Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://istilohot.tj)

Асосӣ > ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Декабр, 2025 - 16:15
[1]

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, як навъ ҷамъбасти бурду бохти соли сипаришуда ва масъалагузориҳо барои ояндаи дурахшони миллату давлат мебошад. Паёми имсола, ки санаи 16-уми декабр баргузор гардид, пеш аз ҳама, саршор аз тантанаи худшиносии милливу меҳанпарастӣ ва худогоҳиву умед ба фардои неки давлат буд. Пешвои миллат, ки ҳамеша ба таъриху тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми тоҷик эҳтироми хосса мегузоранд, аз минбари баланди парлумони миллӣ изҳор доштанд, ки «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
     Воқеан, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва танишҳои фарҳангиву сиёсӣ, ки хавфи аз миён бурдани давлату миллатҳоро дар пай дорад, бедор намудан ва таҳким бахшидани ҳисси худшиносиву хештаншиносии ҷавонон ба василаи ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановату ибратомўз амали саривақтӣ ва омўзанда мебошад. Худшиносии миллии мардуми тоҷик, ки дар ҳама давру замонҳо ҳамчун унсури муҳимму наҷотбахши миллати тоҷик эътироф гардидааст, имрўз дар пояи анъанаҳои суннатии мо ба таҳкиму ҳифозати бештар ниёз дорад. Агар мафҳуму мазумуни онро шартан бо формулаи мантиқиву забонӣ ва таърихиву фалсафии «Кӣ будам, кӣ ҳастам ва кӣ мешавам» ифода намоем, барҳақ, метавонем бо ҷустану дарёфти посухҳои гуногун ба ин савол дар ниҳоди ҳар як нафари ватандўст меҳру садоқат ба ин сарзамини биҳиштосоро боз ҳам бештар гардонем. Яъне худшиносии миллӣ дарку ифтихороти ҳар шахс аз он аст, ки ў ба кадом қавму миллат мансубият дорад ва хешро то кадом ҳад узви ҷудонопазири он ҳисобида, барои имрўзу ояндаи он чи нақши созгоре гузошта метавонад. Ба таври дигар, худшиносии миллӣ маънои онро дорад, ки инсон бояд таърих, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаи миллати худро хуб дониста, барои таҳкиму тавсеаи онҳо миёни дигар фарҳангу миллатҳо дар доираи талаботи имрўзу оянда ҷаҳди хастанопазир намояд.

     Рукни дигари мавҷудият ва эътирофи худшиносии миллӣ донистану қадр намудани забони поку беолоиши модарӣ – забони тоҷикӣ, мебошад. Борҳо таъкид гардидааст, ки забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми фарҳангу давлатдории миллии мо тавонистааст дар лаҳзаҳои ҳассос миллату давлатро аз вартаи фано раҳоӣ бахшад ва болотар аз ин, аз мавҷудияти онҳо ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Тоҷик будану бо забони тоҷикӣ андеша баён намудан барои ҳар фард бояд мояи қаноатмандӣ ва сарфарозиву ифтихор бошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат андешаи арзишманди худро маҳз дар қолаби «Имрўз мардуми ҷаҳон моро бо номи тоҷик, забони моро бо номи тоҷикӣ ва давлати моро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва эътироф менамоянд» иброз дошта, ба ин васила ҳушдор менамоянд, ки мо бояд аз ин ҳамвазниву баробармаъноӣ доиман ифтихор намуда, баҳри пойдориву муаррифии онҳо камари ҷасоратро сахттар бубандем. Ин ва дигар масъалаҳои ба худшиносии миллии мардуми тоҷик пайванд дар меҳвари Паёми ироашудаи Пешвои миллат қарор доштанд ва зикри чанде аз онҳоро муҳим мешуморем.
     Ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати мардум солҳои охир бо дастури бевоситаи Сарвари давлат чоп ва тақдими ройгони як зумра асарҳои мондагори донишмандони тоҷик амалӣ шуда истодааст. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки «дар ин давра 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд». Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалӣ шудани чунин иқдоми беназир аллакай самараи хуб ба бор оварда, сатҳи донишу маърифати қишри ҷавони ҷомеа хеле афзоиш ёфтааст. Мутолиаи бештари китобҳои ҳадяшуда бояд минбаъд дар ҳар як хонадони тоҷик ба амали муқаррарии ҳаррўза ва омили бартараф намудани эҳтиёҷоти маънавӣ табдил ёбад.
Тавре зикр намудем, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун ва дастовардҳои мондагоре, ки аз мавҷудият ва асолати миллати тоҷик намояндагӣ мекунанд, ҳамеша мадди назари Пешвои миллат қарор дорад ва дар ин самт ҳамасола таъкиду дастурҳои судманд пешниҳод мегардад. Дар Паём имсола низ бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо саъю талошҳои Тоҷикистон соли сипаришаванда 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин амал бори дигар тасдиқи он аст, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо мардуми моро ба расмият мешиносад, балки таъриху тамаддуни пурғановатамонро эътироф ва дастгирӣ менамояд. Пас, чаро ҷомеаи муосири тоҷик ва хосатан ҷавонони кишвар, аз арҷгузориву эътирофи чунин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон наболанд ва ифтихори арзанда надошта бошанд?    
     Нуктаи дигар муҳимме, ки барҳақ, худшиносии миллии моро неру мебахшад, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сўзанидўзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 мебошад. Пешвои миллат чунин эътирофи байналмилалиро «далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ» маънидод карда, ҳамагонро баҳри ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ даъват намуданд.
Боиси хушнудист, ки дар Паёми имсола Президенти кишвар аз қабули қатъномаи ЮНЕСКО вобаста ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ёдовар гардида, онро эътирофи адолат, озодӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ унвон доданд. Хотиррасон менамоем, ки санаи 6-уми ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) қабул карда шуд. Устувонаи мазкур, ки бо хати мехӣ ва дар ҳаҷми 45 сатр дар рўйи гили пухташуда сабт шудааст, фармони яке аз подшоҳони пештози ориёӣ Куруши II ва асосгузори сулолаи Ҳахоманишиён мебошад.
     Ба гумони мо, яке аз навгониҳои муҳим ва саривақтие, ки дар Паём аз ҷониби Президенти кишвар бо камоли ифтихормандӣ садо дода, аз ҷониби ҷомеаи кишвар ва аҳли зиё ҷонибдории гарму самимиро пайдо намуд, дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ буд. Таъсис додани чунин Марказ дар ҳамин шароите, ки таҳдиду хатарҳо ба ҳастии таъриху тамаддун ва фарҳанги миллии мо бештар гардида истодаанд, андешаи олӣ ва ибтикори беназир мебошад. Онро метавон мушти обдоре дар пешорўи баҳсу талошҳои душманони миллату давлати мо нисбат ба ҳастиву пойдории мардуми тоҷик қаламдод намуд. Роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур бори дигар собит менамояд, ки миллати сарбаланди тоҷик қисми ҷудонашавандаи тамаддуни ориёӣ буда, имрўз низ аз он ба таври шоиста ва бо камоли ҷасорату мардонагӣ ҳимоят мекунад. Ҳеҷ миллат, давлат, фарҳанг ва гурўҳҳои бегонаву иртиҷоие наметавонанд имрўз бо фишору тазйиқҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ руҳи шикастнопазир ва дар ҷўши таърих устуворгаштаи мардуми тоҷикро мағлуб намуда, асолату арзишҳои таърихии онро азони худ намояд. Мо имрўз беш аз ҳарвақта сарҷамъем ва маҳз ҳамин иттиҳоду ягонагии мо, ба қавли Пешвои миллат, аз дилхоҳ яроқи ҳастаӣ пурзўртар аст.       
     Дар идомаи иқдоми таъсис додани Маркази болозикр Пешвои миллат ҳамчунин аз бузургдошти ҷашни Наврўз, ки чанд сол қабл бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байналмилалиро касб намуд, ёдовар гардида, решаҳои зуҳури онро ба таърихи шашҳазорсола пайванд доданд. Дастур дода шуд, ки «бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврўз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврўз бунёд карда шавад». Ҷашни Наврўз, ки воқеан, тантанаи таърихсолории миллати тоҷик буда, расму суннатҳои хоссаи моро дар худ таҷассум менамояд, метавонад ҳамчун таҳкимбахши худшиносии миллии ҷавонон дар тарбияи маърифати таърихиву фарҳангии онҳо ҷойгоҳи махсус дошта бошад.
Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар замми фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти рўзмарраии мардуми тоҷик, ҳамчунин пайғоме буд, ки аз ояндаи неку дурахшони миллату давлат мужда медод. Он дурнамоест, ки бо ёдовариву ифтихорот аз таъриху тамаддуни гузашта минбаъд ба таҳкиму устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ ва ҳувияту худшиносии миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рў, амалӣ намудани нуктаҳои меҳварии он бояд сармашқи фаъолияти ҳар як фарди ватандўст қарор дошта бошанд, то тавонем зери роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба ормонҳои миллии хеш даст ёбем.   

Дўстзода Ҳ.Ҷ., д.и.ф., профессор, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]
  • [3]
  • [4]
  • [5]

Манбаъ::http://istilohot.tj/tg/content/payom-takhkimbahshi-hudshinosii-milli?page=9

Пайвандҳо
[1] http://istilohot.tj/sites/default/files/field/image/languge%20center.png [2] http://istilohot.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7 [3] http://istilohot.tj/sites/default/files/gallery/602466073_122185209626462396_6816879904357794294_n.jpg [4] http://istilohot.tj/sites/default/files/gallery/602466073_122185209626462396_6816879904357794294_n_0.jpg [5] http://istilohot.tj/sites/default/files/gallery/languge%20center.png