(АМОҶТ с. 2007, №5, мод. 362; с. 2009, №9-10. мод. 551; с.2011, №3, м.162; №6, м.451;с.2016,№11, мод.892)
Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Боби 1
Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)
Моддаи 2. Тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 3. Тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.
Моддаи 4. Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон