ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябри соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид. Оид ба ҳадаф, вазифа ва усулҳои татбиқи барномаи нави рушди забони давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: — Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Даврони истиқлол барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоид фароҳам оварда, он рушду нумуи худро касб кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шудааст.
Роҳбарият ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ин шароиту имконияти мусоид ва муҳити мувофиқи сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварданд, ки дурнамои густариши забони тоҷикӣ муайян ва тарҳрезӣ гардад.
Дуруст аст, ки Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2012 тасдиқ шуда буд, ки дар он 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он аз тамоми имконият истифода шуда, корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи рушди забон яке аз масоили мубрам дар ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.
Ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза мушкилоти забонро кам намекунад, баръакс, моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкам будани пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд.
Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
Дар Барнома сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардида, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад.
Ба ҳайси ҳуҷҷати расмии давлатӣ Барнома роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳими забониро муайян сохтаву дурнамои самти татбиқи забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати таъмини маводи илмию таълимӣ ва лексикографӣ ва дар ин замина таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурҳои таълимиро зарур мешуморад, ки бо бознигарӣ манзури ҷомеа карда шаванд.
АМИТ «Ховар»: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ, ки даҳ солро дар бар мегирад, аз чанд марҳила ва самтҳо иборат аст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.
Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад. Дар ин давра барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ лоиҳаҳо таҳия мегарданд. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.
Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ, таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд.
АМИТ «Ховар»: — Дар барномаи нав барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ, ки хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳифзи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, нигаронида шудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон сермиллату гуногунхалқият аст. Ҳар миллату халқияти Тоҷикистон забони модарӣ ё забони аҷдодии худро дорад ва ба ҳамаи ин халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст. Миллатҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ гурӯҳи этникии муайян доранд, зери мафҳуми ақаллияти миллӣ шинохта мешаванд. Ба он забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ғайр аз ақаллияти миллӣ ақаллияти забонӣ мавҷуданд, ки қисми 2 моддаи 4 боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳимоя ва инкишофи онҳо бахшида шудааст. Ба забонҳои ақаллияти забонӣ забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайян доранд.
Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Пешвои миллат вазифаи муқаддаси ҳар соҳибзабони баору номус шуморида, онро дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои табрикотии хеш иброз медоранд. Далели гуфтаҳои боло ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мебошанд: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳилҳои болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем». Инро ба назар гирифта як бахши муҳими ин Барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.
Барнома масъалаи омӯзиши дигар забонҳоро ҳам дар назар дорад ва дар баробари донистани забони давлатӣ, аз бар кардани на камтар аз ду забони дигар асоси сиёсати давлат дар бораи забонро ташкил медиҳад, ки ба ин кор санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда имконият медиҳанд ва дар татбиқи санад ва дастуру супоришҳои марбут ба ин масоил мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ, Барномаи мазкур дар тӯли даҳ соли оянда нақшаю чорабиниҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд, ки барои рушди забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Президенти мамлакат зикр карданд, ки дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Инчунин Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба масоили истилоҳсозӣ зикр карданд, ки барои тавсеаи доираи калимасозии мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода гардида, бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.
Дар ин росто, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад. Ӯмед дорем, ки ҳадафу муҳтавои барнома ва амалисозии давра ба давраи нақшаи он натиҷаҳои хуб ба бор хоҳанд овард.