«ХУРОФОТ, ТААСУБИ ДИНӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ – МОНЕАИ РУШДИ ҶОМЕА»
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, муовини директори “Маркази миллии тарҷума” Шаҳноза Буриева ва кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Мирзозода Мирзошариф Одина сармутахассиси шуъабаи ҳуқуқӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар мавзуи «Хурофот, таасуби динӣ ва бегонапарастӣ – монеаи рушди ҷомеа» баромад намуда, иброз дошт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурофот ва бесаводиро хатарноктарин зуҳурот барои рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик баҳогузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Аз ин рӯ таъкид гардид, ки пешгирии ин зуҳуроти хавфнок ва мубориза бо ифротгароию экстремизми динӣ-сиёсӣ танҳо вазифаи ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми шаҳрвандон, бахусус ходимони дин бояд дар ин самт саҳми назаррас дошта бошанд. Чунки ин омилҳои номатлуб ба рушди минбаъдаи давлат халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамоянд.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]





