ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12 феврал) дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Таҳдиди экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ва кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм иброз дошта шуд, ки бояд ҳар фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии мамлакат саҳм гузорад.
Даромад
Харита
Тамос









Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
