Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Ҳамватанони азиз!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.