Чоршанбе, Декабр 31, 2025

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2025 - 06:50

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди кишвар тандурустиву иқболи нек ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.

Соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуби мо боз як соли бобарору таърихӣ ва соли дастоварду пешравиҳои назаррас гардид.

Бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ мо дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастоварду нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза ноил гардидем.

Ин дастоварду пешравиҳо чанд рӯз пеш дар паёми Роҳбари давлат ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуданд.

Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем.

Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон баргузор гардиданд, рӯйдоди муҳимми сиёсии соли сипаришудаистода мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад