ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ
Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи маълумоти АМИТ «Ховар» ва расонаҳои мавҷудаи Ҷумҳуриамон 12-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамчунин, дар асоси хабарҳои расонаҳои мазкур рӯзи 13-уми март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар зери Изҳороти муштарак ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Ҳамзамон, миёни вазорату идораҳои ду кишвар 16 санади нави ҳамкориҳо ба имзо расиданд, ки ин иқдомот худ дар таҳкимбахшии муносибатҳои ду халқи ба ҳам дӯсту бародар нақши муҳим мебозад:
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
— Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Олайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
— Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
— Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард. ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/.
Аз феҳристи санадҳои имзошуда маълум мегардад, ки бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров минбаъд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва фарҳангию башардӯсдӣ миллати тоҷик ва қирғиз ҳаёт ба сар мебаранд ва тараққӣ мекунанд.
Ҳодисаи муҳимми ҳаёти аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Аз ҷараёни мулоқоту вохуриҳо ва ҳамоишҳо маълум аст, ки хурсандии мардумони наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Исфара ҳадду канор надорад, ки ин барои тамоми мардуми ҳарду кишвар ҳодисаи фараҳбахш аст.
Пайванди муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетафовут намегузорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иқдомоти сулҳҷӯёнаю башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон ҳама гуна марзҳоро убур карда, дар дили мардумон тухми меҳру муҳаббат мекорад. Ҷаноби олӣ бори дигар исбот карданд, ки миллати тоҷик аз миллатҳои бовафо дар самти сулҳу дӯсти ва бародарӣ мебошад, ки инро аз ниёгони ориёиямон ба мерос гирифтаем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нигоштаанд, ки “дар ин хок, дар ин хок дар ин мазраи пок, ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем”. Миллати тоҷик чун наберагони ин адиби забардаст, ки бо андешаҳои башардӯстро дунёро тасхир кардааст, дар симои поки Сарвари давлатамон давомдиҳандаи иқдомоти неки башардӯстонаро мебинад. Мо бо ин гуна Сарвари давлат, ки барои амнияти халқ, серию пурии мардум, осудагии аҳолӣ тамоми заҳматҳои шабонарӯзиро таҳаммул мекунанд, ифтихор мекунем.
Дар Тоҷикистон қирғизҳо ва дар Қирғизистон тоҷикон аз қадимулайём ин ду мардум паҳлуи ҳам дӯстона зиндагӣ карда меоянд. Аз рафти гузоришҳо маълум гардид, ки ба масъалаи забономӯзии онҳо низ аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд. Ин ҳолати дилхушкунандаест, ки ҳомилони забонро фараҳ мебахшад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндаи ин миллатҳо ба забони модарӣ аз иқдомоти наҷиби ин гуфтушунидҳост. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қавму миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ба забони модариашон метавонанд озодона таълим гиранд. Умед дорем, ки ин муносибати нек нисбат ба тоҷикзабонони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қирғизистон аз самараҳои неки музокироти роҳбарони давлатҳо бошад.
Ин сафари Пешвои миллат дар арафаи рӯзҳои Ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз сурат гирифт, ки басо ҷолиб арзёбӣ мегардад. Муждаву пайки хуши Наврӯзист, ки марзкушоиҳои Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд дар рушди робитаҳои дуҷонибаи ҳамкориву дӯстии тоҷикону қирғизҳо ва рушди забони ин мардумон дар маҳалли зисти кишвари худ равнақу ривоҷ меёбанд. Дар Наврӯз миллати ориёӣ некиҳоро талқин мекунад, сардиҳоро паси сар ва нармию гармиҳоро истиқбол мегирад, дар масири лутфу меҳрубонӣ қадам мениҳад, сухани нек ва боилтифотро муқаддимаи гуфтори хеш мегардонад. Ҳамаи ин сифатҳои некро мо дар симои Пешвои миллатамон мебинем. Ин хислатҳои наку зербинои муносибатҳо дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсояҳо аст. Мо дар ин рӯзҳои наврӯзӣ иқдомоти сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиамонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз фурсат истифода карда, тамоми сокинони азизи ҷумҳуриамонро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мекунем.