, пӯстҳо ва анвои гуногуни коғаз амалӣ шуда, аз будубоши миллатҳо дар минтақаҳои олам дарак дода, бозгӯйи маънавиёти онҳо мебошад.

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: https://khovar.tj/2025/10/zaboni-nasri-olamgiri-oriyo-e-do-ba-r-zi-zaboni-davlat

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2025 - 19:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд.

Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.

Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадони Сомониён, сиёсатмадорони ватандӯсту донишманд ва аҳли илму адаби он давра забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд.

Сомониён бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илм ва фарҳангу адабиёт рушди забони тоҷикиро таъмин карданд.

Ба ибораи дигар, забони адабии тоҷикӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва асоси тамоми меъёрҳои он гузошта шуд.

Ин меъёрҳо дар давоми зиёда аз ҳазор сол, яъне то имрӯз мунтазам суфтаву устувор гардида, барои рушди забони тоҷикӣ дар шакли хаттию шифоҳӣ хизмат кардаанд.

Қобили зикри хос аст, ки меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то имрӯз ба тағйироти хеле кам дучор гардидаанд.

Донишмандон эътироф кардаанд, ки чунин падида дар низоми забонҳои дунё камназир мебошад.

Сомониён ҳамчун хонадони миллатдӯсту ватанпарвар мақоми забони тоҷикиро чун забони расмӣ устувор карда, асосҳои сиёсии инкишофи онро фароҳам сохтанд.

Олимону донишмандон ва шоирону нависандагони тоҷик аз он рӯзгор то имрӯз барои рушду такомули забони модарии худ осори илмиву адабии пурғановате навишта, заминаҳои мондагории онро таъмин намуданд.

Забоне, ки дар саргаҳи рушди он устод Рӯдакӣ қарор дошт, ба ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ имкон дод, ки «Шоҳнома»-и безаволи худро таълиф намояд, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо нафар олимону донишмандони дигар шукӯҳу ҷалоли забони тоҷикиро ба аҳли олам муаррифӣ карданд, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» ва ғазалиёти дилошӯби худро, ки имрӯз ҷаҳониён онро бо номи «Девони кабир» мешиносанд ва мехонанд, эҷод кард, Абдурраҳмони Ҷомӣ бо осори манзум ва «Баҳористон»-и бехазонаш шукӯҳи забони тоҷикиро боло бурд, Сайидову Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва бузургони дигар бо асарҳои баландмазмуни худ барои пойдории забони тоҷикӣ корҳои шоистаи таърихиро анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд тайи асрҳои тӯлонӣ забони тоҷикӣ ҳамеша забони илму адабу фарҳанг буд, аммо баъди зиёда аз ҳазору сад сол – танҳо дар замони истиқлол – бори дигар ба ҳайси забони расмии давлатӣ соҳиби мақому манзалати аслии худ гардид.

Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эътироф гардидааст.

Маҳз истиқлоли давлатӣ маҳдудиятҳои сунъиеро, ки дар роҳи рушди забони тоҷикӣ мавҷуд буданд, бартараф сохта, роҳи тараққиёти озодонаи онро таъмин намуд.

Имрӯз Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон барои пешрафти забони давлатӣ ва густариши доираи истифодаи он тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.

Ҳоло дар кишвар муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона, зина ба зина ва бомаром амалӣ шуда истодаанд.

Масъалаи истифодаи забони давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, марказҳои инноватсиониву технологӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузории маҳалҳои аҳолинишин, номи ашхос ва самтҳои дигар дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад.

Ин ҳолат аз манзалати забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди миллатдӯст ва ватанпараст мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳифзи асолати забони миллӣ дар замони ҷаҳонишавии босуръат, интишори бесобиқаи иттилооти гуногун, рушди техникаву технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва таъсири фарҳангу забонҳои бегона яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто, таъмин намудани рушди забони тоҷикӣ бо дарназардошти ҳамқадами навовариҳои илмӣ ва техникиву технологии ҷаҳон сохтани он низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.

Вазифаи олимону донишмандон дар чунин шароит аз он иборат аст, ки бо истифода аз тавоноиву имкониятҳои забонамон калимаву истилоҳоти нави мутобиқ ба мантиқу мазмуни соҳаҳои гуногунро сохта, ба истифода диҳанд, то дар ҳамаи қаламрави забони тоҷикӣ корбурди онҳо ҳамгуну ҳамсон бошад.

Агар аз ҳозир дар фикри ба забони давлатӣ мувофиқ кардани забони инноватсия ва технологияҳо набошем, на танҳо санъати сухан ва маданияти гуфтори мо, балки фасоҳату равонӣ, покиву зебоии забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамватанони азиз!

Дар баробари омӯхтан ва арҷу эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ зарур аст, ки ба масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Зеро ба аҳли олам беҳтар муаррифӣ кардани таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути забонҳои хориҷӣ муяссар мегардад.

Зарур аст, ки махсусан, ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Чунки забонҳои зикршуда аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Агар мо хоҳем, ки рушди ояндаи илмӣ ва техникиву технологии кишварамонро таъмин намоем, бояд шароит муҳайё созем, ки фарзандонамон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавассути забони давлатӣ ва ба дараҷаи аъло донистани он ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, мо бояд ба китобхонӣ таваҷҷуҳи доимӣ диҳем, зеро хондани китоб, дар навбати аввал, боиси болоравии сатҳи забондонӣ, маърифатнокӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мегардад.

Итминон дорам, ки ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси миллати тоҷик дар оянда низ ба хотири ҳифзи забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва вусъати доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ саъю талош мекунад.

Ҳамчунин, аҳли илм, адибону ҳунармандони тоҷик бояд таҷриба ва анъанаҳои неки ниёгони хешро дар самти нигаҳдорӣ ва мондагории забони модарии худ идома дода, дар таҳкиму такмили он саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забони мо мисли миллати мо яке аз куҳантарин забонҳои дунё буда, таърих ва мероси фарҳангии мардуми бостониамон, аз ҷумла Наврӯзро бо гузаштаи беш аз шашҳазорсолаи он дар худ инъикос кардааст ва то замони мо расонидааст.

Наврӯз, дигар расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии мо мисли муҳаббат ба Ватан ва модар дар мағзи ҷони мо ҷой гирифтаанд ва мо бояд онҳоро эҳтиёт кунем ва рушд диҳем.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад.

Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодату оромӣ ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2025 - 15:55

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд».
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода афзуд, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. «Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате аст, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Ин забоне аст, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд ва мо имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем», -гуфт ӯ.
Дар идома аз ҷониби олимону забоншиносони мамлакат 45 маърӯзаи илмӣ доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ манзур карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:15
3 октябр, соати 10:00 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор шуда, дар он забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа вобаста ба нақши забони давлатӣ мубодилаи афкор мекунанд.
Дар конференсия мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ», «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ» ва «Аҳамияти забон дар ташаккули ҷомеа» ва дигар мавзуъҳо муҳокима карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Забони тоҷикӣ - забони сарнавиштсоз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
(дар ҳошияи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Замони беҳтарини рушду шукуфоии забони тоҷикӣ дар садсолаҳои ахири мавҷудияти он давраи Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Ин аст, ки Истиқлол барои мо неъмати бебаҳоест, ки барои инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуктаи муҳимро Ҷаноби оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин баён карданд: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндарӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии хеш баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмию адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳиби намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд. (3, №37(1538).
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои миллиест, ки ҳар миллате барои доштани он ифтихор карда, барои ҳифзи он тадбиру чораҳо ва иқдомоти зиёде карда, дар тули мавҷудияташ корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Дар ҳамаи қавму миллатҳои дунётавассути ин ганҷи бебаҳо ибдоли ҳуруф сурат гирифта, алифбоҳои гуногун дар давраҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ихтироот ва таърихи рӯзгори башарро иншо кардаанд. Иншои афкор дар сафолпораҳо, деворнигораҳо, сангпораҳо, кӯҳҳои сангин, пӯстҳо ва анвои гуногуни коғаз сурат гирифта, аз будубоши миллатҳо дар минтақаҳои олам дарак дода, бозгӯйи маънавиёти онҳо мебошад.
Барои миллати тоҷик забон нишонаи давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт буда, бозгӯ аз таърихи тайкардаи миллат, таърихи алифбою анвои хат, китобдорӣ, ҳаёти кишоварзӣ, мусиқӣ, бозгукунандаи таърихи фалсафаю ҳикмат, тиб, риёзиёт, ситорашиносӣ, нишони маданияти бузурги луғатнигорӣ, бозгукунандаи беҳамтои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили варзиш, кулолӣ, дуредгарӣ, дузандагию либосдузӣ ва чакан, рассомӣ, мусиқӣ, оҳангарӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли абрешим ва ғайра мебошад. Забони тоҷикӣ барои миллати бузурги тоҷик забони шеъру суруд, забони насри оламгири ориёӣ аст, ки тавассути он шоҳкорҳои беназир офарида шудаанд. Ҳоло ҳар кадоме аз ин ҳунарҳо чун қабатҳои алоҳидаи соҳаҳои номбаршуда ҳазорон калимаро фаро мегиранд, ки шомил бар вожагони худию бегона мебошанд.
Забони тоҷикӣ дар дарозои таърих барои қавму миллатҳои гуногуни дунё, ки бо тоҷикон будубош доштаанд, забони дину давлатдорӣ, мактабу маориф, урфу одат, ҷашну маросимҳо ва даҳҳо рукнҳои дигари зиндагӣ маҳсуб мешуд. Тавре аз осори гузаштагон маълум аст, онро новобаста аз қавму миллат ва нажод миллионҳо нафар аз Шибҳи Қора то Арабистон ва аз Аврупо то Чин чун забони пешрафтаи дунё медонистанд ва ҳамчун забони илм истифода мекарданд. Дар ин давраи дуру дарози таърих забони тоҷикӣ дар бархурди бузург бо қавму миллатҳои гуногуни дунё хазинаи вожагонии худро аз ҳисоби забони он қавму миллатҳо такмил дода, ба унвони забони муқтадири дунё арзи ҳастӣ кардааст.Дар ин росто, зикри ин нуктаро муҳим мешуморем, ки вомгирию вомдиҳии вожаҳо дар тамоми давру замон ҷараёни доимоамалкунанда буда, вобаста ба рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа вусъат меёбад ва ё камнур мегардад. Ин вижагӣ хоси забонҳои алоҳида набуда, дар ҷомеаи мутамаддин раванди ҳамешагиро касб кардааст. Ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ ва ё тараққии ин ё он соҳа боиси ба вуҷуд омадани мафҳумҳое мегардад, ки барои ифодаи онҳо калимаю истилоҳоти нав лозим мешаванд. Аз ҳама муҳим он аст, ки забонҳо дар гӯшаю инзиво зиндагӣ надоранд, онҳо дар канори ҳам буда, ба ҳам таъсир мерасонанд. Ҳолати мазкур ба он водор мекунад, ки истифодаи имконоти забонии ҳамдигар ногузир мегардад. Дар забони ретсипиент дар сурати набудани калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои дар забони донор бавуҷудомада истифодаи гунаҳои иқтибосӣ ногузир мешавад. Ин ҳолат, дар мисоли забони тоҷикӣ, ба он овардааст, ки ба ин забон дар тули қарнҳо аз забонҳои зиёде иқтибосоти луғавӣ ворид шаванд. Дар миёни забонҳои олам забони арабӣ аз муқтадиртарин забонест, ки калимаҳои он ба соҳаҳои гуногуни забони тоҷикӣ нуфуз кардааст. Ҳамчунин, дар давоми беш аз ҳазор сол калимаю истилоҳоти арабӣ ба забони уламою шуарою удабо ва фузалою фарҳехтагони миллатамон нуфуз карда, боиси ҳарчи бештар истифода шудани онҳо гардида, ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ шудаанд. Дар баробари забони арабӣ дар замони нави тараққиёти илму фанноварӣ калимаю истилоҳоти фаннӣ ва интернетию компютерӣ ва зеҳни сунъӣ сели калимаҳои аврупоиро ба забонамон овардааст, ки барои ҳамгунсозии онҳо вақт ва ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ лозим аст.
Бо гузашти қарнҳо забони тоҷикӣ як идда хусусиётеро доро шудааст, ки метавон муҳимтарини онҳоро зикр намуд.
1. Саргузашти миллати тоҷикро чун оина дар худ мунъакис карда, бозгӯкунандаи таърихи пуршебу фарози зиндагонии мардумамон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, барҳақ, нигоштаанд, ки “Забон, дар маҷмуъ, як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар, як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад”
2. Дар ҳамаи давру замон барои муттаҳидии миллати тоҷик мусоидат кардааст. Дар душвортарин замони зиндагӣ миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳо бахшида, ваҳдату ягонагии миллиро таъмин намудааст.Барои миллати куҳанбунёди мо дар қатори мафҳумҳои зиёди муқаддас вожаи «ваҳдат» аз арзиши маънавӣ ва ҳаётан муҳим бархурдор аст. Ҳамин мафҳум мардумро дар фазои иттиҳоду иттифоқ сарҷамъ меоварад ва сокинони як кишвари воҳидро перомуни ормонҳои воло ба хотири рушду тараққии ҷомеа муттаҳид месозад. Ваҳдати миллӣ аслитарин унсури ташаккулу такомули ҷомеаи ҳар кишвари дар роҳи демократӣ қадамгузор мебошад. Дар душвортарин марҳилаҳои таърихӣ халқи тоҷик бо истифода аз забон ва захираҳои неруи маънавии хеш тавонистааст буҳронҳои хатарноки мудҳишро пушти сар гузорад. Бо тавассул ҷустан ба ваҳдату иттиҳод хунинтарин марҳилаҳо дар таърихи халқи мо ба хотири ҳифозат аз фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ, русуми миллӣ, ақида, мазҳаб ва оинҳои мутараққии миллӣ аз шиддаташон коста ва бо тааммулу таҳаммули бошарофат сипарӣ гардидаанд. Бозтоби ин падидаи маънавӣ дар адабиёти деринасоли мо пешинаи қадим ва гуногун доштааст. Гузаштагони бофарру бофарҳанги мо ба мафҳуми ваҳдату ягонагӣ, ки сарвати бебаҳо маҳсуб мегардад, ҷиҳати пойдории оромиву амнияти кишвар бо диди шоиста назар кардаанд. Дар нахустин гомҳои адабиёти форсии тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ, дӯстиву ҳамбастагии халқҳо ва тарғибу ташвиқи ваҳдати халқу қавмҳои сокини кишвар будааст. Муҳаққиқони адаби форсии тоҷикӣ ғояҳои мазкурро баргирифта аз адабиёти бостонии қавмҳои ориёӣ медонанд, ки намунаҳои он имрӯз дастраси мардуми ҷаҳонанд. Ҳанӯз дар китоби муқаддаси «Авасто» мо ба пораҳое бармехурем, ки огандаи беҳтарин андарзҳои раҳнамудӣ ба ҳамбастагӣ ва зиндагии шоиста, некӣ ба ҳамнавъон, шоду пок зистан, хостори рӯшноӣ шудан, барои ободонии кишвар ва ҷаҳон кӯшидан, дар ҳолатҳои зарурӣ хашмро фурӯ бурдан, дурӯғ нагуфтан, обу ҳаво ва хоку оташро муқаддас дониста, барои покии онҳо талош варзидан, ҳимоят аз ҷонварон, рустаниҳо, риояти ҳуқуқу озодиҳои афроди ҷомеа ва дигар масоиле, ки ниёзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо ва ҳаллу таҳаққуқашон бештар шудааст, зеро он ҳама хушунат, зулм, даргириҳо ва фоҷиаҳои гуногун ба ахлоқу сиришти инсонҳо таъсири манфии муассире гузоштааст, ки барои ҳамаи мо равшантар аз офтоб аст. Бисёре аз ҳосили хомаҳои адибони номвари гузаштаи мо дар мавриди ваҳдату ҳамбастагии халқу миллат ва қавмҳо забонзади оламиён гаштааст. Ҳамин нукта ҷолибу диққат аст, ки тақрибан тамоми аҳли адаби тоҷик, хоса шуаро, аз хурд то бузург тавассути забони ноби тоҷикӣ ба тасвиру тавсифи ваҳдат даст задаанд, ки худ рамзу нишони ҳусни тафоҳуми умумимиллӣ буда метавонад. Ва боз муҳим ин аст, ки ваҳдат дар калимаю ибора, қолаб ва таркиб, шаклу тасаввурҳои рангине ғунҷонида мешаванд, ки дар батни худ дарки чандҷабҳаи онро фаро гирифтаанд: “ваҳдат”, ”ойини вахдат”, ‘ганҷи миллат”,“ватани ваҳдат”, “рӯзи мурод”, “ғазали сулҳ ва ваҳдат”, “таронаи муҳаббат”, “таронаи ягонагӣ”, “ суруди ваҳдат”, “ якдилӣ”, “нидои ваҳдат, “кӯчаи ваҳдат”, “манзумаи ваҳдат”, “посбони марзи ваҳдат”, “сулҳ”, “ҳисори ваҳдат”, “бахти ватан”, “ойинаи якрӯӣ”, “нури ваҳдат”, “ ғазали ваҳдат”, “таронаи ваҳдат”, “рӯзи ваҳдат” “кафили ваҳдат”, “пайки ваҳдат”,”субҳи ваҳдат” ва ғ.
3. Осори оламшумули таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, динӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, ситорашиносӣ, забоншиносию адабиётшиносии миллати тоҷикро дар шакли назму наср дар худ инъикос кардааст, ки дар муаррифии миллати тоҷик дар олам василаи беназир ба шумор меравад, ки овардани номгӯйи ин осор дар ин маврид ғайриимкон аст.
4. Забони сиёсат, девондорию давлатдорӣ будааст ва барои масоили шифоҳию хаттӣ ва дипломатии миллати тоҷик аз дуриҳои дури таърих то имрӯз хидмати мондагор карда истодааст. “Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-999) аз забон њамчун силоњи сиёсї дар муќобили араб барои касби истиќлол истифода карда, бори нахуст дар Хуросону Мовароуннањр парчами истиќлолро барафрохтанд ва сулолаву салтанатњои азимеро аз хонадонњои наљиби мањаллї бунёд намуданд. Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонї барои эњёи мероси фарњангии пешазисломии худ низ кўшишњо карда, осори таърихию бадеї ва диниву ахлоќии муаллифони худї ва бегонаи асри хешро аз забони арабї тарљума карда, њатто талош варзиданд, Ќуръони маљидро ба тољикї (дарї, форсї) баргардонанд” (7, 9).
5. Забони тоҷикӣ дар тарбия ва таълими башарият тавассути осори тарбиявию ахлоқии ба қалами намояндагони миллати тоҷик офаридашуда саҳми беназир гузоштааст. Осори безаволи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ганҷинаҳои тобнокеро мемонанд, ки дар инъикоси ҳаёти миллати тоҷик беназир мебошанд. Ҳамчунин, мероси адабию илмии устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон намунаи барҷастаи хидмати фидокоронаи миллати тоҷик ба башарият аст. Баҳое, ки Пешвои миллат ба кору пайкори Ибни Сино додаанд, бозгӯйи воқеияти ҳол аст: “Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдовори илми ҳазорсолаи мост. Ҳамду сано ба миллате, ки чунин абармардонро ба олами тамаддун эҳдо намудааст” (7, 364). Ин суханони Ҷаноби олӣ рамзӣ буда, ба ҳамаи абармардони олами зеҳнию фарҳангии миллати тоҷик мансубият пайдо мекунанд. Беҳуда нест, ки дар назди бинои ССМ дар шаҳри Вена муҷассамаи чор фарзанди бузурги миллати тоҷик – Абуали Ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва Закариёт Розӣ гузошта шудааст.
6. Забон ба унвони ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳамешагии миллат баромад карда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ хидматҳои мондагор кардааст. Мусаллам аст, ки дар давраи нави тараққиёти илму фановарӣ ба масъалаи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷумҳуриамон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки он ҷиҳати боло рафтани иттилооти таърихӣ ва аз бар намудани дастовардҳои бешумори илмию адабиамон мусоидат мекунад. Таррақии забон бидуни омӯзиши осори пурғановати миллиамон ғайри қобили тасаввур аст. Ин аст, ки зимни чорабиниҳои давлатӣ нашри на танҳо осори марбут ба адабиёт, балки осори марбут ба сиёсат, дину мазҳаб, иқтисоду тиб ва ғайра низ дар назар аст ва то имрӯз ҳамасола ҷашни уламою шуарою удабо ва фузалою донишмандон гирифта шуда, дар ин замина осори онҳо мунташир мегардад, ки дар давраи нави таърихӣ барои афзудани ғановати забон мусоидат менамоянд. Дар ин замина суханони пурҳикмати Пешвои миллат доруи дармони моанд, ки мефармоянд: “зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносиву худогоҳӣва кору хидмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд”. (7, 8.).
7. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи забони тоҷикӣ рақобатпазир будани он аст. Дар ҳама давраҳои таърихӣ забонҳои зиёде ба забони тоҷикӣ таъсир расонидаанд. Аз ҷумла, забони арабӣ бо сиёсат ва дин ба забони тоҷикӣ ҳуҷум кард, аммо руҳи шикастнопазир ва озодипарасти миллати тоҷик тавассути забон ба по рост истода, дар муқовимати шадид бар ин забони муқтадир ғолиб баромад. Дар ин ҷода нақши забони тоҷикӣ бо доштани таркиби луғавӣ ва сохтори дастурии мустаҳкам бузург аст.
8. Забони тоҷикӣ чун забони ҷашну маросим ва анъанаҳои миллати тоҷик зи дурии замонаҳо то имрӯз хизмат кардааст. Ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки мероси арзишманди гузаштагони мост дар вусъати худшиносию худогоҳӣ ва болоравии ҳисси миллии сокинони кишварамон мусоидат кардааст. Аз нав зинда кардани ин ҷашнҳои бостонии миллатамон зинда кардани садҳо калимаи ноби мансуб ба онҳо мебошад.
9. Дар давраи нави тараққиёти давлатдории миллати тоҷик барои нишон додани дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ мусоидат кардааст. Истиқлоли давлатӣ низ дар навбати худ барои шукуфоӣ ва боландагии забон нақши бениҳоят калон дорад. Дар ин давра бо роҳбарии Сарвари муаззами миллати тоҷик, Пешвои миллати фарҳангсолорамон нисбат ба забон иқдомоти беҳамтое шудаанд, ки онро таърихи забони мо ёд надорад. Ин иқдомот ба таври мухтасар иборат аз ташкили Комиссияи тадбиқи Қонуни забон (2005), қабули барномаҳои рушди забони давлатӣ (солҳои 2007-2012; 2012-2016; 2020-2030), эълон намудани соли 2008 ҳамчун соли забони тоҷикӣ, қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ (2009), таҳия ва қабули “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” (1998, 2011),“Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” 2021), баргузории ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра мебошанд.
Ин иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии рӯзафзуни забони давлатӣ мусоидати ҳамешагӣ намуда, иқдомоти сарнавиштсоз аст.
Китобнома
Ғафуров, Б.Тоҷикон (Таърихиқадимтарин, қадимваасри миёна). Китоби 1 [Матн]/ Б. Ғафуров. –Душанбе:Нашриётимуосир, 2020. – 701 с.
1. ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон“ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон” [Матн].– Душанбе :Шарқиозод , 2012.. – 20 с.
2. Минбари халқ. 11.09.2025, №37(1538) // Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ.
3. Назарзода, С. Забони ваҳдатгаро [Матн] / С. Назарзода // ПаёмиДонишгоҳимиллииТоҷикистон.–Душанбе, 2019. –№5. –С. 35-40.
4. Эмомалӣ, Раҳмон. Нигоҳебатаърихватамаддуниориёӣ[Матн] / Э. Рањмон. – Душанбе, 2006. – 372 с.
5. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён [Матн] / РаҳмонЭмомалӣ. –Душанбе: Ирфон, 2006. – 2с.
6. ЭмомалӣРаҳмон. Забонимиллат–ҳастиимиллат. Китоби 1 [Матн] / РаҳмонЭмомалӣ. –Душанбе, 2016. – 516 с.
7. Эмомалӣ, Раҳмон. Забонимиллат–ҳастиимиллат. Китоби 2 [Матн] / РаҳмонЭмомалӣ. – Душанбе, 2020. – 431 с.
 
Раҳматуллозода Сахидод
доктори илми филология,
узви вобастаи АМИТ
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
2- юми октябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” – и Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Забон – оиннаи миллат, омӯзгор - чароғи маърифат” бо иштироки Амирбекзода Сино – директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Раҷабов Абдулло – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Баротзода Файзиддин Камолиддин – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоёров Фирдавс Ниёзович – дотсенти кафедраи муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷобиров Абдулқодир Билолович – н.и.филологии кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур баргузор гардид.
Чорабиниро Амирбекзода Сино – директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда аҳли конфронсро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрику шодбош гуфт.
Дар идома аз ҷониби меҳмонон дар мавзуъҳои вобаста ба бузургии забони давлатӣ, мақом ва саҳми омӯзгор дар ҷомеа маърӯзаҳо пешкаши аҳли толор гардид.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни муассиса пешкаши меҳмонон гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ муайян гардида, мавқеи он тибқи қонунгузорӣ ҳамчун забони далатӣ муқаррар карда шудааст. Забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад.
Аз ин рӯ, мардуми бонангу номуси тоҷик ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон намудаанд, ки мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсия ҷойгир карда шуда, чунин меъёр пешбинӣ шудааст:
«Забони давлатии Тољикистон забони тољикї аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Забони тољикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.
Пешвои миллат дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22 июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштаанд, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст.
Қайд намудаанд, ки насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зењни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллї, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардидааст. Баъди қабул гардидани Қонуни мазкур дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тољикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва равобити дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Баҳри таъмини назорати риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таъсис додан, ки Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.
Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.
Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатиро сарфи назар намуда, бетарафӣ зоҳир менамоянд, ба забони модарии худ арҷ намегузоранд, истилоҳоти соҳавиро ғалат истифода мебаранд, меъёри забони адабиро дар оила, ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намекунанд, обрӯй, шаъну шарафи якдигарро паст мезананд, дидаву дониста номгузории ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо, эълону реклама, тамғаҳои молӣ, хизматрасониро ба забонҳои хориҷӣ мавриди истифода қарор дода, дар баъзе ҳолатҳо бошад забони давлатиро дар ҷойи дуюм қарор медиҳанд, инчунин, масъалаҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро аз забони давлатӣ, яъне аз муқаддасоти олӣ боло медонанд, ки чунин муносибати онҳо ба забони давлатӣ хатар оварда, минбаъд дар идоракунии давлатӣ оид ба таҳияи қонунгузории миллӣ ва давлати миллӣ мушкилоти зиёд бавуҷуд меояд.
Аз ин рӯ, барои таъмини назорати талаботи Қонуни мазкур ҳимояи забони давлатӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2022, №647 қабул гардидааст, ки Кумита назорати рушди сиёсати забони давлатиро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Дар асоси Нақшаи амалисозии Барномаи мазкур ҳифзи муқаддасоти олӣ дар идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад. Қайд менамоем, ки вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Таълиму тарбияи Модари тоҷик аст, ки ба дунё фарзандони фарзонаи бонангу номус, чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, ҳуқуқшиносони асил, олимон, шоирон ва мардони далеру шӯҷо овардааст, ки ҷавонон метавонанд пайравони онҳо шаванд.
Таърих гувоҳ аст, ки Забони модарӣ аз гузаштаҳои Модари тоҷик ба мо меърос монда, Модари тоҷик ҷиҳати таълиму тарбияти фарзандон дар идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Мафҳуми забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният буда, бо шарофати забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосу хостаҳои худро ба дигарон мерасонанд. Забони модарї як рукни асосии давлатдорӣ буда, риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, Пешвои миллат Забони давлатиро дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон намудаанд, ки дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқии истилоҳҳои Ватан, Модар ва Забон дар моддаи 2 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар карда шуда, аз ҷониби давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда мешавад.
Бинобар ин, шаҳрвандоне, ки Ватани худро, Забони давлатии худро ва Модари худоро дӯст медорад, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамватанони арҷман, мо дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-октябр қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2025 - 17:09
1-уми октябр, дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошт, эҳтирому арҷгузорӣ ва таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ зери унвони “Гиромидошти забони давлатӣ муҳимтарин омили бақои миллат” доир гардид.
Дар кори ҳамоиш, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини сардори Академияи ВКД – полковники милитсия – Абдулаҳадзода Абдулвоҳид, афсарон ва курсантони Академия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонону наврасони фаъол ширкат варзиданд.
Қабл аз қисмати расмии ҳамоиш, ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар идома, қисмати расмии ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад кушода эълон гардид.
Дар оғоз, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдулаҳадзода Абдулвоҳид суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз соли 2009 инҷониб баробар бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамасола санаи 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, таҳният намуд.
Сипас, роҳбари Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Хонзода Абдураҳмон Умар бо шукргузорӣ аз фазои амну суббот ва Истиқлоли комили кишвар суханронии хешро оғоз намуда, аҳли нишатро ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки рушд ва ташаккули худро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтааст, таҳният намуд.
Зимнан, Хонзода Абдураҳмон Умар оид ба марҳилаҳои ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ дар тули таърих ва ҷонисориҳои фарзандони миллати тоҷик бобати ҳифзу гиромидошти забони модарии хеш суханронӣ намуд.
Дар идома, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо арзи таманниёти хеш баҳри ҳозирин ва тамоми мардуми сарбаланди тоҷик бахшида ба ин рӯзи фараҳ суханронии хешро оғоз намуда, оид ба нақш ва мавқеи забони тоҷикӣ дар ташаккул ва шинохти миллат ҳамчун василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии миллати тоҷик ва яке аз бузургтарин арзишҳои миллӣ, ки миллатро ба ҳам меорад, ибрози назар намуд.
Зимнан, зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мавқеи конститутсионӣ дошта, пайваста тарғиб ва ҳифзи он зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақоми забони тоҷикиро, ҳамчун забони давлатӣ дар кишвар, дар сатҳи баланд инъикос намуданд.
Дар ин радиф, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ баромад намуда, бобати таҳкиму густариш бахшидани пояҳои забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин муқаддасоти давлатӣ ибрози назар намуданд.
Инчунин, иброз гардид, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгони мо – мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, ҳаким Фирдавсию Ҳофизи Шерозӣ, Хаёму Ибни Сино, Айниву Турсунзода ва садҳо нобиғагони дигари халқи тоҷик бо ин шеваи зебо сухан гуфтанду эҷод кардаанд. Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии миллати тоҷик ва риояи бечуну чарои меъёрҳои ин забони шевову раво вазифаи ҳар як тоҷики баору номус, ҳамчунин, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар охири ҳамоиш, як қатор афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизмати содиқонаву арзандаашон ва дарёфти муваффақиятҳои комил дар иҷрои рисолати бардӯшдоштаи хеш бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2025 - 17:05
30 сентябри соли 2025 дар толори Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ баргузор гардид.
Дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар маҳфил Абдуллозода Умеда муовини Раиси ҲХДТ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, шоирони халқии Тоҷикистон Назри Яздон ва Хайриддин Хайрандеш иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби ҳунармандони театри "Ҷавонон" ба номи Маҳмудҷон Воҳидов порчае аз "Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Бо садо додани сурудҳо ва порчаҳо аз ашъори Мавлоно ва дигар бузургони адаб маҳфил рӯҳияи баланду маънавии хосса гирифт.
Дар фарҷом як зумра фаъолони ҳизб бо медали ҷашнии "30-солагии ҲХДТ" ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2025 - 18:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард.

Маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод карда истодаанд.

Миллати тоҷик ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ ба зарбаи ҷонкоҳи таърих гирифтор гардид, вале ба шарофати хиради азалии худ он рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо иродаи матин ва рӯҳи қавӣ сипарӣ намуд.

Яъне дар он айёми фоҷиабор бо майлу ирода ва дастгириву пуштибонии мардуми куҳанбунёдамон хатари нест шудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик пешгирӣ карда шуд.

Миллати азизи тоҷик дар он давраи ниҳоят мураккабу тақдирсоз қаҳрамонии бемисли таърихӣ нишон дод ва ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои бостонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунсози дунё мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, сокинони кишвари мо ба истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷи хосса мегузоранд, аз ин дастовардҳои худ ифтихор мекунанд ва ин неъматҳои бебаҳои зиндагии худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандӯстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.

Ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ низ бо пешравиҳои назаррас дар иҷрои барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил мегардад.

 

То имрӯз мо дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёдеро амалӣ намудем.

Иқдомоти амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, болоравии некӯаҳволии мардум таъмин карда шавад.

Дар ин давра, махсусан, рушди бомарому бесобиқаи соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт таъмин карда шуд.

Аз ҷумла ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан шумораи муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот бамаротиб афзуда, танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз чор баробар зиёд гардиданд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд.

Дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон ба болоравии худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мусоидат карда истодааст.

Дар ин раванд, дар пойтахт ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо театр, қасрҳои фарҳанг, мактабҳои санъат, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат ва осорхонаҳо бунёд карда шуданд, ки ҳоло дар хизмати мардум қарор доранд.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз дар хонадони ҳар як сокини мамлакат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» мавҷуд аст.

Мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – ҳамосаи рӯҳи қудратманди миллатро низ дар ду ҷилд ба ҳар як оилаи кишвар дастрас гардонем ва ҳоло ин иқдом идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва рушди он барои наврасону ҷавонон ҳазорҳо иншоот бунёд карда шуданд, ки нисбат ба даврони гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.

Тайи 34 соли гузашта дар самти сиёсати хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ даҳҳо рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба вуқӯъ пайваст ва боиси болоравии нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи олам гардид.

Ҳоло Тоҷикистони азизи моро тамоми дунё мешиносад, эътироф ва эҳтиром мекунад, ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дастгирӣ ва амалӣ месозад.

Аз ҷумла бо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли 2025 мо бори дигар ба ҷаҳониён собит намудем, ки Тоҷикистон омода аст минбаъд низ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми назаррас гузорад.

Дар ин раванд, 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як ташаббуси Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қатъномаи махсусро якдилона қабул намуд.

Ҳамватанони азиз!

Дастовардҳои тайи 34 сол ноилшудаамон моро ба ояндаи ободу осудаи Ватани маҳбубамон дилпур месозанд ва дар айни замон, ба зиммаи ҳар яки мо масъулияти бузург мегузоранд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодии кишварамон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем.

Барои иҷрои ин масъулият ҳар яки мо бояд ба Ватан, миллат ва давлат содиқ бошем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем ва барои пешрафту ободии он боз ҳам бештар кор кунем ва заҳмат кашем.

Дар шароити буҳрониву бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд беш аз пеш муттаҳиду сарҷамъ бошем ва фаромӯш накунем, ки қудрату пойдории миллат дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Мо вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо баҳои бисёр гарон бадастовардаи худро эҳтиром, эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Соли оянда мо 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Бо мақсади истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги таърихӣ ҳамаи мо бояд барои созандагиву ободонии диёри биҳиштосоямон ҳарчи бештар заҳмат кашем, аз хонаву кошонаи худамон сар карда, тамоми қаламрави кишвари маҳбубамонро ободу зебо ва тозаву озода гардонем.

Бори дигар 34-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – истиқлоли давлатиро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди Ватан фараҳу шодмонӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (13 овоз)

Категория:

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Сентябр, 2025 - 13:33

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод забони тоҷикӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, иброз дошт, ки забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши асосӣ дорад ва ба ин далел забони миллат асоси бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ қабул ва эътироф кардаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Коррупсия– хатари зуҳуроти фарогир ба арзишҳои ахлоқии ҷомеа

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2025 - 13:35

«Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад»
Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия кирдорест, ки метавонад ба ҳаёти ҳамаррӯзаи мо таъсир расонад. Он аз як амали ночиз оғоз шуда, монеаи асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа гардида, боиси нобоварии мардум ба ҳокимият, заиф шудани қонун ва халалдор шудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ мегардад. Барои муқовимат бо ин падидаи манфӣ, на танҳо чораҳои давлатӣ, балки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. 
 Мақсади ҳар як ҷомеа ва њар як давлат, инчунин, роњбарияти сиёсии он ташкилу таъмини њаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалї мебошад. Вале барои ба ин њадафњои воло расидан ѓайриихтиёр монеањои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онњо кўшишҳои дастаљамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрўз ба хатарњои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо рўбарў гаштааст. Айни замон ба ин хатарњо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онњо алоқамандии зич дорад.
Бояд дар хотир дошт, ки коррупсия, воқеан, яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба њисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда, намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Коррупсия метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он эљод намуда, барои сар задани ҷиноятҳои гуногун замина гузорад.
 Бо ин ҳама коррупсия падидаи иљтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Ҳамин аст, ки имрўз муносибати шањрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, суйистифода аз мансаб, судхурӣ, хушомад задан ва ғайра таъбир мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки коррупсия амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ё кормандони дигарро дар назар дорад, ки онҳо манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои умумӣ болотар мегузоранд. Аммо ин истилоҳ на танҳо ба корхонаю муассиса ва мақомоти алоҳида дахл дорад, балки қариб дар ҳар ҷое, ки одамон, дар баробари қоидаву қонунҳо амал намекунанд, коррупися метавонад пайдо шавад. Масалан, вақте ки касе мехоҳад кореро на аз рӯйи қоида, балки бо роҳи ғайрирасмӣ ҳал кунад. 
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш. Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалњои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаљ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Мусаллам аст, ки коррупсия дар ҳамаи шаклу зинаҳояш ба пояҳои давлатдории муосир таҳдид мекунад. Ин падидаи номатлуб танҳо ба фошсозии ҳолатҳои алоҳида решакан намешавад, бояд заминаҳои пайдошавии он бартараф карда шаванд. Ин аст моҳияти пешгирии коррупсия, ки ниёз ба идораи сиёсӣ, муносибатҳои ҷиддӣ ва иштироки фарогири ҷомеа дорад. 
 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онњо 31 октябри соли 2003 қабул шуда, бањри амалӣ кардани ин мақсад чорањои мушаххас пешбинӣ намудааст. Муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Роҳбари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад.
Айни замон, дар кишвар барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла:
-Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия:
-Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
-Амалигардонии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
-Татбиқи технологияҳои электронӣ барои шафофияти хизматрасониҳо.
Пешгирии самаранокии коррупсия, дар Стратегияи миллии муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муайян шудааст, афзалияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз пешгирӣ воситаи муҳимми ҳимояи ҷомеа ва давлат аз фасод мебошад. 
Чӣ гуна метавон коррупсияро пешгирӣ кард?
1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон. (Камии маълумоти ҳуқуқи дар байни аҳолӣ);
2. Шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ;
3. Дастрасии озод ба иттилоот ва ҳисоботдиҳии доимӣ аз ҷониби роҳбарони идораву муаасисаҳо, як воситаи боварии мардум;
4. Иштирок дар барномаҳои таълимии зиддикоррупсионӣ;
5. Фош кардани ҳолати коррупсионӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
6. Тарбияи насли нав дар руҳияи зиддикоррупсионӣ. 
Мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фарҳангӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма бояд дар ин раванд якҷоя ва фаъол бошанд. Фақат дар чунин ҳолат мо метавонем ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Пешгирии коррупсия бояд дар зеҳни шаҳрвандон ҳамчун як вазифаи шахсӣ, на фақат давлатӣ ҷой гирад.
Гарчанде, ки маъмулан кумитаю идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дониста мешаванд, нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон хело муҳим аст. Масалан, дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи бандҳои Стратегияи милли муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир мегарданд. Маҳз чунин таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки мубориза бо каррупсия танҳо кори прократура ва Агентӣ нест, балки як ҳаракати умумимиллист. Кумита кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ислоҳи камбудиҳо чораҳои дахлдоро амалӣ наморяд.
      Бо мақсади дарки кормандон аз хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар маҷлисҳои назорати аз ҷониби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита ва Директри маркази тарҷумаи назди Кумита машварату маслиҳатҳо доир гардида, вобаста ба Стратегия корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
   Ҳамзамон, бо мақсади аз бай бурдани ин амалҳои номатлуби ба ҷомеа зараровар, дар Кумита фаъолияти рақамӣ ба роҳ монда шуда, гардиши ҳуҷҷатҳо тавассути ҳукумати электронӣ анҷом дода мешаванд. 
Маврид ба зикр аст, ки санаи 7-уми майи соли 2025 дар толори Кумита бо иштироки корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия подполковник Розиқзода Алихон вохурӣ баргузор гардид. Мавсуф дар мавзуи «Баррасӣ ва пешниҳоди Агенти дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва таъсири бевоситаи он ба ҷомеа» баромад намуда, муҳтавои мавзуи болозикрро ба кормандон шарҳу тавзеҳ дода, аз хатар ва зиёни ин амалӣ ба ҷомеа таҳдидкунанда, дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Агар  ҳар як муассиса - мактаб, беморхона, корхона, идораҳои давлатӣ аз дохил муқовимати шахсиро бо коррупсия ташаккул диҳанд, пас мо натанҳо дар сатҳи стратегӣ, балки дар зиндагии воқеӣ ба ҷомеаи шаффоф наздик мешавем.  
Мубориза бо коррупсия фақат аз мубориза бо оқибатҳои он оғоз намешавад, он бояд аз решаҳо, аз тарбия, аз намунаи шахсӣ ва аз иштироки беамони шаҳрвандон бар зидди беадолатӣ оғоз гардад. Фақат чунин мубориза самараи воқеӣ хоҳад дод. Ин муборизае, ки некуаҳволии ҷомеаро таъмин мекунад.
Масъулиятшиносӣ бояд аз хурдсоли ба инсонҳо омӯхта шавад. Дар мактабу донишгоҳҳо бояд на танҳо донишомӯзӣ, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ диққати махсус дода шавад. Чораҳои таълимӣ ва семинару конференсияҳо метавонанд дар ташаккул додани ҳисси масъулият ва эҳтироми қонун мусоидат кунад.
  Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва давлат метавонем муҳити поки сиёсӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварем. Ҳар нафар бояд бо риояи қонун, росқавлӣ ва беғаразиро пеша кунад.
Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо, кормандони Кумита ин аст, ки дар Кумита ва дар байни мардум корҳои тарғиботиро пурзӯр карда, барои решакан кардани ин амали хатарзо тамоми сокинони кишварро талқин намем. 
Мо бояд мардумро ба меҳнати ҳалол ва шукргузорӣ даъват намуда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар корҳои муҳимро анҷом диҳем. Бо ҳамкории якҷоя мо метавонем зиндагии осоишта ва покдилонаро таъмин кунем ва барои наслҳои ояндаи ҷомеаи одил ва шаффоф бунёд намоем.

Мирзозода Мирзошариф Одина
корманди Кумитаи забон ва            
истилоҳоти назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Тамошои дастҷамъонаи суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2025 - 15:05

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ баргузор гардид.
Кормандони Кумита дар ин чорабинӣ бо рӯҳияи баланд ширкат варзида, бо ифтихор ва эҳтиром ба суханҳои пурҳикмати Пешвои миллат гӯш доданд. Ҳозирин таъкид намуданд, ки Рӯзи дониш ва баргузории дарси Сулҳ на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки ҷашни ваҳдату худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба дониш, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Иштирокчиён бо итминон зикр карданд, ки андешаву ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳизбиён ва ҷавонон хизмат намуда, онҳоро ба хидмат ба Ватан, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти давлату миллат ҳидоят месозад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2025 - 14:05

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 30-юми август дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.3 (3 овоз)

Категория:

Бахшида ба 34-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Баротзода Файзиддин иштирок ва суханронӣ намуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Август, 2025 - 17:05

Иброз гардид, ки масъалаи асосӣ ва муҳим, дастоварди арзишманде, ки мояи ифтихору побарҷойии миллати мо дар охири асри XX гардид, ин ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки миллати мо аз уҳдаи он сарбаландона баромада тавонист.
Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва шуъбаи маорифи ноҳия семинар-машварат гузаронида шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Август, 2025 - 11:05

Дар он бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” шарҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Август, 2025 - 10:05

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 23-юми август дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Семинар-тренинг дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Август, 2025 - 15:05

22-юми августи соли 2025 дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм Семинар-тренинг дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Зулфониён иштирок намуда, ба иштмрокчиён оид ба дастовардҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 маълумот дода, мафҳумҳои асосии қонунро дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ доданд. Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад.
Дар машғулият муҳтавои ҳар як боб ва модда ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, дар хотима иштирокчиёни машғулияти идоравӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Август, 2025 - 11:05

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.
Дар он муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷумаи Кумитаи забон ва истилоҳот Ҳамрохон Дӯстзода, муовини директори марказ, намояндагони Мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти Кумита доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ карданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин, таъкид гардид, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2025 - 11:05

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 16-уми август дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Август, 2025 - 12:05

Роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 9-уми август дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Август, 2025 - 11:05

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Душанбе, 02.08.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 2 август дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Июл, 2025 - 12:12

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот вобаста ба фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба намояндагони ВАО маълумот пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки Кумита ҷиҳати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар нимсолаи якуми соли 2025 фаъолияти 39 адад мақомоту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатиро мавриди назорату санҷиш қарор дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (нимсолаи якуми соли 2024 18 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ) 21 адад ё 59% зиёдтар мебошад.
Кумита ҷиҳати иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 оид ба иҷрои бевоситаи вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣва ороиши шаҳри Душанбе» 266 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати мутобиқати забони матни ангораҳо ванавиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда, онро мувофиқа намудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 Кумита дар муқоисабаҳаминдавраисоли гузашта (нимсолаи якуми соли 2024 246 адад мавод) 20 адад мавод ё 8% зиёдтар маводи ташкилотҳои болозикрро баррасӣ ва мувофиқа намудааст.
Дар нимсолаи якуми 2024дар умум 69690 истилоҳ дар баррасии Кумита қарор дошт, дар нимсолаи якуми 2025 бошад 10936 истилоҳ баррасӣва мувофиқа шуда, ки аз он 6 луғат, 2 дастури таълимӣ-коргузорӣ, 4 асари Пешвои миллат, 4 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 10 вожаву истилоҳоти тахассусӣ ва ғ. мебошад.
Кумита дар нимсолаи якумисоли 2025 теъдоди 42 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ карда, хулосаҳо додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2024 теъдоди 64 адад буд) 22 адад ё 34,3% камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016, №325 тасдиқ гардидааст, Кумита ба ҳайси ҳамоҳангсоз ва назоратбарандаи сиёсати забони давлатӣ оид ба номгузории шаҳрвандон муайян гардида, тибқи талаботи Феҳристи мазкур оид ба номгузории фарзанд, ивази ному насаб ва дуруст нависии онҳо дар шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.Дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 245 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд дар асоси хулосаи Комиссияи номгузории номҳоимиллии назди Кумита хулоса пешниҳод шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Июл, 2025 - 12:21

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда ҷамъбаст гардида, нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2025 тасдиқ гардид. Аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ» барои чоп тавсия дода шуд.
Инчунин барои саҳми муносибу арзанда гузоштан дар пешрафти сиëсати давлатии забон ба як қатор кормандон Ифтихорнома тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июл, 2025 - 15:06

Рӯзи 4-уми июли соли 2025 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филология Хоҷамирзода Муслиҳиддин семинари омӯзиши дар мавзуи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба Қонуни мазкур мавриди муҳокима ва шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.
Дар семинар роҳбарият, кормандони Кумита ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» иштирок намуданд. Раиси Кумита С. Раҳматуллозода семинарро ифтитоҳ карда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки имсол ба кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 18-сол пур шуд ва гузашти замон собит намуд, ки қабули ин санади миллӣ бо ташаббусу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодию сиёсии миллат ва мамлакати мо қабул шуд. Зеро ин Қонун боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва маросиму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон дигаргунӣ ва таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, яке аз Қонунҳои ҳаётан муҳимми мо мебошад.
Баъд аз гузориши М. Хоҷамирзода баҳсу мунозира ва совалу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳозирин иттилоъоти зарурии худро дарёфт карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2025 - 15:50

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Ваҳдати миллӣ дар ҳалқаи давлатҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати Президенти Тоҷикистон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Чунин иброз намудааст Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.
— Имрӯз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.
Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолии мамлакат паси сар монд. Санаи бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷавондмарди даврони худ ба низоъҳои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар мамлакат барқарор гардониданд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш оварданд, кафили истиқлоли сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гаштанд, ки Пешвои тоҷикон миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад, хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат мебахшанд.
Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққатҳои зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Он волотарин шоҳасари миллӣ маҳсуб ёфта, мавриди омӯзиши кулли мардуми сулҳхоҳи олам қарор дорад. Чунон ки худи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд: «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан, ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳоварӣ эътироф гардид».
Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумон аз он ибтидо мегирад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари давлат аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.
Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Сарвари давлат чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба Пешвои мо ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ дорад. Ҳамзамон, бовар дорем, ки Роҳбари давлати мо аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҳар гӯшаи олам, ки сухан ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо меравад, номи Тоҷикистон низ ҳамрадиф бо онҳо садо медиҳад ва номи Роҳбари давлат чун ғамхори аҳли башар ёд мешавад.
Чунин ибтикори шоиста бозгӯйи онанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷомеаи тоҷикон иқдоми созандаро амалӣ месозад, балки дар ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об, балки дар масъалаи сулҳофарӣ низ мақоми Пешвои байналмилалиро доро мебошанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои давлатро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд.
Хотимаи сухани худро мехоҳам бо он ибораҳои заррине, ки дар шоҳасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» омадааст, анҷом бахшам: «Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем».
АКС: АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2025/06/tamomi-komyobi-oi-millat-va-saodati-r-zgori-mardum-az-itti-odi-mill-ibtido-megirad/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Июн, 2025 - 15:50

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни Конференсия муовини якуми раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода иброз намуд, ки муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст. Аз ин рӯ, месазад барои пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
Таъкид карда шуд, ки забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қамвият ва дар ниҳоят мамлакат аст.
Аз ин хотир, забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд. Он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот дар ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тули таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст.
Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Дар Конференсия зиёда аз 20 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар масъалаҳои нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих, сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 28 соли Ваҳдати миллӣ муҳокима карда шуд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Июн, 2025 - 10:10

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд
Душанбе, 21.06. 2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 21 июн дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Июн, 2025 - 11:50

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд
Душанбе, 14.06. 2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 14 июн дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июн, 2025 - 13:50

Рӯзи 4-уми июни соли 2025 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти Ташкилот дар давоми 5 моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода, намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва кормандони Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад раиси Кумита иброз доштанд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди корҳои идеологӣ-ҳизбӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбӣ пайваста кушиш намуда, дар роҳи амалисозии ҳадафҳои ҳизб талош менамояд.
Ташкилот аз оғози фаъолият яке аз таблиғкунандаи асосии идеологияи давлатӣ ва дастгирии асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яке аз омилҳои дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ифтихор доштан аз давлатдории навини худ мебошад.
Ҳамзамон, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни суханронии худ фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими супоридани шаҳодатнома ба хатмунандагони курси «Пайравони Пешвои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июн, 2025 - 17:50

Дар IT PARK DUSHANBE - Маркази технологияҳои пешқадами шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» - ро, ки давоми нимсоли охир 110 нафар фаъолҷавононро аз сафҳои муассисаҳои олии ҳудуди пойтахт ба омӯзиш фаро гирифта буд, доир намуд.
Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ибтидо аз соли 2019 то инҷониб бо мақсади ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибмалака, омода намудани онҳо ҳамчун кадрҳои ҷавон ва содиқ ба Ватану миллат, омӯзонидани мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби онҳо ба фаъолияти волонтёриву ҷамъиятӣ ва расонидани хизматрасониҳои алоқаманд дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ба ин васила ташаккул додани афкори сиёсиву баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шунавандагони курс мусоидат намуд.
Ташкили курс танҳо ба он хотир нест, ки иштирокчиён бо фаъолияти шахсони барӯманди ҷомеа ва ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ бохабар шаванд, балки бо гирифтани донишҳо қувваи зеҳнӣ ва тафаккури худро мустаҳкам намоянд.
Саҳми аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», ки фисади бештари онҳо хатмкунандагони курс дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ назаррас буда, натиҷаи фаъолияти самарабахши онҳо аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифтааст.
Ин курс бо ҷалби ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои мухталиф ва соҳибкорони муваффақ дар давоми ним сол баргузор гардида, ба шунавандагони он имрӯз дар арафаи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва дипломҳои хатм супорида шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июн, 2025 - 13:50

Имрӯз, дар шуъбаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинар- машварате баргузор гардид, ки ба масоили риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони ноби тоҷикӣ бахшида шуда буд.
Ин тадбири омӯзишӣ, бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он кормандони муассисаҳои маорифи ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар оғози намоиш, намояндагони Кумитаи мазкур, доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ карданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин, намояндаи Кумита таъкид дошт, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар "Дави дӯстӣ"

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Июн, 2025 - 08:34

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ НОМГУЗОРИИ НАЗДИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ НОМГУЗОРИИ НАЗДИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Май, 2025 - 19:50

Рӯзи 31 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи номгузории назди Кумитаи забон ва истилоҳот бо роҳбарии Раҳмонзода Абдулло - Ёрдамчии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баргузор гардид.
Инчунин дар он забоншиносон ва кормндони Кумита иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххас андешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ҶУЗЪЕ АЗ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Май, 2025 - 18:26

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби либосҳои миллӣ, худдорӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки ба бар намудани либоси миллӣ ва тарғиби он байни аҳолӣ дар пешгирӣ намудани либоспӯшии баъзе занону духтароне, ки ба либос ва фарҳанги бегона тақлид менамоянд, таъсир мегузорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Май, 2025 - 11:10

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд
Душанбе, 31.05.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 31 май дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ТЕАТР ОИНАИ ЗИНДАГӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Май, 2025 - 15:17

Шоми дирӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори ҷашни ваҳдати миллӣ намоиши ҷаззоби дидани аз ҷониби ҳунармандони театр намоиш дода шуд.
Зимни тамошои намоиши театрӣ дар баробари дигар мухлисони театр кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошои саҳнаи театрӣ омада, аз ҷаҳони маънавии театр баҳравар гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Суратгузориш аз рафти санҷиши кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти томактабии № 81-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Май, 2025 - 15:50
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Суратгузориш аз рафти санҷиши кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти томактабии № 90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Май, 2025 - 11:50
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

СИФАТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Май, 2025 - 21:50

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.
Гурӯҳи кории Кумита наврасону ҷавононро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, иброз намуданд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.
Иброз гардид, ки қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 94 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохурӣ баргузор намуданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Май, 2025 - 15:50

Гурӯҳи кории Кумита наврасону ҷавононро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, иброз намуданд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.
Иброз гардид, ки қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2025 - 21:50

Дар вохурӣ бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” шарҳ дода шуд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ сардори шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи забон ва истилоҳот Эраҷ Сафарзода наврасону ҷавононро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, иброз намуд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.
Иброз гардид, ки қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ОМӮЗИШ БА ХОТИРИ ИНКИШОФИ МАЛАКАИ КАСБӢ.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2025 - 19:50

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт машварати омузишӣ баргузор гардид. Зимни он аз ҷониби намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" шарҳ дода шуд
Иштирокдорон вобаста ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, сухан гуфта, изҳор доштанд, ки забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштани Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ-ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Дар идома гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» амалӣ мегардад, ки ҳадафи он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад.Яке аз самтҳои Барнома низ омўзиш, назорат, таҳлил ва амалисозии сиёсати забони давлатӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ».

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2025 - 11:50

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд
Душанбе, 24.05.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 24 май дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ноҳияи Ванҷ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Май, 2025 - 21:50

Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва доир ба амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ« ҷиҳати бо назардошти риояи қатъии қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Ванҷ суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ сардори шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи забон ва истилоҳот Эраҷ Сафарзода наврасону ҷавононро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, иброз намуд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.
Иброз гардид, ки қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Май, 2025 - 19:50

Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва доир ба амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ« ҷиҳати бо назардошти риояи қатъии қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.
Масъулони Кумита зимни санҷиш наврасону ҷавононро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, иброз намуданд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост. Ин забон, ки аз умқи асрҳо то ба имрӯз расидааст, ганҷинаи бебаҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» яке аз барномаҳои муҳимми ҷумҳурӣ доир ба сиёсати забон ба ҳисоб рафта, баҳри амалисозии он вазорату идораҳои гуногун, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайра вазифадор карда шудаанд.
Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ НОМГУЗОРИИ НАЗДИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Май, 2025 - 17:50

Рӯзи 20 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи номгузории назди Кумитаи забон ва истилоҳот бо роҳбарии Раҳмонзода Абдулло - Ёрдамчии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баргузор гардид.
Дар он инчунин Ҳамидиён Орзу- мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забоншиносон ва кормндони Кумита иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххас андешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Май, 2025 - 15:50
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ».

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Май, 2025 - 11:50

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд
Душанбе, 17.05.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 17 май дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Май, 2025 - 10:18

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 10 май дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2025 - 20:18

Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.

Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.

Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.

Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.

Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.

Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.

На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.

Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.

Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.

Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.

Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.

Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.

Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.

Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.

Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.

Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.

Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.

Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.

Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.

Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.

Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.

Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.

Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.

Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.

Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.

Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.

Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

«ИДИ ҒАЛАБА - НИШОНА АЗ РӮЗГОРИ ПУРФОҶИАИ БАШАРИЯТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2025 - 19:14

      Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ доктори илми филология, Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода бо эҳтирому қадрдонӣ аз саҳми бузурги иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки насли шуҷои мардуми тоҷик дар он замони вазнин барои ҳимояи Ватан ва ҳифзи шарафи миллӣ ба муқовимати беамон бархостанд ва осоишу суботи имрӯз низ самари ҷоннисории онҳо мебошад. Дар ҳамоиш доктори илми таърих, профессори Акадмеияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Ализода изҳор дошт, ки пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу якпорчагии Ватан арзишҳое ҳастанд, ки бо нархи гарон ба даст омадаанд ва ҳифзу нигаҳдории онҳо рисолати ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиети ба ном Рудакии АМИТ Муҳаммадҷонзода Олимҷон зимни баромади хеш таъкид намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд. Иштирокдорон дар идомаи суҳбат аз таърихи ин ҷанги хонумонсуз ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар амалиёти ҷанг, ки қариб чор сол давом кард ва бузургтарин задухурди мусаллаҳона дар таърихи башарият гардид. Ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи забон ва истилоҳот Мирзошариф Мирзозода дар мавзуи «Корнамоии фарзандони тоҷик дар муҳорибаҳои аввали Ҷанги дуюми ҷаҳон» маъруза намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

ҲИФЗИ ЗАБОН- ВАЗИФАИ ҲАМАГОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Май, 2025 - 06:58

     7- уми майи соли равон дар робита ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ маҳфили навбатии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” доир шуд. Меҳмони маҳфил корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода дар мавзуи “Роҳҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАО” суҳбат намуд. Ӯ иброз дошт, ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.  Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бориз мегузорад. Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо  зикр карданд, ки  мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Масъалаи дигаре, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад,- иброз дошт Зулфониён Раҳим. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама  соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа хеле нигаронкунанда буд. Бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлол ин вазъи барои миллату давлат ногувор маҷрои худро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйир дод. Яке аз ин самтҳо таълими ҷиддии забони тоҷикӣ ба сифати фанни ниҳоят муҳим ва тақвиятбахши рукнҳои давлати миллӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёт, бавижа дар факултаҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
     Сипас, оид ба вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ, таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ба забони давлатӣ бехато навиштани шиору овезаҳо суҳбати озоду самимӣ доир шуд. Ба саволҳои марбут ба ин мавзуъ корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода посух дод.
Ба назари номбурда гоҳе  бо блогероне дучор мегардем, ки ҳангоми муоширату суханронӣ ва навишташон на аз вожаҳои нобу пурмаънию беғалат, балки аз калимаҳои қабеҳу жаргонҳои бегонаю ғайримеъёрӣ истифода мебаранд, ки ин аз камдонишии он блогер ё соҳибзабон дарак медиҳад ва ниёз ба омӯзиши забони модарӣ доштани ӯро ошкор менамояд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки барои зиёд намудани шумораи обуначиён блогерон имрӯзҳо аз тамоми роҳу воситаҳо истифода менамоянд. Яке аз ин воситаҳо истифода намудани калимаҳои дурушту дағал ҳангоми гуфторашон мебошад. Аз ҷумла, дар гуфтори баъзе аз онҳо калимаҳои омехта аз ҳар забон, ба монанди «кокс те аз ин ҷо» ба маънои аз ин ҷо рав, «дакладовать кун» ба маънои шарҳ деҳ, «интересний нестай» ба маънои ҷолиб нест ва калимаву ибораҳои кӯчагии «э, ма наём», «хит кн гапа», «бги дега» ва дигар калима ва ибораҳои қабеҳу ғайримантиқӣ, ки ба забон овардани онҳо ғайриимкон низ мебошад, ҷой доранд.
Таассуфовараш он аст, ки имрӯз баъзе наврасону ҷавонон ба чунин блогерон тақлид намуда, дар кӯчаю хиёбонҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ин ибораҳоро истифода мебаранд. Чунин суханҳои қабеҳ ба рафтору гуфтори наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида, дар оянда ба рафтор ва сухангӯии онҳо таъсир мерасонад.
     Ҳангоми мубоҳиса аҳли нишаст ба натиҷа расиданд, ки воқеан имрӯз забони тоҷикӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Яъне, забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Давлат барои ҳифзу пешрафти забон шароит фароҳам меорад. Натиҷаи дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз забони ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарини созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва кӯшишҳо барои ҳақадами замон намудану ба забони илму технологияи муосир табдил додани он  босуръат идома дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Категория:

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва раванди татбиқи он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Май, 2025 - 06:29

Дар Кумитаи забон ва истилоҳот роҳҳои пешгирии коррупсия шарҳ дода шуд 7 майи соли 2025 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва раванди татбиқи он" аз тарафи намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши назариявӣ гузаронда шуд. Дар раванди хониш мафҳум, моҳият ва таърихи коррупсия, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби замони муосир, такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, барномаи амали он дар марҳалаи якум, яъне солҳои 2021-2025, инчунин, роҳҳои пешгирӣ, инчунин, кам кардани хавфи коррупсионӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар охири муҳокимаи мавзӯи омӯзиши назариявӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, иброз гардид, ки бо татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалӣ намудани барномаҳову консепсияҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақсади асосии онҳо паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва дар натиҷа муҳайё намудани зиндагии шоиста ба ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад, мо метавонем дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ва паст намудани шиддати он ба натиҷаҳои назаррас расем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Май, 2025 - 10:31

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд Душанбе, 03.05.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 3-юми май дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад. Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Май, 2025 - 13:52

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 майи соли 2025 №291
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и
назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Дӯстзода Ҳ.Ҷ.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Апрел, 2025 - 13:34

Дар он Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид. Зимни он ҳисоботи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 шунида шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот бо намояндагони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон, блогерон бо иншооти бузурги аср НБО-и "Роғун" шинос гардиданд.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Апрел, 2025 - 10:15

Ҳайати иштирокчиён аз марҳилаҳои асосии сохтмон, иншооти калидӣ ва таҷҳизоти насбшудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд. Инчунин ҳайат аз минтақаҳои муҳими иншоот, аз ҷумла қисматҳои зеризаминӣ, нақбҳои нақлиётӣ ва системаи турбинаҳо боздид ба амал овард. Таъкид карда шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо сохтмони азим, балки далели бебаҳси тавоноии миллати тоҷик, рамзи неруи эҷодкорӣ ва пайванди инсон бо табиат аст. Дар фазое, ки об ва неру рамзи ҳаёт мебошанд, нақши ин неругоҳ ҳамчун сарчашмаи энергия, рушд ва тавоноии мамлакат ба таври амиқ эҳсос мегардад. Дар шиддати асри XXI, ки рақамикунонӣ ва инноватсия ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир шудаанд, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маркази ҳамоҳангии технологӣ табдил меёбад, ки бо равшангарии ҳадафҳои баланд ба самти ояндаи дурахшон пеш меравад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар мавсими театрӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Апрел, 2025 - 10:11

    Аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи июни соли 2025 мавсими нави театрӣ идома дорад, ки дар доираи он намоишҳои нав ба саҳна гузошта шуда, кормандони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ ба тамошои онҳо ҷалб мегарданд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон ба театр ва баланд бардоштани руҳияи ҳунарпешагон мебошад.
   Ин навбат кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иштирок намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Апрел, 2025 - 10:09

   Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд Душанбе, 26.04.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат субҳи 26-уми апрел дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
   Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад. Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

ДАРСИ НАВБАТИИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Апрел, 2025 - 10:06

     Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатии курси омодасозии "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" доир гардид, ки дар кори он Раҳматуллозода Сахидод – Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо шунавандагони курс суҳбати озоду самимӣ доир намуданд. Зимни суҳбат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории тоҷикон табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, Раҳматуллозода Сахидод дар бораи аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, риояи қонун дар бораи забон, қоидаҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" шарҳ дода шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Апрел, 2025 - 13:42

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Раҳматуллозода Сахидод вобаста ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, сухан гуфта, изҳор дошт, ки забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад. Таъкид гардид, ки эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштани Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ-ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад. Дар идома гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» амалӣ мегардад, ки ҳадафи он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад.Яке аз самтҳои Барнома низ омўзиш, назорат, таҳлил ва амалисозии сиёсати забони давлатӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ", қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Апрел, 2025 - 17:11

     Идомаи машғулиятҳои курси бозомӯзӣ Дар доираи курси бозомӯзӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳматуллозода Сахидод барои масъулини бахшҳои таблиғоти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи "Риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ", қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ" дарс гуфт.
     Дар ин машғулият Раҳматуллозода Сахидод дар бораи аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, риояи қонун дар бораи забон, қоидаҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мост.
     Ин забон, ки аз умқи асрҳо то ба имрӯз расидааст, ганҷинаи бебаҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

МУҲАҚҚИҚИ ХИРАДМАНДУ НУКТАСАНҶ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Апрел, 2025 - 16:49

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

   Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи илм дар муассисаҳои илмию фарҳангӣ гузашта истодааст. Таҳқиқу баррасӣ ва донишҳои гуногуни назарӣ аз қадим диққати донишмандони тоҷикро ҷалб кардааст. Аз Эъломияи Куруши Кабир то пешниҳодҳои беназири Сарвари давлатамон дар робита ба об дар СММ, гувоҳи зеҳни волои миллати тоҷик мебошад. Ин аст, ки машғул шудан ба илм аз вазифаҳои муҳими илмӣ ба шумор меравад. Яке аз донишмандоне, ки умри бобаракати худро ба ин самти муҳим бахшидааст, профессор Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш таъкид карда буданд, ки халқ ба хотири ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашида, дар соҳаҳои худ ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд.
   Ин таъкидҳои Пешвои миллат бозгӯи обрӯю эътибори ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад, ки дар арсаҳои гуногуну соҳаҳои мухталиф фаъолияти пурсамар намуда, дар шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Яке аз чунин, фарзандони содиқи Ватан, доктори илмҳои ҳуқуқ, ходими илмию давлатӣ, генерал-майори милитсия Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
   Мардони хирадманд, покҷавҳару нексиришт ва ҷасуру росткор ҳамеша ва дар ҳар давру замон мавриди эҳтиром ва писанди ҳамагонанд. Зеро онҳо бо хислату фазилатҳои хоси худ дар ҷомеа нодиру камназиранд. Эшон хушбахтии худро дар саодати мардум дониста, ҳаргиз барои манфиати шахсии худ талош намеварзанд. Аз ин рӯ, ин гуна ашхос тавассути хираду фазилатҳои наҷиб ва амалҳои неки хеш дар зеҳнҳо боқӣ монда, аҳли ҷомеа онҳоро қадршиносӣ менамоянд ва азиз медорад.
Моҳи марти соли равон, ин шахсияти муътабару баруманди кишвар, олим, устод, муҳаққиқ, инсони комил ва донишманди соҳибмактаб, яке аз саромадони илми ҳуқуқ дар кишвар Зоир Ҷурахон Маҷидзода ба синни мубораки шасту ҳашт қадам мениҳанд. Аз синни шаст боло дар байни мардуми мо эҳтироми хоссае дошта, қуллаеро мемонад, ки аз баландии он ба поёниҳо бо назари ифтихор ва қаноатмандӣ менигаранд.
Дар рӯзҳои Ҷашни ниёгонамон Наврӯз, 26-уми марти соли 1957, дар деҳаи зебоманзари Яхчашмаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадани Зоир Ҷурахон-собиқ вакили мардумӣ, муҳаққиқи дақиқназар, шахси суханвару пурмаҳсул, ҳалиму меҳрубон ва, умуман, инсони комил фоли нек ва пайомади хуш буда, ба фазилати ӯ созгор аст.

   Устод Зоир Ҷурахон таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи ҳатмиро солҳои 1964 то 1974 дар мактаби №2-и зодгоҳаш гирифта, аз соли 1975 то 1977 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намуда, мисли дигар халқияту миллатҳои замони шуравӣ бо ифтихор савганди садоқат ба забон оварда, дар ҳимояи Ватан баҳри пойдорӣ ва ҳастии он, марзи кишварро ба қиммати ҷон ҳифз намудааст. Мавсуф барои идомаи таҳсил соли 1978 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1983 бо муваффақият хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар Донишкада ӯ дар ҳаёти ҷамъиятии он ва ба хусус, корҳои иттифоқи ленинии ҷавонон (комсомол) фаъолона ширкат мекардааст.
   Генерал Зоир Ҷурахон бо як матонат ва ғайрати ҷавонмардӣ, фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1983 ба ҳайси нозир ва ваколатдори оперативӣ оғоз намуда, худро ҳамчун корманди фаъолу ҷӯянда, болаёқату ташкилотчӣ нишон дода тавонистааст. Номбурда аз зумраи он нафароне мебошад, ки солиёни зиёд умри бобаракати худро дар мақомоти корҳои дохилӣ паси сар намуда, дастуру тавсияҳои ин ниҳоди қудратиро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, дар як қатор вазифаҳои роҳбарикунанда: корманди оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, то муовини сардор ШКД ноҳияи Бохтар, шунавандаи Академияи ВКД Федератсияи Россия, сардори шуъбаи 3-юми Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, сардори ШКД ноҳияи Шоҳмансур, сардори Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, муовини котиби Шурои Амнияти Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷиистон, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлёти ВКД Тоҷикистон, муовини директории Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди ИДМ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташакили ВКД Тоҷикистон, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар ҳашт Раёсатҳои ин ниҳодҳои қудратӣ роҳбари кардааст, ки чунин роҳбарон ангуштшуморанд.   
Мавсуф дар миёни кормандони Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҳисоби кормандони амалӣ, аввалин шахсе мебошад, ки ба шароитҳои сангини солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон нигоҳ накарда, бар зидди ҷинояту ҷиноятгорӣ мубориза бурда, дар даст қалам ба навиштани рисолаҳои номзади ва докторӣ машғул шуд.
   Дар солҳои вазнини ҷанги таҳмили дар кишвар, устод барои таъмини амният, кашф ва пешгирии ҷиноятҳои вазнин саҳми худро гузоштааст, ки аз ҷассорат ва ватандӯстии ӯ дарак медиҳад. Зиндагинома ва роҳи меҳнатии тайкардаи устод воқеан ҳам намунаи олии садоқат ба халқу Ватан аст.
Ҳамаи ин хислатҳои наку ва ақли закӣ дар зиндагӣ ва алалхусус корӣ ва касбии устод, абадӣ нақш баст. Ба чунин хислат ва фаҳмиши интихоби роҳи кор дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби ӯ тасодуфӣ набуда, амри тақдир будааст.
Номбурда солиёни зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият намуда, қобилияти хуби одамшиносӣ дошт. Институти бозомӯзиро ҷиддӣ ба роҳ монда, аз кормандони пуртаҷриба қатъӣ талаб мекард, ки ҷавонони нав ба кор омадаро зери назорат гирифта, нозукиҳои корро ба онҳо ёд диҳанд.

Соҳибқаламе барҳақ гуфтааст:
Ранҷ набурда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,
Музд гар металаби хидмати устод бибар.

   Албатта, ранҷу заҳмат ва хизматҳои шоёнаи устод дар ҷодаи омода намудани кадрҳои болаёқат бенатиҷа намонд. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки аксари ҷавонони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар давраи роҳбарии ин марди некбин ба кор омада буданд, айни замон дар сатҳи олии роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ бо муваффақият адои вазифа намуда истодаанд.
Дар урфият хеле хуб гуфтаанд, ки мероси падар хоҳӣ, илмӣ падар омӯз. Воқеан, ҷигарбанди устод, подполковники милитсия, Зоирзода Суҳроб Ҷурахон баъди хатми мактаби олии Академияи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Санкт- Петербурги федератсияи Россия ва факултети 1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давомдиҳандаи кори қиблагоҳ, ҳоло сардори шуъбаи Амнияти иттилоотиро дар Раёсати кофтуковӣ ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад.
Имрӯзҳо шогирдони устод, хатмкунандагони мактабҳои олии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик, имрӯзҳо худ устод гардида, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатии кишвар хизмат намуда истодаанд, ки аз шогирдии хеш ба устоди арҷмандашон ифтихори азим доранд.
   Дар тасаввури ҳамкасбону шогирдон номи устод, чун рамзи устоди хирадпешаву некбин, кордону нуқтасанҷ, сахтгиру серталаб, мушфиқу ғамхор ва аз ҳама муҳимаш ҷонсупурдаи касби пуршарафи хеш абадӣ нақш бастааст. Ӯ аз зумраи он мутахассисоне мебошад, ки ҳаргиз пойбанди кадом як риштаи маҳдуди фаъолияти касбӣ набудааст. Ин аст, ки қобилияти худододӣ дар таҷрибаи кори роҳбарӣ ба ӯ имконият дод, ки дар ҳаллӣ ин ва ё он масоили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва низомӣ бошуурона амал намуда, баҳри эътирофи чунин андешаҳо ҳамагонро ҳидоят намояд.
Зиндагӣ ба устод хотираи фавқулодда ва ақли комилро раво дида, қалби ҳассосу мушфиқро низ ба ӯ ҳадя намудааст. Ин сифатҳои ақлӣ ва инсондӯстӣ, ки дар гуфтору кирдори устод аён буд, ҳеҷ гоҳ нагузоштанд, ки ӯ дар равиши пурпечутоби зиндагӣ манфиати хешро ба эшон боло гузорад. Ин мавқеъгирӣ, ки аслан худқурбонист хоси мардони поксиришт ва далели инсонпарварии онҳост.
   Устод, Зоир Ҷурахон аз зумраи олимоне мебошад, ки дар баробари хизмати шоёнаш дар амалияи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ба кори илмию эҷодӣ низ машғул буда, соҳаҳои асосии мулоҳиза ва тадқиқотҳои илмӣ: Масъалаҳои иҷтимоию этносотсиалӣ, геополитика, ҳуқуқи исломӣ ва исломшиносӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва давлатшиносӣ, назарияи идоракунӣ дар масъалаи тартиботи ҳуқуқӣ, муқобилиятсози бар зидди экстремизм ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ мебошад. Ба қалами ӯ имрӯз беш аз 25 китоби илмӣ-оммавӣ, дарсӣ, дастурамалҳои таълимӣ, барномаҳо ва беш аз 110 номгӯи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиро дар дохилу хориҷӣ ҷумҳурӣ ба табъ расида, дар миёни олимони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои илмиаш ном бароварда, соҳиби эҳтирому ифтихор буда, яке аз номбардонрони миллат эътироф гаштааст. Гуфтан ба маврид аст, ки аз байни кормандони мақомоти милитсияи тоҷик, устод, яке аз аввалинҳо мебошад, ки унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносиро соҳиб шудааст.
Қобили зикр аст, ки профессор Зоир Ҷурахон  воқеан шахсиятест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон натанҳо, чун олими варзидаи соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, балки рамзи ҷасорату мардонагӣ, хоксорию нексириштӣ, покию ростӣ мавриди эътироф ва эҳтиром қарор дорад. Пуррагии сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмӣ, фурӯтанию қаноатпешагӣ ва дигар фазилатҳое, ки дар замири ин марди адолатҷӯ ниҳон аст, дар байни аҳли илми кишвар шояд ангуштшумор бошад.
Табиист, ки раванди ташаккул ва инкишофи донишҳоро мутахассисон ва муҳаққиқони намоён роҳбарӣ намуда, дар раванди эҷодкунию бунёдкуниҳо мақом ва нақши махсусро соҳибанд. Дар шароити Тоҷикистон ба ҷумлаи чунин саромадони илмҳои ҳуқуқшиносии муосир профессор, устод Зоир Ҷурахон баромад менамояд.
   Хурсандибахш аст, ки ин олими тоҷик, соли 2015 барои хизматҳои биёрсолаи бенуқсон дар пешрафти илми ҳуқуқшиносии тоҷик ва силсила корҳо дар мавзуи «Давлатдории миллӣ» ва «Мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона» ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Академик М. О. Осимӣ сарфароз гардонида шудааст.
   Саҳми профессор Зоир Ҷурахон дар таколмули қонунгузории соҳа низ назаррас аст. Ӯ ҳамчун муфассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйи» хизмати шоиста кардааст. Аз ин ҷост, ки аввалин бор ба ин қонун тафсир навишта буд ва баъд аз қабули таҳрири нави қонуни мазкур, он ба нашр омода гардид, ки натиҷаи дониши васеи ин донашмади соҳаи ҳуқуқ мебошад.
   Нақши устод дар омода сохтану ба камол расонидани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ назаррас аст. Ӯ дар давраи фаъолияти илмиаш 14 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ, 25 нафар аспирант ва унвонҷӯй роҳбарӣ карда, ба 2 нафар докторантҳо дар дифои рисолаи докториашон ҳамчун муқарриз ва ба 25 нафар унвонҷӯён дар дифои рисолаҳои номзадиашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок намуда, ба мавзуъҳои илмии эшон баҳои судманд додааст.
   Қобили зикр аст, ки устод ҳанӯз аз лаҳзаҳои нахустини фаъолияташ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар донишкадаю донишгоҳҳо ба таълиму тадриз машғул буда, ҳамчун шахси донишманду соҳибкасб мақому манзалати арзандаро соҳиб гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки устодро ҳамагон ҳамчун мактаби таҷрибаи ғанӣ ва нодири зиндагӣ, махзани беинтиҳои илму дониш ва намунаи олии инсонгароию инсондӯстӣ мешиносанд. Муҳимаш ин аст, ки аз таҷрибаи бою дониши устод ҳама фаровон истифода мебаранд ва табиист, ки минатпазиранд.
Профессор Зоир Ҷурахон пайваста дар конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ, машваратҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ширкат намуда, баромадҳои пурмуҳтаво ва воқеиро анҷом додааст. Мақоллаҳои илмию таҳқиқоти донишманди тоҷик дар маҷалаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр гардида, ҳаводорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар пайдо намудааст. Ин донишманди тоҷикро дар ҳудуди ИДМ ва як қатор кишварҳои дигар мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд.
   Доктори илмҳои ҳуқуқ, устоди меҳнатқарину меҳандӯст, Зоир Ҷурахон тайи солҳои охир дар Институти сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дошта, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатиро ба зимма дошта, дар рушди паҳлуҳои гуногуни на танҳо илмҳои ҳуқуқшиносӣ, балки инкишофи донишҳои давлатдории тоҷикон саҳми назаррас гузошта истодааст. Номбурда айни замон раиси Шурои муштараки диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои илмиро дар риштаи ҳуқуқшиносиро ба зимма дорад.
Профессор Зоир Ҷурахон на танҳо дар кори мақомоти корҳои дахилӣ, балки дар корҳои илмию эҷодӣ, низ бо дили гарм ва масъулияти баланд муносибат намуда, тамоми мушкилиҳои роҳи ноҳамвори шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳирона ба роҳ мондаю пурсаброна паси сар намуда, пеш меравад.

Ӯ хеле хуб медонад, ки:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

   Маҳз ҳамин хизматҳои шоиста, садоқати касбӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва саъю талошҳои созандагии устод Зоир Ҷурахон буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат дар тули фаъолияти меҳнатиаш борҳо бо мукофотҳои олии давлатӣ ва молию пулӣ сарфароз гардонида шудааст. Чунончи: Мушовири давлатии дараҷаи як(1997), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), Узви вобастаи Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии Дастаҷамъона (2009), Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ордени «Шараф» дараҷаи 2, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 14 медали гуногуни Ҳукуматӣ, соҳавӣ, байнидавлатӣ ва дар маҷмуъ бо 42 номгӯи мукофотҳо, ки дар миёни онҳо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо мушарраф гардидааст.
Зиёда аз ин, чанд даъват Вакили маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст, ки на ба ҳама кас чунин дастовардҳо насиб мегарданд.
   Гарчанде, ки мақоли «Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд, меҳри ӯро дар дилаш афрохтаанд»-ро борҳо шунидаем, ба таҷрибаи андухтаи доктор Зоир Ҷӯрахон нигарем, мебинем, ки Худованд саховати худро бар сари ӯ арзонӣ дошта, ӯро барои чандин корҳо офарида будааст.
Месазад, ки ин лаҳза устоди азизу меҳрубон-Шуморо бо фарорасии 68-умин солгарди мавлудатон аз самими дил табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хушиҳои зиндагиро орзу намоям. Таманнои онро дорам, ки дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва зиндагӣ муваффақ бошед.
   Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки мавлуди Шумо ба ин моҳ рост омадааст, баҳратон зиндагии пурсафову босаодат, пур аз нишоту нусратҳоро таманно менамоям. Бигузор, аз фурӯғи Наврӯзи оламафрӯз ҳаёти Шуморо чун гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфону дурахшон, дилу кошонаатон ҳамеша пурнур ва саршор аз шодиву сурур бошад!

   
Мирзозода Мирзошариф Одина
корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Табрикоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2025 - 11:55

     Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона кулли ҳамватанони азиз ва тоҷикони тамоми дунёро бо фарорасии ҷашни ҳуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
     Ниёгони некноми мо Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватан, тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузург на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда, имрӯз дар саросари олам таҷлил мешавад.
Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷашни Наврӯзро бо забони ноби тоҷикӣ “Наврӯз” ном мебаранд, зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Тоҷикистон кишвари мардумони сарбаланд ва кӯҳҳои осмонбӯс аст. Дар зимистон кӯҳҳо бо қабати ғафси барф печонида шуда, дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барф муддати тӯлонӣ сафедии худро гум намекунад, танҳо нурҳои аввалини офтоби баҳорӣ онро об карда, муъҷизаи хурдеро фош мекунанд, ки ин сарҳои хурди бунафш аз қатраҳои барфӣ дар пояҳои борик мебошад. Ин далели раднашавандаи фаро расидани бахори деринтизор аз кадимулайём барои тоҷикон ҷашни бошукуҳ буд.
     Бигзор Наврӯзи хуҷастапай дар амалишавии орзую ниятҳоятон баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон, пойдории давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардуми кишвар ба Шумо дар амали намудани ормонҳои миллӣ нерӯи тоза бахшида, ба халқи тоҷик хайру баракат, бахту саодатро арзонӣ дошта, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҷовидонӣ гардонад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

«НАВРӮЗ-РАМЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2025 - 19:55

     Бо чунин унвон имрӯз, 19 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз гардид, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
     Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.

Суратгузориш аз барномаи фарҳангии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2025 - 12:12

     Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода ва кормандони Кумита муовини Раиси Кумита муаррифӣ карда шуд.
     Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзиддин Камолиддин муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода муовини навтаъйинро барои сазовор шудан ба боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъйин гардидан ба вазифаи пурмаъсул табрику шодбош намуда, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат барору комёбӣ таманно намуд.
     Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки ба боварии Сарвари давлат сазовор шудан агар аз як ҷониб ифтихори бузуруг бошад, аз тарафи дигар масъулияти шахсро дар назди халқу Ватан боз ҳам дучанд мегардонад.
     Изҳори итминон карда шуд, ки муовини навтаъйин тамоми неру ва қуввваи худро баҳри пешрафти соҳа, алалхусус рушди забони давлатӣ равона хоҳад намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАНШАИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Март, 2025 - 11:33

Таҳти чунин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни он Раис Кумита Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои стратегии пешрафти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа буда, нақши ҷавононро дар ҳалли масъалаҳои муҳими миллӣ равшан нишон медиҳад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҳар як ҷавон бояд худро масъули рушди Ватан донад. Ин масъулият аз тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва таълими замонавӣ оғоз мегардад. Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ нақши калон дорад. Корманди Кумита Сабралиев Нодир иброз намуд, ки ҳамасола Пешвои муаззами миллат дар ҳар паёми ироагардидааш ба Маҷлиси Олӣ қайд менамоянд, ки «Мо ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоди комил дорем. Онҳо неруи пешбарандаи чомеа, давомдиҳандаи кору фаолияти насли калонсол, қувваи созанда ва иқтидори воқеъии ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Март, 2025 - 15:22

     Аз Пешвои сулхоҳамон ифтихор дорем Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ миёни ду кишвари бо ҳам ҳамсоя баста шуд, бахусус Шартномаи тарафайни сарҳадӣ, ки ин оғози марҳилаи нав дар рушди ҳаматарафаи ду кишвар хоҳад буд. Чунин таъкид намуд, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод зимни ҳамоиш, вобаста ба ташаббусҳои навбатии Сарвари давлат.
     Аз феҳристи санадҳои имзошуда маълум мегардад, ки бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров минбаъд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва фарҳангию башардӯсдӣ миллати тоҷик ва қирғиз ҳаёт ба сар мебаранд ва тараққӣ мекунанд. Ҳодисаи муҳимми ҳаёти аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад.Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
     Таъкид карда шуд, ки аз барномаҳои телевизионӣ маълум аст, ки хурсандии мардумони наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Исфара ҳадду канор надорад ва ҳодисаи фараҳбахш аст. «Пайвандаи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя кормандони Кумитаизабон ва истилоҳоти назди Ҳукути Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетафовут намегузорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иқдомоти сулҳҷӯёнаю башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон ҳадду канор надорад ва ҳама гуна марзҳоро убур карда, дар дили мардумон тухми меҳру муҳаббат мекорад», - иброз намуд Раиси Кумита. Пешвои миллат бори дигар исбот карданд, ки миллати тоҷик аз миллатҳои бовафо дар самти сулҳу дӯсти ва бародарӣ мебошад, ки инро аз ниёгони ориёиямон ба мерос гирифтаем. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нигоштаанд, ки “дар ин хок, дар ин хок дар ин мазраи пок, ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем”. Миллати тоҷик чун наберагони ин адиби забардаст, ки бо андешаҳои башардӯстонааш дунёро тасхир кардааст, дар симои поки Сарвари давлатамон давомдиҳандаи иқдомоти неки башардӯстонаро мебинад. Мо бо ин гуна Сарвари давлат, ки барои амнияти халқ, серию пурии мардум, осудагии аҳолӣ тамоми заҳматҳои шабонарӯзиро таҳаммул мекунанд, ифтихор мекунем. Дар Тоҷикистон қирғизҳо ва Қирғизистон тоҷикон зиндагонӣ мекунанд.
     Аз рафти гузоришҳо маълум гардид, ки ба масъалаи забономӯзии онҳо низ аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд. Ин ҳолати дилхушкунандаест, ки ҳомилони забонро фараҳ мебахшад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндаи ин миллатҳо ба забони модарӣ аз иқдомоти наҷиби ин гуфтушунидҳост. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қавму миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ба забони модариашон метавонанд озодона таълим гиранд. Умед дорем, ки ин муносибати нек нисбат ба тоҷикзабонони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қирғизистон аз самараҳои неки музокироти роҳбарони давлатҳо бошад. Ин сафари Пешвои миллат дар арафаи рӯзҳои Ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз сурат гирифт, ки басо қолиб арзёбӣ мегардад. Дар Наврӯз миллати ориёӣ некиҳоро талқин мекунад, сардиҳоро паси сар ва нармию гармиҳоро истиқбол мегирад, дар масири лутфу меҳрубонӣ қадам мениҳад, сухани нек ва боилтифотро муқаддимаи гуфтори хеш мегардонад.
     Ҳамаи ин сифатҳои некро мо дар симои Пешвои миллатамон мебинем. Ин хислатҳои наку зербинои муносибатҳо дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсояҳо аст. Мо дар ин рӯзҳои наврӯзӣ иқдомоти сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиамон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз фурсат истифода карда тамоми сокинони азизи ҷумҳуриамонро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мекунем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Март, 2025 - 11:23

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми март дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
      Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд. Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд Душанбе, 15.03.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми март дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
     Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд. Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Категория:

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Март, 2025 - 15:55

Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Мутобиқи маълумоти АМИТ «Ховар» ва расонаҳои мавҷудаи Ҷумҳуриамон 12-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамчунин, дар асоси хабарҳои расонаҳои мазкур рӯзи 13-уми март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар зери Изҳороти муштарак ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи  сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
     Ҳамзамон, миёни вазорату идораҳои ду кишвар 16 санади нави ҳамкориҳо ба имзо расиданд, ки ин иқдомот худ дар  таҳкимбахшии муносибатҳои ду халқи  ба ҳам дӯсту бародар нақши муҳим мебозад:
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
— Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ноҳияи Чон-Олайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
— Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
— Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард. ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/.
Аз феҳристи санадҳои имзошуда маълум мегардад, ки бо ибтикор ва талошҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров минбаъд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва фарҳангию башардӯсдӣ миллати тоҷик ва қирғиз ҳаёт ба сар мебаранд ва тараққӣ мекунанд.
     Ҳодисаи муҳимми ҳаёти аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Аз ҷараёни мулоқоту вохуриҳо ва ҳамоишҳо маълум аст, ки хурсандии мардумони наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Исфара ҳадду канор надорад, ки ин барои тамоми мардуми ҳарду кишвар ҳодисаи фараҳбахш аст.
Пайванди муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетафовут намегузорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иқдомоти сулҳҷӯёнаю башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон ҳама гуна марзҳоро убур карда, дар дили мардумон тухми меҳру муҳаббат мекорад.  Ҷаноби олӣ бори дигар исбот карданд, ки миллати тоҷик аз миллатҳои бовафо дар самти сулҳу дӯсти ва бародарӣ мебошад, ки инро аз ниёгони ориёиямон ба мерос гирифтаем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нигоштаанд, ки “дар ин хок, дар ин хок дар ин мазраи пок, ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем”. Миллати тоҷик чун наберагони ин адиби забардаст, ки бо андешаҳои башардӯстро дунёро тасхир кардааст, дар симои поки Сарвари давлатамон давомдиҳандаи иқдомоти неки башардӯстонаро мебинад. Мо бо ин гуна Сарвари давлат, ки барои амнияти халқ, серию пурии мардум, осудагии аҳолӣ тамоми заҳматҳои шабонарӯзиро таҳаммул мекунанд, ифтихор мекунем.
     Дар Тоҷикистон қирғизҳо ва дар Қирғизистон тоҷикон аз қадимулайём ин ду мардум   паҳлуи ҳам  дӯстона  зиндагӣ  карда меоянд. Аз рафти гузоришҳо маълум гардид, ки ба масъалаи забономӯзии онҳо низ аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд. Ин ҳолати дилхушкунандаест, ки ҳомилони забонро фараҳ мебахшад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндаи ин миллатҳо ба забони модарӣ аз иқдомоти наҷиби ин гуфтушунидҳост. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қавму миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ба забони модариашон метавонанд озодона таълим гиранд. Умед дорем, ки ин муносибати нек нисбат ба тоҷикзабонони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қирғизистон аз самараҳои неки музокироти роҳбарони давлатҳо бошад.
     Ин сафари Пешвои миллат дар арафаи рӯзҳои Ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз сурат гирифт, ки басо ҷолиб арзёбӣ мегардад. Муждаву пайки хуши Наврӯзист, ки марзкушоиҳои  Қирғизистону Тоҷикистон   минбаъд дар рушди робитаҳои  дуҷонибаи  ҳамкориву дӯстии тоҷикону қирғизҳо ва рушди забони ин мардумон дар маҳалли зисти  кишвари худ равнақу ривоҷ меёбанд. Дар Наврӯз миллати ориёӣ некиҳоро талқин мекунад, сардиҳоро паси сар ва нармию гармиҳоро истиқбол мегирад, дар масири лутфу меҳрубонӣ қадам мениҳад, сухани нек ва боилтифотро муқаддимаи гуфтори хеш мегардонад. Ҳамаи ин сифатҳои некро мо дар симои Пешвои миллатамон мебинем. Ин хислатҳои наку зербинои муносибатҳо дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсояҳо аст. Мо дар ин рӯзҳои наврӯзӣ иқдомоти сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиамонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз фурсат истифода карда, тамоми сокинони азизи ҷумҳуриамонро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мекунем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Март, 2025 - 18:26

     Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон Мақому манзалати волои Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият сабаб гардид, ки Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Ин суханон зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон”, ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, баён шуданд.
     Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода изҳор намуд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои Модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. «Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз занони меҳрубон вобастагии калон дорад»,-афзуд Раиси Кумита. Таъкид гардид, ки нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

ҶАМЪБАСТИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ТАҲТИ УНВОНИ "ИДОРАКУНИИ ҲАЙАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР" ВА "МАЛАКАИ САРВАРӢ" ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Март, 2025 - 13:33

     Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни ҷавони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи "Идоракунии ҳайат дар замони муосир" ва барои занони роҳбар ва дар захираҳои кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи "Малакаи сарварӣ" ҷамъбаст гардид.
     Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи забон Заробекова Маҳина дар курси " Идоракунии ҳайат дар замони муосир” ва мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат Муродова Ибодат дар курси " Малакаи сарварӣ" иштирок намуда соҳиби гувоҳнома шуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки курсҳои такмили ихтисос таҳти унвони "Идоракунии ҳайат дар замони муосир" ва "Малакаи сарварӣ" аз 24- уми феврал то 1-уми марти соли 2025 идома ëфт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Март, 2025 - 13:31

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми феврал дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
     Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд.
     Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

ЭЪЛОНИ ОЗМУН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Феврал, 2025 - 15:22

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҷойҳои холии мавҷуда бо мутахассисони мавриди ниёз, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос тибқи талаботи Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, озмуни мансабҳои холии зерини маъмурии хизматӣ давлатиро эълон менамояд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерини маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 1. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой.
 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
 Маоши мансабӣ 2204 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 2. Сармутахассиси бахши молия ва муҳосибот - 1 ҷой.
 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
 Маоши мансабӣ 2204 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия оид ба даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- хислатнома аз ҷойи кори қаблӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (объективка);
- парванда (лифофа – 1 адад).
Озмун аз се марҳила иборат аст:
    - марҳилаи якум – омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон;
    - марҳилаи дуюм – гирифтанӣ кори хаттӣ;
    - марҳилаи сеюм – саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб.
Шахсоне, ки аз марҳилаҳои якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 (бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ошёнаи сеюм), индекс: 734013, телефон/факс: 227-59-38, 227-59-28, 227-78-29 почтаи электронӣ: info@kumitaizabon. tj, сомона: www. kumitaizabon. tj

 

Саволҳо барои озмуни кушоди мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул карда шудааст? Қонуни мазкур 5 марти соли 2007 қабул шудааст аз 5 боб ва 45 модда иборат мебошад.
2. Хизмати давлатӣ чист?
Фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
3. Хизматчии давлатӣ кист?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.
4. Категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ?
Мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба ҳаҷм, хусусият ва доираи уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд.
5. Одоби хизматчии давлатӣ чист?
Одоби хизматчии давлатӣ ин маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад.
6. Аттестатсия чист?
Аттестатсия ин тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ.
7. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ чист?
1. Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:    
-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 -афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
-садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
-ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2. Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
8. Савганди хизматчии давлатӣ чист?
 «Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
 -адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
9. Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ чист?
1. Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад:
-дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
-иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва ӯҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;
-муайян намудани доираи ӯҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд;
-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;
-ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;
-бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, аз ҷумла делои шахсӣ бемамоният шинос шавад;
 -дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ, баланд равад;
-дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд ва бо натиҷааш шинос шавад;
-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;
-тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;
-оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод намояд.
2. Ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян карда мешаванд.

10. Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ чист?
 1. Хизматчии давлатӣ ӯҳдадор аст:
 - Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
-муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
-интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
-ъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд;
-ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
11. Моддаи 29. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ
1. Бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ вогузошта шавад.
2. Ҳаҷми пардохти иловапулиро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.      
12. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ чист?
 1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳ қатъи;
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан. .
2. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.
13. Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлатӣ
1. Ба хизматчии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад. (ҚҶТ аз 26. 07. 2014с, №1128).
2. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:
- 35 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;
 - 30 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;
- 28 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум;
3. Дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи хизмати давлатӣ, ба мӯҳлати рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 6, 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.
4. Рухсатии ҳарсола ва рухсатии иловагӣ ҷамъ карда мешавад ва бо хоҳиши хизматчии давлатӣ мумкин аст, ки қисм-қисм дода шавад. Давомнокии як қисми рухсатии асосӣ набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад.
5. Хизматчии давлатӣ дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
14. Истилоҳи Конститутсияро шарҳ диҳед.
 Конститутcия – аз калимаи лотинӣ - «constitutio» гирифта шуда, маънояш муқаррарот, сохтор мебошад.
15. Принсипҳои асосии сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
16. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом роҳ тағйиру иловаҳо дароварда мешавад?
Раъйпурсии умумихалқӣ.
17. Дар Тоҷикистон субъекти конститутсионие, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад, муқаррар намоед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
адом ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад?
 Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. 33 нафар, аз 4 як ҳисаашро.
18. Шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чанд нафар аст?
 25 нафар.
19. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом мақомот иборат мебошад?
Иҷроия ва намояндагӣ.
20. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва кай? Се маротиба. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
21. Кӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад?
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст.
22. Мафҳуми давлат чист?
Давлат- ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст.
23. Навъҳои таърихии давлат
Ғуломдорӣ; феодалӣ; буржуазӣ; сотсиалистӣ.
24. Шаклҳои идоракунии давлат
 Монархия; ҷумҳурӣ.
25. Шаклҳои сохти давлатӣ
Унитарӣ (ягона); федеративӣ (иттифоқӣ).
26. Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд
- волоияти қонунбартарияти ҳуқуқ;
- арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он;
- таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- масъулияти тарафайни шахс ва давлат; волоияти адолати судӣ.
- назорати судии конститутсионӣ.
27. Санадҳои қонунгузориро номбар кунед
Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд; қонунҳои
Санадҳои меъёрии ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28. Кӣ ҳуқуқи ба Конститутсия пешниҳод намудани тағйиру иловаҳоро дорад?
Президент; ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.
29. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст?
15 майи соли 2016.
30. Чораҳои ҷазои интизомиро номбар кунед
 а) Сарзаниш; танбеҳ, танбеҳи қатъӣ аз вазифа озод кардан.
31. Ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.
32. Ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
33. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?
Шаҳрвандон аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро доранд.
34. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекундад?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд:
1) ҳизби халқии демократӣ: 2) ҳизби коммунистӣ: 3) ҳизби демократӣ: 4) ҳизби сотсиалистӣ: 5) ҳизби сотсиал-демократӣ: 6) ҳизбӣ аграрӣ: 7) ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.
35. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад?
Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи амалӣ мегардонад.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
37. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст? Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
38. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
Ҳар як шаҳранди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
39. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд?
Ҳар як шаҳранди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад.
40. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва инчунин вакили Маҷлиси намояндагон наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
41. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» ва «Дар бораи авф» танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
42. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
43. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи борат мебошад. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ буда, ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи амалӣ мегардонад.
44. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд?
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
 45. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд.
 46. Ки ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
Раъйпурсиро Президент ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
 47. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
48. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
49. Кодекси одоби хизматчии давлатӣ. Кодекси одоби хизматчии давлати ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ – ҳуқуқии фаъолияти касбии кормандони мақомоти давлатӣ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
Меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби касбии хизматчиёни давлатиро танзим ва мустаҳкам намояд;
Қонунвайронкунӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлубро дар фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ пешгирӣ кунад;
Ба самарабахшии хизмати давлатӣ мусоидат намояд;
Боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баланд бардорад;
Фаъолияти ғайрихизматии хизматчиёни давлатиро танзим намояд;
Масъулияти хизматчиёни давлатиро дар фаъолияти касбиашон зиёд намояд.
Одоби муоширати корӣ ва масъулияти маънавии хизматчии давлатӣ
Одоби муоширати корӣ – қисми таркибии фарҳанги маънавии инсон ва ҷомеа буда, он аз маҷмуӣ қоидаҳои муносибати байни одамон таркиб меёбад ва раванди муоширати кории онҳоро ба танзим медарорад.
 50. Вазифаҳои кодекси одоби хизматчии давлатӣ инҳоянд:Баёни саҳеҳи арзишҳо, нақш ва вазифаҳо, ҳуқуқ ва масъулиятҳоро пешниҳод менамояд;
1.    Одоби рафтори хизматчиёни давлатиро шарҳ медиҳад;
2.    Ба сифати дастурамал барои ташаккули одоби рафтор амал менамояд;
3.    Як қатор меъёрҳои пайдарҳами одоби рафторро пешниҳод менамояд;
4.    Тартибот ва муҷозотро дар ҳолатҳои бадрафторӣ шарҳ медиҳад;
5.    Духӯрагиро кам ва номуайяниро паст месозад;
6.    Ба боварии аҳли ҷомеа ва сатҳи боварӣ мусоидат намуда, имиджи зоҳириро қавӣ месозад;
7.    Эҳсоси эҳтироми шахсии худро дар миёни кормандон ба миён меоварад;
8.    Бори дигар арзиши хизмати давлатиро тасдиқ менамояд.
51. Эъломияи Умумии ҳуқуқи башар кай қабул карда шудааст?
Эъломияи Умумии ҳуқуқи башар 10 декабри соли 1948 қабул карда шудааст.
Ёдошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форси ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот кай қабул шудааст?
Ёдошти мазкур дар шаҳри Душанбе 10-уми сентябри соли 2014 солшумории мелодӣ мутобиқ ба 19-уми шаҳривари соли 1393 солшумории ҳиҷрӣ шамсӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англсӣ дар ду нусхаи асл ба имзо расида, қабул гардидааст.
53. Нашъӯнамои давлати Сомониён ба аҳди кадом амир рост меояд?
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914-943).
54. Исмоили Сомонӣ кадом солҳо волии вилояти Бухоро буд?
Солҳои 874-992.
55. Ташаккули халқи тоҷик кай ва дар давраи кадом сулола анҷом ёфт?
Асрҳои IX-X, Сомониён.
. 56. Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед?
1. Шириншоҳ Шоҳтемур, 2. Нустартулло Мақсум, 3. Бобоҷон Ғафуров, 4. Эмомалӣ Раҳмон, 5. Садриддин Айнӣ, 6. Мирзо Турсунзода.
57. Тоҷикистон кай давлати соҳибистиқлол эълон гардид?
9 сентябри соли 1991.
58. Иҷлосияи (сессияи) таърихии XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва дар куҷо доир гардид?
 26 ноябр-2 декабри соли 1992 дар Хуҷанд.
59. «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Э. Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи оппозисиони тоҷик – С. А. Нурӣ кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?
27 июни соли 1997, дар Маскав.
60. Қонун чист?
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
 61. Дастур чист?
Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
62 Низомнома чист?
Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
63. Оиннома чист?
Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
64. Моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модарияшон озодона истифода баранд.
65. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?
Қонуни мазкур аз 5-уми октябри соли 2009, №553 қабул шуда, аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад.
66. Қонунҳои миллии Тоҷикистонро номбар кунед?
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», 8 июни соли 2007, №272 қабул шуда, аз 5 боб ва 16 модда ва ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД» аз 2 августи соли 2011 №762 қабул шуда, аз 6 боб ва 17 модда иборат мебошад.
67. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад аст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Хитой, Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.
68. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат» кай қабул шудааст?
Қонуни мазкур аз 25-уми декабри соли 2015, №1259 қабул шуд. Бинобар тағйиру иловаҳо ворид гардидан дар Конститутсияи ҶТ. , 14-уми ноябри соли 2016, №1356 аз нав ҳамчун қонуни конститутсионӣ қабул шудааст, ки аз 19 модда иборат мебошад.
69. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар таҳрири нав кай ба имзо расид?
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021, №268 қабул шудааст.
70. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 кай қабул шудааст?
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми ноябри соли 2020, №647 қабул шудааст.
71. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?
Қонуни мазкур аз 26-уми марти соли 2009, №489 қабул шуда, аз 8 боб ва 36 модда иборат мебошад.
72. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?
Қонуни мазкур аз 16-уми ноябри соли 1999, №845 қабул шуда, аз 9 фасл ва 30 модда иборат мебошад.
73. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?
Қонуни мазкур аз 23-юми декабри соли 2021, №1808 қабул шуда, аз 12 боб ва 46 модда иборат мебошад.
74. Мафҳуми терроризм
Терроризм - яьне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии, амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояаи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад.
75. Мафҳуми амалӣ террористӣ
Амалӣ террористӣ - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, заҳрнок сахттаъсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обьектҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.
76. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод намоед.
Ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-ва экстремизм ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 3071, 3072, 3073, 3074, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; (ҚҶТ аз 27. 11. 14с. №1139)
77. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 кай қабулшудааст.
Стратегияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №187 қабул шудааст.
78. Мафҳуми “давлатӣ иҷтимоӣ”-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр диҳед.
Қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти иҷтимоии давлатро муқаррар кардааст. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Таҳлили ин модда чунин уҳдадориҳои конститутсионии давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ бармеоянд: ҳифзи меҳнат ва саломатии одамон, муқаррар кардани андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, дастгирии давлатии оили, маъюбон ва шахсони пиронсол, мунтазам инкишоф додани низоми хадамоти иҷтимоӣ, муқаррар намудани нафақаи давлатӣ, кумакпулиҳо ва дигар кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ.
Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.
79. Мафҳуми “давлатӣ ягона”-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр диҳед.
Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона (унитарӣ) мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судӣ барои тамоми кишвар умумӣ дорад, дар он як конститутсияи, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд.
Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона – муттамарказ ва ғайри муттамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати муттамаркази ягонааст, зеро сарварони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешавад. Дигар хкусусияти давлати ягона ҳамин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ягона дорад ва онҳо аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Феврал, 2025 - 15:22

«Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон

 

     Забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро забони давлатӣ низ муайян менамояд. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят, кишвар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон амалӣ мегарданд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Пас, маълум мегардад, ки забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо муносибат ба забон аз кас диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан, Модар ва Забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Забон бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад. Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
     Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё рӯзи 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ» имрӯз дар Тоҷикистон ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
     Кумита бо мақсади иҷрои банда 46-и Нақшаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори ҲҶТ аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ шудааст, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол” 18-уми феврали соли 2025 дар толори Академияи ВАО баргузор намуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аъзоёни Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва кормандони ВАО иштирок карданд.
     Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ профессор Сахидод Раҳматуллозода кушода, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшид.
     Дар конференсия зиёда аз 40 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, маърузаҳои профессорон С. Раҳматуллозода (Забони модарӣ гавҳари ноёби миллӣ), О. Муҳаммадҷонзода “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони модарӣ”, Ш. Кабиров (Мушкилоти илмҳои забони модарӣ), С. Назарзода (Вижагиҳои забонии ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз), С. Абдуллоева (Омилҳои афзалиятноки рушди забони муосири тоҷик), А. Ғаффор (Мулоҳизаҳо оид ба алоқаи калимаҳо бо пешоянди номӣ дар осори мансури асрҳои XV-XVI) ҷолиб буданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби номзадҳои илмҳои филологӣ, мақолаҳои дотсентон С. Маҳдӣ, С. Мирзоев, С. Собирҷонов, Р. Зулфониён, М. Каримова, Р. Холназаров, Б. Раҳмонов, А. Давлатшоева, С. Эрматов, Б. Исмоилов, Ш. Шарифов, Ҳ. Шодиев, С. Юсупова, Ш. Буриева, Ф. Ҷурабекова, С. Қодирова, Р. Бобокалонова, М. Зоитова, В. Ибрагимов ва дигарон, ки ба масъалаҳои гуногуни забонҳои модарии сокинони Тоҷикистон бахшида шуда буданд, дар конференсия ироа гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.3 (6 овоз)

Категория:

ДАЪВАТНОМА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Феврал, 2025 - 17:55

«Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем»
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол», ки санаи 18-уми феврали соли 2025, соати 1000 дар толори Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад, даъват менамоем.

Замон: 18.02. 2025
Макон: Муассисаи давлатии Академияи ВАО
Сабти иштирокдорон: аз соати 09:00 то 09:50

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

КИБЕРТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Феврал, 2025 - 17:50

      Имрӯзҳо терроризм (кибертерроризм-терроризми иттилоотӣ) дар арсаи байналмилалӣ ва вазъи ноороми ҷаҳонӣ на танҳо паҳнои мувофиқи рушди худро пайдо кардааст, инчунин, бо ғаразҳои эътиқоди динӣ, манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷинояти муташаккилона дар шаклҳои гуногун ба давлатҳо ва тамаддуни инсонӣ зарари ҷиддӣ расонида истодааст. Терроризм падидаи ягона набуда, шаклҳо ва навъҳои гуногуни зоҳиршавиро дорост, ки яке аз ин навъҳои он кибертерроризм ё бо ибораи дигар терроризми электронӣ мебошад.
Кишвари мо баъди пушти сар намудани мушкилотҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, қадамҳои устувор ба сӯйи корҳои созандагӣ гузошт. Тақвият бахшидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, инчунин, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта зарурат дорад.
      Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, таъкид намуд, ки «мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо назардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» , ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд».
Имрӯзҳо терроризм (кибертерроризм-терроризми иттилоотӣ) дар арсаи байналмилалӣ ва вазъи ноороми ҷаҳонӣ на танҳо паҳнои мувофиқи рушди худро пайдо кардааст, инчунин, бо ғаразҳои эътиқоди динӣ, манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷинояти муташаккилона дар шаклҳои гуногун ба давлатҳо ва тамаддуни инсонӣ зарари ҷиддӣ расонида истодааст. Терроризм падидаи ягона набуда, шаклҳо ва навъҳои гуногуни зоҳиршавиро дорост, ки яке аз ин навъҳои он кибертерроризм ё бо ибораи дигар терроризми электронӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кибертерроризм - терроризми иттилоотӣ сол то сол неруи зиёди таъсиррасонниро соҳиб гардида истодааст. Пешрафти техника дар замони ҳозира чунон босуръат ҷараён мегирад, ки истифодаи ғаразноки он аз тарафи ҷомеа дертар дарк ва чораандешӣ карда мешавад. Сарфи назар гардидани ин ҷанбаҳои манфӣ, ҳолати маргборро барои ҳаёти инсон ба бор меорад. Инсонҳо бошанд, ҷузъи ногусастании ин ҷомеа буда, ба атрофиён ва ашёву ҳодисаҳои олам дар доду гирифти ҳамешагӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, барои хубтар шинохтани дунё, ки дар он умр ба сар мебарад, инсонҳоро лозим аст, то андозае аз рӯйдодҳои ҳаррӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ бошанд. Яке аз роҳҳои огоҳи пайдо намудан аз ҳодисаву воқеаҳои рухдода, ин пайгирӣ намудани расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, васоити ахбори омма, маҷаллаву рӯзномаҳо ва ҳамчунин шабакаи интернет мебошад.
     Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи ин аср нестанд, аммо аз ҷиҳати зуҳуроташон ҳамқадами замон гардидаанд, яъне ҳар як падидаи номатлуб шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Терроризм аз як ҷиҳат падидаи номатлуби нав нест, лекин кибертерроризм, ин шакли нави терроризме, ки бо истифода аз техникаю технологияи нав роҳандозӣ мегардад.
     Ба ақидаи муҳаққиқи рус М. Болтунов «терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва башарият мебошад. Имрӯзҳо фаъолияти терроризм, тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то пиронсол метавонад амалӣ террористӣ содир кунад. Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳарчӣ зудтар маҳв ё паст намудани сатҳи фаъоляти он меистад».
Мақсади аслии кибертерроризм заиф намудани ҳокимият, манфур нишон додани чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ дар дохили як кишвар ва ба даст овардани ҳокимият мебошад. Кибертеррорист метавонад дар як гӯшаи олам нишаста, тамоми ахбороти шабакаи ҷаҳонии интернетиро харобу суйистифода ифода кунад ва бо ин амал нофаҳмиро дар байни ҷомеа ва дарки нодурусти иттилоотро ба миён оварад.
Кибертерроризм ин шакли нави терроризм барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ аз компютер, шабакаҳои электронӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ истифода мебаранд. Ҷиноятҳои компютерӣ дорои дараҷаи баланди махфӣ будан ва сатҳи пасти ошкоршавиро дар бар гирифта, мувофиқи тадқиқоти Шурои Аврупо танҳо қаллобон тавассути кортҳои кредитӣ ҳар сол то 400 млн долларро мерабоянд. Зараре, ки бо ворид намудани вируси компютериӣ расонида мешаванд, дар тули як сол ба 12 млрд мерасад, зараре, ки бо вайронкунии ҳуқуқи моликиятдорӣ асос меёбанд 250 млрд долларро ташкил медиҳад.
     Дар шароити пешрафти бемайлони илму техника бо донишҳои муосир мутобиқ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити арзанда барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат муҳимму саривақти мебошад. Мутаассифон, бархе аз ҷавонон пойбанди расму оини хурофотӣ буда, бештар тавассути шабакаҳои интернетӣ ва телефонҳои мобилӣ туъмаи гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундраву иртиҷоӣ мегарданд. Ин гурӯҳҳои манфур аз бедонишӣ ва хурофотпарастии ҷавонони камхирад истифода карда, оҳоро мағзшӯйӣ намуда, ба манфиати худ истифода мебаранд.
     Шабакаи умумиҷаҳонии интернет 24 шабонарӯз фаъол буда, меъёрҳои он аз ҷониби муштариён мунтазам вайрон карда мешаванд, ки ин боиси бадахлоқӣ, қаҳру ғазаб, тарс, бехобӣ ва вайроншавии ҳолоти равонии онҳо мегардад. Яке аз паҳлуҳои манфии истифодабарии интернет, ин нимашаб мебошад, ки ширкатҳои мобилӣ пардохти маблағҳои онро ройгон менамоянд, ки дар натиҷа аксари истифодабарандагони интернетро то саҳар пойбанд намуда, боиси зиён ба саломатии онҳо мегардад. Инчунин, паҳннамоии иттилооти ғаразноку иртиҷоӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз арзишҳои ахлоқӣ ва миллӣ дур менамояд. Бинобар ин, шаҳрвандони мо, бахусус, ҷавонон бояд фарҳангӣ истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернетиро риоя намоянд.
     Ҳамзамон, барои аз байн бурдани идеологияҳои иртиҷоӣ, ифротӣ ва истифодаи ғаразноки интернет, тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, донишмандон, омӯзгорон, зиёиёни кишвар, алалхусус, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ходимони дин, бояд фаъол бошанд.
Имрӯзҳо, ки илму техника бо суръати кайҳони пеш меравад, ҷавононро зарур аст, ки ин дастовардро бо мақсадҳои миллӣ истифода намуда, ҳамқадами замон бошанд. Зеро интернет қудрати иродавии таъсиррасониро соҳиб шуда, истифодаи нодурусти он боиси косташавии оила, давлат, вазъи руҳию равонии ноболиғону ҷавонон ва шаҳрвандон шуда метавонад. Танҳо бо истифодаи меъёрҳои ҷавобгӯйӣ талаботи имрӯза, мо шабакаҳои интернетро метавонем, ки дар пешрафти давлат ва ҷомеа таъмин ва дастгирӣ намоем.
     Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, роҳ надодан ба хурофоту таассуби динӣ, тарзи дурусти истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин, мақсаднок истифрода намудани интернету телефонҳои мобилӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Узви вобастаи академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, ба кормандони Кумита дастур додааст, ки дар самти муқовимат бо «терроризм ва экстремзм», инчунин, «кибертерроризм (терроризми иттилоотӣ)» мақолаҳои илмию омавӣ рӯйи чоп оварда, тавассути сайти Кумита дар ин самт фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳад намуда, аз паёматдҳои манфӣ ҷилавгирӣ намоянду таблиғгари сиёсати имрӯзаи кишвари азизамон Тоҷикистон бошад, ки албатта, ин иқдоми шоёну арзандааст.
   Роҳбарият ва кормандони Кумита аз Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо дарки баланди масъулият ва ҳисси хештаншиносии миллӣ ҷаҳдду талош намуда истодаанд.
     Бовари дорем, ки дар партави ҳидоятҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт таваҷҷуҳ ба он меафзояд ва ҳамагон бо камоли масъулият дар рафъи чунин носозгориҳо саҳм мегузоранд.
 Ҳайати кормандони Кумита ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдат ва ободии Ватани азизамон аҳлона заҳмат кашида, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр менамоянд, ки ин аз фаъолияти кории ҳаррӯзаи онҳо шаҳодат медиҳад.
 
 Мирзозода Мирзошариф Одина
 корманди Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

Pages

Subscribe to Ахбори рӯз