ЭЪЛОНИ ОЗМУН
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҷойҳои холии мавҷуда бо мутахассисони мавриди ниёз, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос тибқи талаботи Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, озмуни мансабҳои холии зерини маъмурии хизматӣ давлатиро эълон менамояд.
1. Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1914 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифгузорӣ.
2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1700 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси бахши умумӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифгузорӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- хислатнома аз ҷойи кори қаблӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (объективка);
- парванда (лифофа – 1 адад).
Озмун аз се марҳила иборат аст:
- марҳилаи якум – омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон;
- марҳилаи дуюм – гирифтанӣ кори хаттӣ;
- марҳилаи сеюм – саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб.
Шахсоне, ки аз марҳилаҳои якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии Кумита дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 (бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ошёнаи сеюм), индекс: 734013, телефон/факс: 227-59-38, 227-59-28, 227-78-29 почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj [2], сомона: www. kumitaizabon.tj
Саволҳо
барои озмуни кушоди мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул карда шудааст?Қонуни мазкур 5 марти соли 2007 қабул шудааст аз 5 боб ва 45 модда иборат мебошад.
2. Хизмати давлатӣ чист?.
Фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
3. Хизматчии давлатӣ кист?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.
4. Категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ?
Мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба ҳаҷм, хусусият ва доираи уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд.
5. Одоби хизматчии давлатӣ чист?
Одоби хизматчии давлатӣ ин маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад.
6. Аттестатсия чист?
Аттестатсия ин тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ.
7. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ чист?
1.Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
-садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
-ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2.Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
8. Савганди хизматчии давлатӣ чист?
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
9. Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ чист?
1. Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад:
-дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
-иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва ӯҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;
-муайян намудани доираи ӯҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд;
-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;
-ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;
-бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, аз ҷумла делои шахсӣ бемамоният шинос шавад;
-дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ, баланд равад;
-дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд ва бо натиҷааш шинос шавад;
-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;
-тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;
-оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод намояд.
2.Ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян карда мешаванд.
10. Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ чист?.
1. Хизматчии давлатӣ ӯҳдадор аст:
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
-муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
-интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
-меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд;
-ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
11. Моддаи 29. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ
1.Бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ вогузошта шавад.
2.Ҳаҷми пардохти иловапулиро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
12. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ чист?
1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳ қатъи;
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан..
2. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.
13. Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлатӣ
1. Ба хизматчии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
2.Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:
- 35 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;
- 30 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;
- 28 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум;
3.Дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи хизмати давлатӣ, ба мӯҳлати рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 6, 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.
4.Рухсатии ҳарсола ва рухсатии иловагӣ ҷамъ карда мешавад ва бо хоҳиши хизматчии давлатӣ мумкин аст, ки қисм-қисм дода шавад. Давомнокии як қисми рухсатии асосӣ набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад.
5.Хизматчии давлатӣ дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
14. Истилоҳи Конститутсияро шарҳ диҳед.
Конститутcия – аз калимаи лотинӣ - «constitutio» гирифта шуда, маънояш муқаррарот, сохтор мебошад.
15. Принсипҳои асосии сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
16. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом роҳ тағйиру иловаҳо дароварда мешавад?
Раъйпурсии умумихалқӣ.
17. Дар Тоҷикистон субъекти конститутсионие, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад, муқаррар намоед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
адом ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад?.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. 33 нафар, аз 4 як ҳисаашро.
18. Шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чанд нафар аст?
25 нафар.
19. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом мақомот иборат мебошад?
Иҷроия ва намояндагӣ.
20. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва кай? Се маротиба. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
21. Кӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад?
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст.
22. Мафҳуми давлат чист?
Давлат- ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст.
23. Навъҳои таърихии давлат
Ғуломдорӣ; феодалӣ; буржуазӣ; сотсиалистӣ.
24. Шаклҳои идоракунии давлат
Монархия; ҷумҳурӣ.
25. Шаклҳои сохти давлатӣ
Унитарӣ (ягона); федеративӣ (иттифоқӣ).
26. Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд
- волоияти қонунбартарияти ҳуқуқ;
- арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он;
- таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- масъулияти тарафайни шахс ва давлат; волоияти адолати судӣ.
- назорати судии конститутсионӣ.
27. Санадҳои қонунгузориро номбар кунед
Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд; қонунҳои
Санадҳои меъёрии ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28. Кӣ ҳуқуқи ба Конститутсия пешниҳод намудани тағйиру иловаҳоро дорад?
Президент; ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.
29. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст?
15 майи соли 2016.
30. Чораҳои ҷазои интизомиро номбар кунед
а) Сарзаниш; танбеҳ, танбеҳи қатъӣ аз вазифа озод кардан.
31. Ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.
32. Ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
33. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?
Шаҳрвандон аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро доранд.
34. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекундад?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд:
1) ҳизби халқии демократӣ: 2) ҳизби коммунистӣ: 3) ҳизби демократӣ: 4) ҳизби сотсиалистӣ: 5) ҳизби сотсиал-демократӣ: 6) ҳизбӣ аграрӣ: 7) ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.
35. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад?
Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи амалӣ мегардонад.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
37. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст? Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
38. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
Ҳар як шаҳранди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
39. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд?
Ҳар як шаҳранди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад.
40. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва инчунин вакили Маҷлиси намояндагон наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
41. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» ва «Дар бораи авф» танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
42. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
43. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи борат мебошад. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ буда, ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи амалӣ мегардонад.
44. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд?
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
45. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд.
46. Ки ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
Раъйпурсиро Президент ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
47. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
48. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
49. Кодекси одоби хизматчии давлатӣ. Кодекси одоби хизматчии давлати ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ – ҳуқуқии фаъолияти касбии кормандони мақомоти давлатӣ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
Меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби касбии хизматчиёни давлатиро танзим ва мустаҳкам намояд;
Қонунвайронкунӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлубро дар фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ пешгирӣ кунад;
Ба самарабахшии хизмати давлатӣ мусоидат намояд;
Боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баланд бардорад;
Фаъолияти ғайрихизматии хизматчиёни давлатиро танзим намояд;
Масъулияти хизматчиёни давлатиро дар фаъолияти касбиашон зиёд намояд.
Одоби муоширати корӣ ва масъулияти маънавии хизматчии давлатӣ
Одоби муоширати корӣ – қисми таркибии фарҳанги маънавии инсон ва ҷомеа буда, он аз маҷмуӣ қоидаҳои муносибати байни одамон таркиб меёбад ва раванди муоширати кории онҳоро ба танзим медарорад.
50. Вазифаҳои кодекси одоби хизматчии давлатӣ инҳоянд:Баёни саҳеҳи арзишҳо, нақш ва вазифаҳо, ҳуқуқ ва масъулиятҳоро пешниҳод менамояд;
1. Одоби рафтори хизматчиёни давлатиро шарҳ медиҳад;
2. Ба сифати дастурамал барои ташаккули одоби рафтор амал менамояд;
3. Як қатор меъёрҳои пайдарҳами одоби рафторро пешниҳод менамояд;
4. Тартибот ва муҷозотро дар ҳолатҳои бадрафторӣ шарҳ медиҳад;
5. Духӯрагиро кам ва номуайяниро паст месозад;
6. Ба боварии аҳли ҷомеа ва сатҳи боварӣ мусоидат намуда, имиджи зоҳириро қавӣ месозад;
7. Эҳсоси эҳтироми шахсии худро дар миёни кормандон ба миён меоварад;
8. Бори дигар арзиши хизмати давлатиро тасдиқ менамояд.
51. Эъломияи Умумии ҳуқуқи башар кай қабул карда шудааст?
Эъломияи Умумии ҳуқуқи башар 10 декабри соли 1948 қабул карда шудааст.
Ёдошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форси ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот кай қабул шудааст?
Ёдошти мазкур дар шаҳри Душанбе 10-уми сентябри соли 2014 солшумории мелодӣ мутобиқ ба 19-уми шаҳривари соли 1393 солшумории ҳиҷрӣ шамсӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англсӣ дар ду нусхаи асл ба имзо расида, қабул гардидааст.
53. Нашъӯнамои давлати Сомониён ба аҳди кадом амир рост меояд?
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914-943).
54. Исмоили Сомонӣ кадом солҳо волии вилояти Бухоро буд?
Солҳои 874-992.
55. Ташаккули халқи тоҷик кай ва дар давраи кадом сулола анҷом ёфт?
Асрҳои IX-X, Сомониён.
.56. Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед?.
1. Шириншоҳ Шоҳтемур, 2. Нустартулло Мақсум, 3. Бобоҷон Ғафуров, 4. Эмомалӣ Раҳмон, 5. Садриддин Айнӣ, 6. Мирзо Турсунзода.
57. Тоҷикистон кай давлати соҳибистиқлол эълон гардид?
9 сентябри соли 1991.
58. Иҷлосияи (сессияи) таърихии XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва дар куҷо доир гардид?
26 ноябр-2 декабри соли 1992 дар Хуҷанд.
59 . «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Э. Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи оппозисиони тоҷик – С. А. Нурӣ кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?
27 июни соли 1997, дар Маскав.
60. Қонун чист?
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
61. Дастур чист?
Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
62 Низомнома чист?
Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
63. Оиннома чист?
Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
64. Моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?.
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модарияшон озодона истифода баранд.
65. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?.
Қонуни мазкур аз 5-уми октябри соли 2009, №553 қабул шуда, аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад.
66. Қонунҳои миллии Тоҷикистонро номбар кунед?.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», 8 июни соли 2007, №272 қабул шуда, аз 5 боб ва 16 модда ва ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД» аз 2 августи соли 2011 №762 қабул шуда, аз 6 боб ва 17 модда иборат мебошад.
67. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад аст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Хитой, Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.
68. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат» кай қабул шудааст?.
Қонуни мазкур аз 25-уми декабри соли 2015, №1259 қабул шуд. Бинобар тағйиру иловаҳо ворид гардидан дар Конститутсияи ҶТ., 14-уми ноябри соли 2016, №1356 аз нав ҳамчун қонуни конститутсионӣ қабул шудааст, ки аз 19 модда иборат мебошад.
69. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар таҳрири нав кай ба имзо расид?.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021, №268 қабул шудааст.
70. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 кай қабул шудааст?
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми ноябри соли 2020, №647 қабул шудааст.
71. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?
Қонуни мазкур аз 26-уми марти соли 2009, №489 қабул шуда, аз 8 боб ва 36 модда иборат мебошад.
72. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?.
Қонуни мазкур аз 16-уми ноябри соли 1999, №845 қабул шуда, аз 9 фасл ва 30 модда иборат мебошад.
73. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» кай қабул шуд, аз чандб боб ва мода иборат мебошад?.
Қонуни мазкур аз 23-юми декабри соли 2021, №1808 қабул шуда, аз 12 боб ва 46 модда иборат мебошад.
74. Мафҳуми терроризм
Терроризм - яьне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии, амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояаи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад.
75. Мафҳуми амалӣ террористӣ
Амалӣ террористӣ - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, заҳрнок сахттаъсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обьектҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.
76. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод намоед.
Ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-ва экстремизм ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 3071, 3072, 3073, 3074, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1139)
77. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 кай қабулшудааст.
Стратегияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №187 қабул шудааст.
78. Мафҳуми “давлатӣ иҷтимоӣ”-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр диҳед.
Қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти иҷтимоии давлатро муқаррар кардааст. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Таҳлили ин модда чунин уҳдадориҳои конститутсионии давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ бармеоянд: ҳифзи меҳнат ва саломатии одамон, муқаррар кардани андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, дастгирии давлатии оили, маъюбон ва шахсони пиронсол, мунтазам инкишоф додани низоми хадамоти иҷтимоӣ, муқаррар намудани нафақаи давлатӣ, кумакпулиҳо ва дигар кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ.
Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.
79. Мафҳуми “давлатӣ ягона”-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр диҳед.
Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона (унитарӣ) мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судӣ барои тамоми кишвар умумӣ дорад, дар он як конститутсияи, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд.
Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона – муттамарказ ва ғайри муттамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати муттамаркази ягонааст, зеро сарварони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешавад. Дигар хкусусияти давлати ягона ҳамин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ягона дорад ва онҳо аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешаванд.
Категория:
- Вазифаи холӣ [3]
- Ахбори рӯз [4]