Адрес – нишонӣ – суроға
Суроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ ( سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст.
Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо«суроғ» ( سراغ) чунин маънӣ шудааст: «суроғ- нишони пойи одамӣ ва ғайра; нишони пой ва бо лафзи талаб кардан ва ҷ устан ва кардан ва гирифтан ва бардоштан ва додан мустаъмал аст (Онандроҷ, Ғиёс ул-луғот). Дар туркӣ сӯроғ ( سوراغ) ба маънии тафаҳҳус ва тафтиш бошад; нишон ва асар ва хабар; маҷозан ба маънии талош ва ин лафз туркӣ аст (Ғиёс ул-луғот)».
Деҳхудо аз ин таркибҳои феълӣ бо вожаи суроғ низ ёд мекунад: суроғ додан- нишон додан; суроғ доштан — огоҳӣ доштан; суроғ кардан — нишон ёфтан, огоҳӣ ёфтан; суроғ гирифтан — хабар пурсидан, бохабар шудан (Деҳхудо. Луғатнома. Теҳрон, 1998; ҳамчунин муроҷиа шавад ба Фарҳанги забони тоҷикӣ, Москва, 1969; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Душанбе, 2006; Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Душанбе, 2011.)
Даромад
Харита
Тамос






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


