Табрикоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба ифтихори 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2025 - 08:00

     Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии халқи тоҷик мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. 
     Бартарӣ ва хусусияти хоси Конститутсия аз он иборат аст, ки ин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардида, шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро муқаррар намуд. Ин шакл имконият дод низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардида, ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат карда шавад.
     Бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 
Дар заминаи Конститутсия забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим менамояд. Инчунин мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
     Ба муносибати ин санаи фархунда, яъне 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳамватанон, ҳамкорон ва дӯстдорони Ватанро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода осоишу саломатӣ, ризқи фаровон, бахту иқбол, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: