ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед

Сешанбе, Феврал 17, 2026

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИСТИҚЛОЛ, ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ОНҲО» БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Феврал, 2026 - 17:55

Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳурияӣ таҳти унвони «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода, директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ, забоншиносони варзида, олимон, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, Прокуратураи генералӣ, суди олӣ, палатаи ҳисоб, кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)