Навигарӣ
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ташкилоту муассисаҳои он
Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҶДММ «Литсейи хусусии Ворисони Сино» ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода аз 18-ум то 21-уми майи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар
Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.
Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.
Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.
Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.
Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.
Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.
Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Гузориш аз иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дави миллӣ
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми марти соли 2007, №225 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» ва иҷрои супориши барқияи ҳукуматӣ аз 6-уми майи соли 2021, №24/10-16 кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар дави миллӣ санаи 16-уми майи соли 2021, соати 800 дар мавзеи дидбонгоҳи Чорбоғи, воқеъ дар самти шоҳроҳи Варзоб – Душанбе ҳозир шуда, дар дави миллӣ ширкат доштанд.
ЗАБОН ВА ҶОМЕА
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.
Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд.
Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Дар ояти шастуми сураи «Тавба»–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.
Ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пажуҳиш” дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон “Пажуҳиш” баргузор гардид. Дар он 14 нафар аъзои ҳизб ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур Вализода Муҳаммад иштирок карданд.
Дар кори маҷлис ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пажуҳиш” дар соли 2021 шунида шуд. Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур Вализода Муҳаммад суханронӣ карда, ҳисоботи семоҳаро қаноатбахш шуморид.
Дар маҷлис ба масъалаи фаъолиятҳои ҳизбиён дар ростои ватанпарастию ватанхоҳӣ ва хештаншиносию ифтихор аз он суханрониҳо сурат гирифта, итминон карда шуд, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба суйи арзишмантарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Дар охир ба як нафар корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Маҳмадёр билети ҳизбӣ супорида шуд.Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда
Имрӯз 16-уми апрели соли 2021, соати 1300 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Мансурӣ Ш. гузориш дод.
Баъдан, он аз ҷониби узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, маҷлис ба ин қарор омад, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2021 қаноатбахш ҳисобида шавад.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.Баргузории машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Амалӣ намудани методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолиятӣ (хавфҳои коррупсионӣ)»
Маълумотнома оид ба баргузории вохӯрии машваратӣ бо кормандони Кумита
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратӣ доир ба мавзӯъҳои амалӣ намудани методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода, муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода, ҳайати кормандони Кумита ва муовини сардори Раёсати таҳлили ҳифзи коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманнонзода Абдулмумин иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода оид ба амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, маҳфум ва моҳияти он ба иштирокдорон маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.«Забони миллат — ҳастии миллат»
Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат» аз чоп баромад. Он аз сарсухан, 7 боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, дар «Нашриёти муосир» бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул ва барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол бо чорабиниҳои илмию оммавӣ таҷлил менамоем. Воқеан, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Муаллиф ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам.».