БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.
Дар он муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷумаи Кумитаи забон ва истилоҳот Ҳамрохон Дӯстзода, муовини директори марказ, намояндагони Мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти Кумита доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ карданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин, таъкид гардид, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.