Декабр 2025
САҲИФАИ РАСМИИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
САҲИФАИ РАСМИИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
https://egov.tj/site/kumitaizabon
2025-2030
Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат”
Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат”, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Фаттоҳзода Саидмурод, раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ректори донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим иштирок намуданд. Дар кори конференсия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Фаттоҳзода Саидмурод, раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ректори донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим иштирок намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаҳои якчанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз ҷумла, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
ҲУҚУҚИ ИНСОН-АРЗИШИ ОЛӢ
8 декабр дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон-арзиши олӣ» мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзиддин Камолиддин иброз намуд, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.
Директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа афзуд, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Пешвои миллат – ҳомии забони давлатӣ
Рӯзи 5 декабр намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомии забони давлатӣ» дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд.
Конференсия бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, иштирокдорон аҳамияти татбиқи Қонуни мазкур, нақши Пешвои миллат дар ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ ва масъулияти аҳли ҷомеаро дар посдорӣ ва баланд бардоштани мавқеи он таъкид карданд.
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян шуд.
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"- и назди Кумита Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамошо намуданд.
Дар Паём ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаи маориф, кишоварзӣ, фарҳанг, забон ва сиёсати давлатӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Кормандони Кумита ва "Маркази миллии тарҷума" нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро чун дастуру роҳнамо дар фаъолияти касбии худ истифода намуда, минбаъд баҳри рушди забон, такмили сифати тарҷума, муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи давлатҳои бурунмарзӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат тамоми саъйу талоши худро равона хоҳанд намуд.
Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Забони миллат-пояи давлат" доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин афзуд, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд
Иброз гардид, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Паём ҳамчун роҳнамо барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хоса доранд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо арзёбӣ намуданд.
Иқдомоти бесобиқаи фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 16.12.2025 пешниҳод шуд, ҳаёти воқеии моро инъикос карда, масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар ташаккули зеҳнии миллати тоҷик солиёни дароз таъсир хоҳад расонд. Таҳлилу баррасиҳо, муқоисаю муқобалаҳои ҳаёти иқтисодии кишвар, роҳҳои ҳалли маосили мубрами сиёсию иқтисодӣ, изҳороти муҳим дар самти нақши ҷавонон, занону модарон, мутахассисону коршиносон, донишомӯзону муҳассилин, ходимони ҷамъиятию динӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа аз огоҳии комили вазъ дарак медиҳад. Суханони пурлатофату бомуҳаббати Президенти кишвар нисбат мардум ва пешниҳоду тавсияҳои муфид дар самти некуаҳволии халқ аз ғамхориҳои бесобиқаи Ҷаноби олӣ дарак медиҳад.
Агар ба нуктаҳои дар паёми ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироашуда дақиқ назар андозем, зуд дармеёбем, ки ба тақдири баланди миллатамон ба изни Худованд шахсе сарвари ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳар фарди ҷомеаро дӯст медорад ва барои чун гаҳвараки чашм ҳифз намудани онон талош меварзад. Ман аз таҷрибаи кор бо ҷомеа бо қаноатмандию дилпурӣ гуфта метавонам, ки ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ва неруҳои пешвафтаю солимфикрӣ хориҷи кишвар низ сарвари маҳбуби моро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд, зеро порча-порча суханони пурҳикмати панду ахлоқии эшонро дар саҳифаҳои интернетии худ мегузоранд ва аз онҳо лаззати маънавӣ мебаранд. Ин аст, ки аз доштани ин ганҷи бебаҳои миллӣ ифтихор мекунем ва дар навбати худ барои заҳматҳою ғамхориҳои падаронаашон нисбат ба ҷомеа сари таъзим фурӯд меорем.
Паёми имсола бо пешниҳодҳои ниҳоят муҳим дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон фарқ мекунад. Пешвои миллат барҳақ изҳор медорад, ки ҳастии миллат ва бақои давлати тоҷикон ба муносибати мо нисбат арзишҳои миллӣ вобаста аст. Дар сурате мо метавонем арзишҳои миллаамонро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем, ки маорифи пурқувват дошта бошем ва ҷиҳати аз бар кардани илму дониш талош варзем ва барои дур будан аз ҷаҳолату хурофот имконоти зеҳнии худро сафарбар созем. Дар ҳамаи давру замон хурофот ва нодонӣ садди роҳи тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ шуда, башариятро ба марзи сарбастаю номаълум бурдааст.
ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, як навъ ҷамъбасти бурду бохти соли сипаришуда ва масъалагузориҳо барои ояндаи дурахшони миллату давлат мебошад. Паёми имсола, ки санаи 16-уми декабр баргузор гардид, пеш аз ҳама, саршор аз тантанаи худшиносии милливу меҳанпарастӣ ва худогоҳиву умед ба фардои неки давлат буд. Пешвои миллат, ки ҳамеша ба таъриху тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми тоҷик эҳтироми хосса мегузоранд, аз минбари баланди парлумони миллӣ изҳор доштанд, ки «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
Воқеан, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва танишҳои фарҳангиву сиёсӣ, ки хавфи аз миён бурдани давлату миллатҳоро дар пай дорад, бедор намудан ва таҳким бахшидани ҳисси худшиносиву хештаншиносии ҷавонон ба василаи ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановату ибратомўз амали саривақтӣ ва омўзанда мебошад. Худшиносии миллии мардуми тоҷик, ки дар ҳама давру замонҳо ҳамчун унсури муҳимму наҷотбахши миллати тоҷик эътироф гардидааст, имрўз дар пояи анъанаҳои суннатии мо ба таҳкиму ҳифозати бештар ниёз дорад. Агар мафҳуму мазумуни онро шартан бо формулаи мантиқиву забонӣ ва таърихиву фалсафии «Кӣ будам, кӣ ҳастам ва кӣ мешавам» ифода намоем, барҳақ, метавонем бо ҷустану дарёфти посухҳои гуногун ба ин савол дар ниҳоди ҳар як нафари ватандўст меҳру садоқат ба ин сарзамини биҳиштосоро боз ҳам бештар гардонем. Яъне худшиносии миллӣ дарку ифтихороти ҳар шахс аз он аст, ки ў ба кадом қавму миллат мансубият дорад ва хешро то кадом ҳад узви ҷудонопазири он ҳисобида, барои имрўзу ояндаи он чи нақши созгоре гузошта метавонад. Ба таври дигар, худшиносии миллӣ маънои онро дорад, ки инсон бояд таърих, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаи миллати худро хуб дониста, барои таҳкиму тавсеаи онҳо миёни дигар фарҳангу миллатҳо дар доираи талаботи имрўзу оянда ҷаҳди хастанопазир намояд.
«ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ»
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, занон ва ҷавононро дар бар мегирад.
Муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода дар мавзуи «Ҷавонон-неруи созанда ва ояндаи миллат» баромад намуда, иброз дошт, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зарурати ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои муосир ва анъанавӣ, тарбияи меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, пешгирии бекорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори касбии ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён андешаҳои худро иброз намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ таъкид карданд.
Даромад
Харита
Тамос








































































Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


