Ҷумъа, Январ 16, 2026

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Январ, 2026 - 09:09

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)