Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст.
ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст. Дар робита ба ин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:
Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.
Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.
Аз он вақт инҷониб забони тоҷикӣ ҳамчун меросбари забони порсии қадим ва фарҳанги ориёӣ ҳамеша ҳаракати динамикии худро идома дода, аз рӯйдодҳои мухталиф бехатар мегузарад.
Даромад
Харита
Тамос



Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
