Ҳамкасбони азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 33 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таьмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаьрифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Роҳи 33-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд боқӣ мемонад.
Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин ҷашни муқаддасу фархунда барои мардуми сарбаланди мо на танҳо як рӯзи тақвимӣ, балки нишони арҷгузории амиқ ва самимӣ ба бузургону қаҳрамонони миллат аст, ки барои озодиву истиқлол, барои ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сарнавишти халқи тоҷик мубориза бурдаанд.
Ҳазорон шукр, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли худро дорем, ки он таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму талоши мардуми ватандӯсту заҳматкаши кишвар, аз он ҷумла, Шумоён - аҳли зиё ва илму маориф ба ояндаи босаодату шукуфон бо қадамҳои боэътимод раҳнамун мебошад.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба дастовардҳое, ки мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини худ ноил гардидем, беназир мебошанд. Аз ин рӯ, рисолати ватандорӣ моро водор менамояд, ки дучанд дар шукуфоии сарзаминамон камари ҳиммат бандем.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо дар остонаи марҳилаи нави рушду тараққиёт мебошем ва ин марҳила на танҳо имкониятҳои нав, балки вазифаҳои ҷиддиро низ ба миён мегузорад.
Вазъияти иқтисодии ҷаҳон, тағйир ёфтани ҳолати геополитикӣ ва афзоиши рақобатҳо моро водор месозад, ки дар асоси таҳлили амиқи вазъият ва дарки равшани аҳаммияти иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту тафаккури миллиро тақвият диҳем.
Бунёди давлати мутамаддин, рушдкарда, босуботу устувор ба ташаккул ва рушди маданияту шуури сиёсии ҷомеа алоқамандии зич дорад. Зеро чи гуна шакл гирифтани тамоми муносибатҳо дар байни як ҷомеа ба сатҳи фаҳмиш ё худ шуури сиёсии бошандагони он вобаста аст, то ин ки онҳо, махсусан насли наврасу ҷавон бо роҳи зишти терроризм, хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ нараванд.
Дар робита бо ин, чанд рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Дониш таъкид намуданд, ки «…маҳз ба ҳамин хотир мо се қонуни миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул кардем, ки мардумамонро аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем, то онҳо дигарбора ба доми фиреби хоинони Ватану миллат гирифтор нашаванд».
Ба ин маънӣ, Истиқлоли давлатӣ на танҳо як воқеияти сиёсӣ, балки уҳдадории маънавии наслҳои имрӯзу оянда аст. Мо бояд ба насли оянда на танҳо мамлакати озод, балки кишвари тавонои шукуфонеро ба мерос гузорем, ки барои ҳалли масъалаҳои мураккаб ва фатҳи қуллаҳои нави тараққиёт қодир бошад.
Дар ин замина, мо барномаҳои васеъмиқёсеро амалӣ карда истодаем, ки ба баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардумамон нигаронида шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ибтикороти созандаи Пешвои муаззами миллат мавқеи худро боз ҳам таҳким бахшид. Ин аст, ки имрӯз дар ҷаҳон кишвари моро ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд.
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро нерумандтар намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Аз ҷумла, дар асоси ташаббусҳои Тоҷикистон қабул гардидани 11 қатънома аз ҷониби СММ ва ҷонибдории кишварҳои аъзои созмон аз иқдомҳои байналмилалии кишвари мо натиҷаи сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осоишта, кишвари мо тавонист, ки бо 184 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо 193 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ монад. 41 намояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷи кишвар ба ҳифзу дастёбии манфиатҳои миллии мо машғуланд, ки ин самараи бузурги неъмати истиқлол ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин кишвари мо дар 57 созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, бо баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, Ҳукумати кишвар пайваста кӯшиш менамояд, ки дар фаъолияти онҳо нақши созгор дошта бошем, то манофеи миллии худро ҳифз намуда, ҷойгоҳи ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам намоем.
Бо шарофати истиқлолу озодӣ мо, ҳамчунин, тавонистем ба ҷаҳониён аз миллати куҳанбунёд будани худ дарак диҳем. Наврӯз, чакан, шашмақом, фалак ва дигар арзишҳои миллию фарҳангии мо мақоми байналмилалӣ гирифтанд ва ҳамчун арзишҳои дорои хусусияти умумибашарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешаванд.
Дар ин радиф, яке аз дастовардҳои навтарини кишвари мо дар арсаи олам мақоми байналмилалӣ гирифтани гуштини миллии тоҷикӣ мебошад, ки 30-юми августи соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ доир гардид.
Дар паёми шодбошии худ ба варзишгарону меҳмонони чемпионат муроҷиат намуда, Роҳбари давлат аз он ҷумла, таъкид намуданд, ки: «Басо рамзист, ки ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили Ҷашни муқаддасу таърихии тоҷикон – Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир гардида, ба ин ҷашни бузурги миллии мо шукӯҳи тоза мебахшад».
Дар воқеъ, чорабинии мазкури сатҳи байналмилалӣ ба ҷашни муқаддаси мо – Истиқлоли давлатӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшида, афзудани обруву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам бори дигар баръало нишон дод.
Ҳозирини арҷманд!
Сиву се соли Истиқлоли давлатӣ худшиносии сиёсии ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишварро ба зинаи комилан нав баланд бардошт, манфиатҳои миллии давлати соҳибистиқлолро ташаккул доду мукаммал сохт, дар замири мо эҳсоси худшиносӣ ва тафаккури қавии миллӣ доштанро бедор намуд.
Ҷиҳати боз ҳам такмил додани ин раванд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст, ки ин як қадами муҳимми саривақтӣ дар самти тақвияти волоияти қонун, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳадафи асосии иқдоми мазкур на танҳо таблиѓу ташвиқи риояи бечунучарои қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, балки пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқии қишрҳои васеи аҳолӣ ва баланд бардоштани саводи ҳуқуқии насли наврасу ҷавон аст, ки дар рафтору кирдори худ намунаи ибрати ҷомеа бошанд.
Рост омадани Соли маърифати ҳуқуқӣ бо 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро барҳақ бахтномаи миллат меномем, муҳиммияти онро бори дигар таъкид месозад.
Маҳз, ба ҳамин хотир 31-уми августи соли ҷорӣ ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки озмуни мазкур на танҳо барои тақвияти касбии муҳаққиқону олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ мусоидат хоҳад кард, балки пеш аз ҳама, он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати ҳуқуқии тамоми сокинони кишвар равона гардида, аҳаммияти васеи иҷтимоӣ касб мекунад.
Аз ин рӯ, баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, боло рафтани саводнокии ҳуқуқии ҳар як фард, таҳкими волоияти қонун ва дар маҷмуъ, таҳкими худшиносии миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сарнавишти таърихии кишвару миллатҳо гувоҳ бар он аст, ки агар ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мушкил бошад, ҳифзу таҳкими он бамаротиб кори мушкилтару сангинтар аст. Имрӯзҳо мо инро дар мисоли як қатор давлатҳо, ки истиқлоли онҳо зери хавфу хатар мондааст, мушоҳида карда истодаем.
Миллати тоҷик хушбахт аз он аст, ки 33 сол қабл аз ин соҳиби давлати мустақили худ гашта, Истиқлоли давлатии хешро таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам устувор сохта, бо қадамҳои боэътимод ба сӯйи ояндаи дурахшон равона аст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба қадри ин неъмати гаронбаҳо расем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, худшиносу худогоҳ бошем, Ватани худро аз дилу ҷон дӯст дорем, барои таҳкиму тақвияти Истиқлоли давлатӣ беш аз пеш заҳмат кашем, шаҳру ноҳияи худ ва дар маҷмуъ, кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хонаи обод, иқболи нек, саодати рӯзгор ва барори кор хоҳонам.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаммадҷонзода Олимҷон