Танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон сарчашма мегирад, амалӣ мешавад. Он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни баргузории конфронс дар мавзӯи «Ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баён дошт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон, таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои мамлакатро баррасӣ намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳадафи баргузории конфронси имрӯза- ин дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи номи шаҳрвандон мебошад.
Мутобиқи моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахс илова намудани тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охун» ва тахаллусҳои ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад.
«Вожаҳое, ки ифодакунандаи ранг, меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгор ҳайвонот, ба истиснои «Шер», ки дар номгузории тоҷикон ифодакунандаи далерию мардонагӣ аст ва ба ин монанд номҳо ғалат буда, аз Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ баргирифта шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном бояд дар шакли пурра ва дуруст навишта шавад»,-афзуд Сарвбону Фарҳодова.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёгари арзишҳои маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
http://khovar.tj/2018/06/dar-kumitai-zabon-va-istilo-ot-fe-risti-nom-oi-millii-to-ik-va-masalai-nomguzor-matra-gardid/
Даромад
Харита
Тамос























Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


