Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://istilohot.tj)

Асосӣ > ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2025 - 17:09
[1]
1-уми октябр, дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошт, эҳтирому арҷгузорӣ ва таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ зери унвони “Гиромидошти забони давлатӣ муҳимтарин омили бақои миллат” доир гардид.
Дар кори ҳамоиш, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини сардори Академияи ВКД – полковники милитсия – Абдулаҳадзода Абдулвоҳид, афсарон ва курсантони Академия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонону наврасони фаъол ширкат варзиданд.
Қабл аз қисмати расмии ҳамоиш, ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар идома, қисмати расмии ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад кушода эълон гардид.
Дар оғоз, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдулаҳадзода Абдулвоҳид суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз соли 2009 инҷониб баробар бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамасола санаи 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, таҳният намуд.
Сипас, роҳбари Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Хонзода Абдураҳмон Умар бо шукргузорӣ аз фазои амну суббот ва Истиқлоли комили кишвар суханронии хешро оғоз намуда, аҳли нишатро ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки рушд ва ташаккули худро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтааст, таҳният намуд.
Зимнан, Хонзода Абдураҳмон Умар оид ба марҳилаҳои ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ дар тули таърих ва ҷонисориҳои фарзандони миллати тоҷик бобати ҳифзу гиромидошти забони модарии хеш суханронӣ намуд.
Дар идома, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо арзи таманниёти хеш баҳри ҳозирин ва тамоми мардуми сарбаланди тоҷик бахшида ба ин рӯзи фараҳ суханронии хешро оғоз намуда, оид ба нақш ва мавқеи забони тоҷикӣ дар ташаккул ва шинохти миллат ҳамчун василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии миллати тоҷик ва яке аз бузургтарин арзишҳои миллӣ, ки миллатро ба ҳам меорад, ибрози назар намуд.
Зимнан, зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мавқеи конститутсионӣ дошта, пайваста тарғиб ва ҳифзи он зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақоми забони тоҷикиро, ҳамчун забони давлатӣ дар кишвар, дар сатҳи баланд инъикос намуданд.
Дар ин радиф, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ баромад намуда, бобати таҳкиму густариш бахшидани пояҳои забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин муқаддасоти давлатӣ ибрози назар намуданд.
Инчунин, иброз гардид, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгони мо – мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, ҳаким Фирдавсию Ҳофизи Шерозӣ, Хаёму Ибни Сино, Айниву Турсунзода ва садҳо нобиғагони дигари халқи тоҷик бо ин шеваи зебо сухан гуфтанду эҷод кардаанд. Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии миллати тоҷик ва риояи бечуну чарои меъёрҳои ин забони шевову раво вазифаи ҳар як тоҷики баору номус, ҳамчунин, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар охири ҳамоиш, як қатор афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизмати содиқонаву арзандаашон ва дарёфти муваффақиятҳои комил дар иҷрои рисолати бардӯшдоштаи хеш бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]
  • Конференсияҳо [3]
  • [4]
  • [5]

Манбаъ::http://istilohot.tj/tg/content/khamoishi-ilmi-nazariyavi-takhti-unvoni-giromidoshti-zaboni-davlati-mukhimtarin-omili-bakoi?mini=2025-03

Пайвандҳо
[1] http://istilohot.tj/sites/default/files/field/image/557591050_122175449480462396_6505859025961535886_n.jpg [2] http://istilohot.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7 [3] http://istilohot.tj/tg/category/%D0%BA%D0%BE%D0%BD%D1%84%D0%B5%D1%80%D0%B5%D0%BD%D1%81%D0%B8%D1%8F%D2%B3%D0%BE [4] http://istilohot.tj/sites/default/files/gallery/557540381_122175449408462396_3435270437074874396_n.jpg [5] http://istilohot.tj/sites/default/files/gallery/557591050_122175449480462396_6505859025961535886_n.jpg