Навигарӣ

  • ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2025 - 19:00

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

    Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

    Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд.

    Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.

    Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадони Сомониён, сиёсатмадорони ватандӯсту донишманд ва аҳли илму адаби он давра забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд.

    Сомониён бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илм ва фарҳангу адабиёт рушди забони тоҷикиро таъмин карданд.

    Ба ибораи дигар, забони адабии тоҷикӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва асоси тамоми меъёрҳои он гузошта шуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (8 овоз)
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2025 - 15:55

    Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
    Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
    Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд».

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (5 овоз)
  • Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:15
    3 октябр, соати 10:00 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.
    Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор шуда, дар он забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа вобаста ба нақши забони давлатӣ мубодилаи афкор мекунанд.
    Дар конференсия мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ», «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ» ва «Аҳамияти забон дар ташаккули ҷомеа» ва дигар мавзуъҳо муҳокима карда мешаванд.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ муайян гардида, мавқеи он тибқи қонунгузорӣ ҳамчун забони далатӣ муқаррар карда шудааст. Забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад.
    Аз ин рӯ, мардуми бонангу номуси тоҷик ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон намудаанд, ки мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсия ҷойгир карда шуда, чунин меъёр пешбинӣ шудааст:
    «Забони давлатии Тољикистон забони тољикї аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
    Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
    Забони тољикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
    ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
    2- юми октябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” – и Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Забон – оиннаи миллат, омӯзгор - чароғи маърифат” бо иштироки Амирбекзода Сино – директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Раҷабов Абдулло – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Баротзода Файзиддин Камолиддин – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоёров Фирдавс Ниёзович – дотсенти кафедраи муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷобиров Абдулқодир Билолович – н.и.филологии кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур баргузор гардид.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони тоҷикӣ - забони сарнавиштсоз

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Октябр, 2025 - 17:12
    (дар ҳошияи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
    Замони беҳтарини рушду шукуфоии забони тоҷикӣ дар садсолаҳои ахири мавҷудияти он давраи Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Ин аст, ки Истиқлол барои мо неъмати бебаҳоест, ки барои инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуктаи муҳимро Ҷаноби оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин баён карданд: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндарӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии хеш баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмию адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳиби намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд. (3, №37(1538).
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2025 - 17:09
    1-уми октябр, дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошт, эҳтирому арҷгузорӣ ва таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ зери унвони “Гиромидошти забони давлатӣ муҳимтарин омили бақои миллат” доир гардид.
    Дар кори ҳамоиш, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини сардори Академияи ВКД – полковники милитсия – Абдулаҳадзода Абдулвоҳид, афсарон ва курсантони Академия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонону наврасони фаъол ширкат варзиданд.
    Қабл аз қисмати расмии ҳамоиш, ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2025 - 17:08
    Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
    Тибқи нақшаи чорабинӣ, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ, маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ дар назар аст.
    Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр навиштаҷоте, ки бузургию шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб карда мешаванд.
    Ҳамзамон тамоми муассисаю ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.
    Забони тоҷикӣ давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои пойдорӣ ва рушди устувори он пайваста тадбир меандешад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2025 - 17:05
    30 сентябри соли 2025 дар толори Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ баргузор гардид.
    Дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
    Дар маҳфил Абдуллозода Умеда муовини Раиси ҲХДТ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, шоирони халқии Тоҷикистон Назри Яздон ва Хайриддин Хайрандеш иштирок ва суханронӣ карданд.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Сентябр, 2025 - 14:13
    Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло

    Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло

    1. Сол ва ҷойи таваллуд 1964, вил. Хатлон, н. Қубодиён 
    2. Миллат тоҷик 
    3. Таҳсилот олӣ 
    4. Ҷинс мард

    а) Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст ва кай: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989, шуъбаи рӯзона.
    б) Кадом ихтисосро гирифтааст: Филолог. Муаллими забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷик

    Касб, вазифа, ҷои кор, хизмат: Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 
    (номи дақиқи шуъба, воҳиди дигари корхона, муассиса, ташкилот, вазорат, кумитаи давлатӣ ва идора зикр карда мешавад) 
     
    Унвони илмӣ ва таърихи додани он:
    номзади илми филология (1996), доктори илми филология (2015), дотсент (2011), профессор (2016), узви вобастаи АМИТ (2017), ихтисос: забоншиносӣ. 

    Собиқаи умумии кор 35 сол
    Собиқаи кор аз рӯи ихтисос 33 сол 

    Бо кадом мукофотҳои давлатии СССР, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст: Медали хизмати шоиста (2022) 
    (орденҳо, медалҳо, ифтихорнома , унвони фахрӣ ва ғайра)

    Мукофотҳои соҳавӣ:
    Мушовири давлатии дараҷаи 2 (2021), Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон аз соли 1996 мебошад. Бо ифтихорномаҳои чандкаратаи АМИТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мушарраф гардидааст.

    Кор аз оғози фаъолияти меҳнатӣ:

    Вазифа ва номи пурраи ҷойи кор

    Сабаби аз кор рафтан

    Ба кор дохил шудан

    Аз кор хориҷ шудан

    1989

    1991

    Лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    1991

    1994

    Аспиранти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таҳсилот

    1994

    1998

    Ходими хурди илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    1998

    2003

    Ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    2003

    2005

    Муҳаррири маҷаллаи «Бойчечак»

    таъин

    2005

    2007

    Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

    таъин

    2008

    2010

    Мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

    таъин

    2010

    2012

    Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

    таъин

    2012

    2013

    Рухсатии эҷодӣ

    таъин

    2013

    2015

    Мудири кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

    таъин

    2015

    2017

    Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    2017

    2019

    Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    2019

    2020

    Профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ

    таъин

    2020

    2025

    Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

    2025

    То ҳол

    Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    таъин

     

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Pages