Назардошт ва ё дарназардошт?
Дар корбурди ин ду қолаби вожасозӣ дар забони тоҷикӣ — «назардошт» ва «дарназардошт» андешаҳои мухталиф иброз шудааст. Ҳадафи мо дар ин навишта баррасии ҳамин матлаб дар иртибот ба пайдоиш ва мавриди истифода қарор гирифтани ин ду вожаи мураккаб тақрибан аз охири қарни ХХ дар васоити ахбори умум ва аз роҳи тарҷума ворид гардидани ҳарду ин қолаб дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Имрӯз дар бештар сабкҳои забонӣ ин вожаҳо истифодаи фаровон пайдо карда ва аслан дар баёни мафҳумҳои русии «учёт», «с учётом», «принимая во внимание», «принятие во внимание» кор гирифта мешаванд. Вожаҳои «назардошт» ва «дарназардошт» махсуси забони форсии дарии классикии муштарак ва забони форсии муосиру дарии Афғонистон нестанд. Ин ҳарду вожа дар забони тоҷикӣ низ аз сохтаҳои баъдӣ маҳсуб мешаванд.