Навигарӣ
ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026
Ба фарзандатон аз «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ном мегузоред?
Оё бо ҳамаи бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мувофиқ ҳастед?
Шумо аз қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ истифода мебаред?
Муаррифии нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Қаҳвахонаи "Mazza"
Акс:
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи онлайни "Кишвари бехато" ва назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хулоса омад, ки номгузории қаҳвахона таҳти унвони "Mazza" ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқат намекунад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти қаҳвахонаи мазкурро огоҳ менамояд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин номгузории қаҳвахонаро ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқ намояд.
Дар ҳолати иҷро нашудани огоҳиномаи онлайн, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
ТоҷикӣБарои ВАО: Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)
Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)
Лоиҳаи онлайни «Кишвари бехато»
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №56 АЗ 29.01.2018
Дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ДушанбеБо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ намудани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимитяи давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳайати Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
2. Низомномаи Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
3. Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо дарназардошти Низомномаи замимагардида ба роҳ монда, самаранокии онро таъмин намояд.
4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниход карда шавад.
6. Назорати иҷрои мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ САМТҲОИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.
Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.
Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Даромад
Харита
Тамос



























Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


