Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.
Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад.
Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.
Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд.
Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд.
Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид.
Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд.
Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.