Табрикоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон
Ҳамкасбони азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.